logo

Хабарҳо

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатӣ, ки таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода, Раиси Маҷлиси намояндагон, бо иштироки роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдор баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022 – 2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид намуд, ки дар таҳияи Буҷети давлатӣ, пеш аз ҳама, афзалиятҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дастуру супоришҳо ҳангоми вохӯриҳо бармеоянд, ба инобат гирифта шудааст.
- Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2021 дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, пешбинӣ шудааст, - афзуд ӯ.
Ҳамасола Буҷети давлатӣ дар доираи нишондиҳандаҳо, ҳадаф ва афзалиятҳои асосӣ, стратегия, барномаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди воқеии иқтисодиёти миллӣ ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 амалӣ мегардад. Нишондиҳандаҳои лоиҳаи Буҷети давлатӣ бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкили ҷойҳои нави корӣ асоснок гардидааст.
Зикр гашт, ки дар раванди таҳияи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи афзоиши воқеӣ ба андозаи 7,6 дарсад ба маблағи 92,6 миллиард сомонӣ, индекси дефлятори ММД 3,1 дарсад ва меъёри таваррум 6,9 дарсад муайян шудааст.
Ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ба маблағи 27 миллиарду 645,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ба 29,8 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар аст. Даромади буҷет нисбат ба соли 2020 ба андозаи 6,1 дарсад ё 1 миллиарду 591,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 28 миллиарду 109 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бино ба гуфтаи вазири молия, ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2022 ба маблағи 31 миллиарду 499,7 миллион сомонӣ ва дар соли 2023 бошад, 32 миллиарду 825,5 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои солҳои 2022 – 2023 нишондиҳандаҳои назоратӣ буда, дар доираи онҳо бояд мақомоти идоракунии давлатӣ, барномаҳои амалкунандаи соҳавӣ ва барномаҳои нави пешниҳодшударо тарҳрезӣ намоянд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022 – 2023 баррасӣ шуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Лашкар ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 275
15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

05.01.2021


ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

WORLD JUDO MASTERS

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

04.01.2021


ХОВАЛИНГ БА ҶАШНИ 30 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ОМОДА МЕШАВАД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед