logo

Хабарҳо

ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

АИР «Новости». Демократ Ҷозеф Байден дар рақобат бо Президенти феълии ИМА Доналд Трамп соҳиби 80 миллион овоз шуд, ки ин дар таърихи интихоботи кишвар бесобиқа аст, - шаҳодат медиҳад  шабакаи телевизионии NBC.
Тибқи маълумоти шабака, ба ҷонибдории Байден 80 013 916 нафар, ба Трамп 73 882 361 нафар овоз доданд, боқӣ довталабҳо, дар маҷмӯъ, 2 867 746 овоз гирифтанд.
Байден, мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар интихобот бар Трамп на барои он пирӯз шуд, ки овози гирифтааш аз 6 миллион бештар аст. Балки сабаб дар он аст, ки бо бартарии на он қадар зиёд дар иёлатҳои калидӣ бо шумораи калони вакилони интихобкунандаҳо, аз қабили Пенсилвания, Ҷорҷия ва Мичиган, ғолиб омад.


ИҚТИСОДИ БРИТАНИЯ БА БУҲРОНИ ШАДИДТАРИН ДАР 300 СОЛИ ОХИР ГИРИФТОР ШУД
АИР «Новости». «Иқтисоди кишвар, ки бинобар пандемияи коронавирус буҳрони сахттаринро аз сар мегузаронад, дар ду соли оянда то сатҳи соли 2019 барқарор шуда наметавонад», - иброз дошт вазири молия Риши Сунак.
"Ҳатто, агар рушди иқтисод аз нав идома ёбад, он то семоҳаи чоруми соли 2022 ба сатҳи «токовидӣ» расида наметавонад», - гуфт вазир ҳангоми муаррифии буҷети соли оянда ба парламент.
Чуноне Бюрои масъули буҷети Шоҳигарии Муттаҳида пешгӯӣ кардааст, ММД - и кишвар соли равон 11,3 дарсад коҳиш меёбад. «Ин ҷиддитарин таназзули иқтисоди британӣ дар беш аз 300 сол хоҳад шуд», - таъкид намуд Сунак.


БА ҶОПОНҲО БАРОИ ХАРИДОРИИ ЭЛЕКТРОМОБИЛ ПУЛ МЕДИҲАНД
NHK World Japan. Тибқи нақшаи ҳукуматдорони мамлакат, ба шаҳрвандон барои соҳиби электромобил шудан, ду маротиба зиёдтар маблағ дода мешавад.
Айни замон ёрии молиявии Ҳукумат ба ҷопонҳо 400 ҳазор иен (қариб 3,8 ҳазор доллар) мебошад. Аммо, аллакай, соли дигар онро ду баробар (то 7,6 ҳазор доллар) боло бурданист. Барои заряди аккумулятор бояд намудҳои барқароршавандаи неру истифода шавад, масалан, манзил ё идора, ки бо панелҳои офтобӣ муҷаҳҳаз буда, барқ истеҳсол мекунанд. Зимнан, арзиши намудҳои барқароршавандаи неру ба неруҳои анъанавӣ баробар аст ё 20-30 дарсад гаронтар.
Соли гузашта дар мамлакат наздики 20 ҳазор электромобил фурӯхта шуд.


ДАР ӮЗБЕКИСТОН СОДИРОТИ АВТОМОБИЛҲО 1,7 МАРОТИБА АФЗУД
Sputnik. Маълумоти мазкурро Кумитаи омори кишвар хабар додааст.
Дар даҳ моҳи соли равон ба хориҷа 13 310 мошин ба маблағи 127,2 миллион доллар содирот шуд. Содироти автомобили сабукрав 50,9 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 66,8 дарсад зиёд аст.
Харидорони асосии мошинҳо Қазоқистон, Россия, Тоҷикистон, Украина ва Озарбойҷон ба шумор мераванд. Зимни ин, моҳҳои январ – октябр ба Ӯзбекистон аз хориҷа 22 228 автомобили сабукрав ба маблағи 392,8 миллион доллар (+34,7%), инчунин, қисмҳои эҳтиётӣ ба 767,3 миллион доллар (+5,3%) ворид шуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1077
26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр

ЛИГАИ ОЛӢ

10.11.2021


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Россия

ҶАЛАСАИ САЙЁРИ РУШДИ МАҲАЛ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед