Хабарҳо
СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД
АИР «Новости». Сарварони кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод карданд, ки намояндаҳои ин ниҳодҳо барои баррасии стратегияи амнияти кишварҳо ба гунаи иқдоми нахустин дар ташаккули фазои тақсимнопазири бехатарӣ вохӯранд.
Онҳо дар изҳороти муштарак пас аз анҷоми ҷаласаи Шӯрои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъкид намуданд, ки амнияти ҳар кишвар аз амнияти давлатҳои дигар вобаста аст. Ба гуфтаи сиёсатмадорон, чунин муносибати иттиҳодиро СААД барои бунёди ҷаҳони озод аз ҷангу ҷидол, соҳаҳои таъсиррасон ва минтақаҳои дараҷаи амнияташон гуногун истифода мебарад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 862