Хабарҳо
АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД
Тадқиқоти гурӯҳи олимони Пажӯҳишгоҳи сироятшиносии молекулии донишгоҳи Улм натиҷаи шигифтовар доданд: афшураи анор бинобар таъсири сахти зиддивирусӣ доштан то 80 дарсади ангезаи COVID-19-ро нест мекардааст.
Тоҷикистони мо ватани меваҳои шаҳдбори офтобист, аз ҷумла анор, фаровон аст. Зимнан, имсол он ҳосили фаровон дод. Аз ин рӯ, кашфиёти коршиносони олмонӣ – анор метавонад дар мубориза бо вируси нав ва табобати мубталоён аз муассиртарин восита гардад.
Ин хусусияти онро чӣ тавр ошкор намуданд? Олимон дар ҷараёни таҳқиқот шираи меваҳоро бо вирусҳо омехта, оқибаташро ба мушоҳида гирифтанд. Дар муддати кӯтоҳ шираи анор 80 дарсади заррачаҳои SARS-CoV-2-ро кушт.
Аммо натиҷаи беҳтаринро ғубайрои сиёҳ нишон дод. Шарбати он ҳамагӣ дар панҷ дақиқа то 97 дарсади коронавирусро нест намуд. Дигар афшураҳои табиӣ, инчунин, чойи сабз ҳам, боиси заъфи ҷиддии вируси нав мегарданд. Коршиносон маслиҳат медиҳанд, ки барои нест кардани ангезаҳо рӯзе якчанд маротиба бо ин афшураҳо ва чой даҳонро бояд чайқонд.
Ба ин васила ба роҳҳои поёнии нафаскашӣ паҳн шудани COVID - 19 ё нафари дигарро сироят кардан пешгирӣ мешавад, натиҷаи таҳқиқотро хулоса намудааст маҷаллаи bioRxiv.
Хуршеди ҶОВИД, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 297