Хабарҳо
ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ
Яке аз футболбозони машҳур, чемпиони ҷаҳони соли 1986 Диего Марадона дар 60-солагӣ даргузашт. Бино ба гуфтаи вакилаш, Марадона 25 ноябр бар асари сактаи дил вафот кардааст. Зимнан, бояд зикр кард, ки вай чанд ҳафта пеш амалиёти ҷарроҳиро паси сар карда буд.
Бар пояи овоздиҳӣ дар сомонаи Федератсияи байналмилалии футбол, беҳтарин футболбози қарни бист эътироф шудааст. Аз соли 2008 то 2010 мураббии тими мунтахаби Аргентина буд.
Дар робита ба марги Диего Марадона шоҳи футбол Пеле чунин гуфтааст: «Гум кардани дӯстон ҳамеша ғамангез аст. Рӯзе мо боз дар осмон футбол бозӣ хоҳем кард».
Леонел Месси: «Рӯзи хеле ғамангез барои тамоми Аргентина ва барои футбол. Ӯ моро танҳо гузошт, аммо тарк накард, зеро Диего абадист. Ман тамоми лаҳзаҳои аҷиби бо ӯ гузарондаамро дар хотирам нигоҳ медорам ва ба оилаи Диего ва дӯстонаш изҳори таслият мекунам. Равонат шод бод, шоҳи шоҳаншоҳ».
Криштиану Роналду: «Имрӯз бо дӯстам видоъ мекунам, ҷаҳон низ бо нобиғаи ҷовидона видоъ мекунад. Яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон буд. Вай хеле барвақт аз миёни мо рафт ва ҷояш холӣ монд. Ӯ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд».
Маҳмуд БАҲРОМ, шореҳи варзиш
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 311