logo

Хабарҳо

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

Пахтакорони ҷумҳурӣ муждаи зафар медиҳанд. То 21 ноябр беш аз 97 дарсади дурнамои солонаи истеҳсол иҷро гардида, кишоварзон 409 ҳазору 439 тонна «зари сафед» ҷамъ оварданд. Новобаста аз вазъи номусоиди ҳаво, дар саросари кишвар мусобиқаи меҳнатӣ авҷ гирифта, чинакчиён барои ҷамъоварии ҳосили боқимонда кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Имсол пахтакорон дар 185 ҳазору 298 гектар пунбадона кишт карда, 420 ҳазору 900 тонна ҳосил гирифтанианд. Дар пахтазор беш аз 37 ҳазор чинакчӣ машғули ҷамъоварии ҳосил аст.
Ин мавсим низ кишоварзони хатлонӣ пешсафи маъракаи ғунучини ҳосиланду аз 278 ҳазору 200 тонна пахтаи дурнамо, аллакай 277 ҳазору 561 тоннаашро ҷамъоварӣ намуданд, ки қариб 100 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Пахтакорони шаҳру ноҳияҳои Данғара, Носири Хусрав, Шаҳритус, Левакант, Панҷ, Ҷайҳун, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Хуросон, Кӯшониён, Қубодиён, Ёвон, Бохтар, Дӯстӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯлоб ва Восеъ нақшаро пурра иҷро кардаанд. Натиҷаҳои баланди меҳнатии заркорони ноҳияи Данғара, ки нақшаро беш аз 117 дарсад таъмин намуданд, шоёни таҳсин аст. Интизор меравад, ки ояндаи наздик ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш ва Фархор аз иҷрои дурнамо хабар диҳанд.
- Аз ҳосили ҷамъовардашуда наздики 270 тоннаашро ба корхонаҳои коркард супурдем. Дар оғози мавсим бо сабаби паст будани арзиши пахта дар биржаи ҷаҳонӣ, ки хароҷотро намепӯшонад, хоҷагидорон маҳсулотро дар саҳрою хона нигоҳ доштанд. Ҳоло, ки нарх ба 6 – 6,2 сомонӣ расидааст, деҳқонон низ маҳсулотро ба ихтиёри корхонаҳо гузошта истодаанд. Бояд гӯям, ки бо супориши раиси вилоят ҷиҳати ҷамъоварии беталафи ҳосил ва гузарондани кишти тирамоҳии барвақтии зироатҳо, аз ҷумла шудгор намудани заминҳои пахтае, ки ҳосилнокиашон кам аст, комиссияи салоҳиятдор созмон ёфтааст. Хушбахтона, барфу борони ахир ба пахтазори вилоят таъсири ҷиддӣ нарасонд ва ният дорем, ки то якуми декабр маъракаи ҷамъовариро идома дода, нақшаро пурра иҷро намоем, - гуфт  сардори раёсати иқтисоди сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Ҳамро Раҳимов.
Пахтакорони вилояти Суғд 125 ҳазору 884 тонна (аз 129 ҳазору 500 тоннаи дурнамо) ҳосил ҷамъ оварда, ба иҷрои дурнамо наздик мешаванд. Заркорони ноҳияҳои Мастчоҳ, Конибодом, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров аз иҷрои нақша баромада, пахтакорони зафарободию аштӣ низ ба иҷрои дурнамо наздик шуда истодаанд.
Шаҳрҳои Ваҳдату Турсунзода ва ноҳияи Рӯдакӣ бошанд, нақшаи ҷамъоварии пахтаро мутаносибан беш аз 118 ва 101 дарсад иҷро карданд. Дур нест, ки шаҳру ноҳияҳои Ҳисору Шаҳринав ҳам пайғоми пирӯзӣ диҳанд.  

Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1059
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед