Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР Новости. Муовини вазири корҳои хориҷии Россия Андрей Руденко изҳор дошт, ки Москва ва Минск ба таҳримоти Иттиҳоди Аврупо алайҳи Беларус ҷавоби муштарак хоҳанд дод.
Associated Press. Маҳдудияти дар соҳаи саноат бинобар пандемияи коронавируси COVID-19 роҳандозишуда ба камшавии моддаҳои ифлоскунанда дар атмосфераи Замин таъсири назаррас нарасонд, - хабар медиҳад Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносии СММ.
INTERFAX.RU. Вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ Файсал бини Фарҳан оли Сауд ахбори ВАО дар бораи гӯё қаблан дар шоҳигарӣ баргузор гаштани мулоқоти махфии шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад бини Салмон, Сарвазири Исроил Бинёмин Натаняҳу ва котиби давлатии ИМА Майк Помпеоро рад намуд.
Financial Times. Ҳукумати Олмон лоиҳаи қонунро дар бораи роҳандозии квотаҳои ҳатмӣ барои занон дар роҳбарӣ ба ширкатҳо мувофиқа кард.
АИР Новости. Прокуратураи вилояти Гроднои Беларус парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба яке аз сокини маҳаллиро барои таҳқирсозии Президенти кишвар Александр Лукашенко дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Viber, ба суд ирсол намуд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 234