Хабарҳо
НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД
Коррупсия ё худ ришваситонӣ яке аз амалҳои номатлубест, ки ба пешрафту тараққиёти кишвар монеа эҷод намуда, обрӯи давлатро дар арсаи байналмилалӣ коҳиш медиҳад. Дар соҳае, ки ришваситонӣ ҷой дошта бошад, дар он ҷо кормандонаш дар бораи пешрафт ва сифати кор фикр намекунанд. Танҳо дар фикри онанд, ки имрӯз чӣ гуна ва бо кадом роҳ пули муфт ба даст оранд.
Ин нуктаро нозири калони раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Абдукарим Маҷидӣ зимни семинар - вохӯрӣ дар мавзӯи «Методологияи тартиб ва методикаи гузарондани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ва муҳтавои Стратегияи миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2020», ки дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор гардид, иброз намуд. Дар чорабинӣ муовинон, кормандони дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат доштанд.
Муовини якуми раиси ноҳия Шодимурод Аловиддинзода зикр намуд, ки мақсади семинар – вохӯрӣ ба роҳ мондани роҳу усулҳои ҳамкорӣ ва робита бо шаҳрвандон ҳангоми муқовимат бо коррупсия мебошад. – Зеро ҷиноятҳои коррупсионӣ фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор намуда, ба раванди иҷтимоию иқтисодӣ, ахлоқу афкор ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд.
Зикр гардид, ки усулҳои мубориза баҳри коҳиш додани шиддати амалҳои коррупсионӣ гуногунанд, лек роҳи муассир - ин муборизаи пайваста, муназзам, ҳадафманд ва маҷмӯист, ки марҳила ба марҳила амалӣ мегардад. Ҷавҳари аслии ин шеваи мубориза бо коррупсияро тағйири мафкура ташкил медиҳад, ки он тамоми раванди ташаккули як инсони боирода, соҳибмаърифат ва адолатпарварро дар бар мегирад.
Котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ Саидумар Маҷидзода гуфт, ки мубориза бо коррупсия фаъолияти дастаҷамъист ва ҳамоҳангии имконияту талошҳои ҳамаи мақомоти масъули давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахши хусусӣ ва, дар маҷмӯъ, ҳамаи қишрҳои ҷамъиятро тақозо дорад. Аз ин рӯ, агар мо рушди давлат, саодати мардум ва таъмини зиндагии пуршарафи ҳар фарди кишварро хоҳем, бояд бо коррупсия дар ҳамоҳангӣ бо ҳама мақомоти масъули давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мубориза барем.
М. БАҲРОМ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 290