logo

Хабарҳо

ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ҳошияи сафари расмӣ ба Федератсияи Россия бо раиси шаҳри Москва Сергей Собянин мулоқот кард.

Бино ба иттилои сомонаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, маҳаки асосии вохӯриро баррасии маҷмӯи масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба  миёни шаҳрҳои Душанбе ва Москва ташкил дод.
Маврид ба зикр аст, ки ҳанӯз 29 ноябри соли 1996 байни ҳукумати шаҳри Душанбе ва ҳукумати Москва Созишнома дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расид, ки он ба робитаҳои гуногунҷанбаи стратегии ду шаҳр асос гузошт.
Восбаста ба ин, мусоҳибон оид бо тақвияти ҳамкориҳо ва дар ин замина ба имзо расондани Барномаи нави ҳамкорӣ байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати шаҳри Москва барои солҳои 2020 – 2023 мубодилаи афкор намуданд.
Дар вохӯрӣ ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти муҳоҷирон дар робита бо паҳншавии пандемияи коронавирус таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Зимни музокирот ҷонибҳо доир ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитариву фарҳангӣ, илмиву техникӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ, байниминтақавӣ, инчунин, масоили баланд бардоштани сатҳи омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистон, фаъолияти муштарак дар самти пешгирии бемории коронавирус, тарбияи кадрҳо ва навсозии базаи моддӣ-техникии хадамоти коммуналӣ изҳори назар карданд.
Дар фарҷоми мулоқот  байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳукумати шаҳри Москва Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2020 – 2023 ба имзо расид. Барнома бо мақсади тавсеаи  робитаҳо дар мусоидат ба рушди иқтисодии шаҳрҳои Душанбе ва Москва равона гардида, самтҳои афзалиятноки идомаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, инфрасохтори роҳу нақлиёт, шаҳрсозӣ, соҳибкорӣ, савдо ва хизматрасонӣ, телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотӣ, саноат ва инноватсия, маориф ва илм, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон ва варзишро фаро мегирад.
Рустами Эмомалӣ аз Сергей Собянин даъват ба амал овард, ки дар вақти муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф биёваранд. Даъват бо қаноатмандӣ қабул шуд.
Бо ҳамин нахустин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Федератсияи Россия, ки бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардида, дар таҳкиму густариши муносибатҳои дӯстонаи  Тоҷикистону Россия  саҳифаи навро боз намуд, ба анҷом расид.

Ш. ШОКИРОВ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1099
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед