logo

сиёсат

 ДУШАНБЕ. ИСТЕҲСОЛИ 36 АВТОБУС ВА 69 ТРОЛЛЕЙБУСИ НАВ


11 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии 36 автобус ва 69 троллейбуси нав дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Автобусҳои дохилишаҳрии тамғаи “AKIA ULTRA LE8” истеҳсоли корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо дарозии 8 метр барои 64 нафар мусофир пешбинӣ гардидааст.
Автобусҳои нав аз лиҳози суръат, вазни камтар ва кӯтоҳтар будан барои фаъолият дар кӯчаҳои на он қадар васеъ дорои бартарияти зиёд мебошанд.
Корхонаи муштараки “Акиа Авесто Автоматив Индастри” аз аввали соли 2020 дар асоси фармоиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли автобуси дохилишаҳриро бори аввал ба таври силсилавӣ, бо номгузории тоҷикӣ - “Акиа Ориё” оғоз намуд. Тибқи нақша, корхонаи муштарак то охири соли равон дар маҷмӯъ, 50 адад автобус истеҳсол ва ба корхонаҳои нақлиётии пойтахт интиқол медиҳад.
Автобусҳо мутобиқ ба меъёрҳои стандарти байналмилалии “Евро 5” истеҳсол шуда, дорои муҳаррики ширкати “Мерседес Бенс” ва ширкати олмонии “Zahnrad Fabrik” мебошад. Инчунин, тамоми қисмҳои эҳтиётии васлу насбшаванда бо кафолати махсус ва сифати баланд аз ширкатҳои номдори аврупоӣ ва туркӣ ворид мешаванд.
Автобусҳои нав бо таҷҳизоти гармию хунукидиҳанда ва нардбон барои маъюбон муҷаҳҳаз шудаанд, ки баҳри бехатарӣ ва ҳамлу нақли мусофирон хизмат мерасонанд. Дар қисми болоии дохили автобусҳои нав мониторҳои калонҳаҷм насб шудаанд, ки барои пахши роликҳои таблиғотӣ ва маълумотдиҳӣ истифода мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия моҳи январи соли 2018 фаъолиятро оғоз намуда, автобусҳои замонавии тамғаи “Акиа”-ро истеҳсол мекунад ва дар самти саноатикунонии босуръати кишвар саҳм мегузорад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол аз 250 то 300 адад автобус буда, шумораи кормандон аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ беш аз 100 нафарро ташкил медиҳад.
Феълан дар ин корхона 6 хати истеҳсолӣ, аз ҷумла кафшергарӣ, рангмоливу рӯйпӯшкунӣ, рангуборкунӣ, бандубасти механикию электрикӣ ва хати назорати ниҳоии сифат, мавҷуд мебошад. Ҳар як хати истеҳсолӣ бо технологияҳои замонавӣ ва муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Тавре иттилоъ доданд, соли 2018 аз ҷониби мутахассисони корхонаи муштарак 200 ва соли гузашта 100 адад автобуси хариднамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки айни замон дар хатсайрҳои пойтахт хизмат мерасонанд, бандубаст гардид. Дар нақша аст, ки марҳила ба марҳила 5 намуди воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбар дар ин корхона истеҳсол шавад.
Ҳамаи моделҳои автобуси тамғаи “Акиа” бо истифода аз технологияҳои муосир истеҳсол мешаванд, ки ин ба кам намудани вазни умумӣ, сарфаи сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, инчунин, муҳлати истифодаи автобусҳо мусоидат менамояд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо ронандагону масъулони ҷамъиятҳои мусофирбарӣ, ҷиҳати дар ҳолати хуби техникию санитарӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастуру маслиҳатҳои судманд доданд.
Троллейбусҳои нав, ки ҳамакнун дар кӯчаҳои пойтахт ба ҳаракат меоянд, тамғаи «БКМ-32100D» истеҳсоли корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Белкоммунмаш” - и Ҷумҳурии Беларус мебошанд. Ҳар як троллейбус 22 ҷойи нишаст дорад.
Троллейбусҳо бо низоми клининг муҷаҳҳаз буда, ҳангоми таваққуф дар истгоҳ, барои баромадану фаромадани мусофирон сатҳи даромадгоҳи он паст мегардад.
Троллейбусҳои нав дорои як қатор шароити муосири хизматрасонӣ буда, аз тамғаҳои қаблӣ бо сарфаи неруи барқ то 30 фоиз ва дар ҳолатҳои бебарқӣ ё дигар сабабҳо, имкони ҳаракат кардан то 15 километр фарқ мекунанд. Ҳамчунин, троллейбусҳо намунаи технологияи навини дараҷаи сеюм буда, бо муҳаррики қабулкунандаи неруи ҷараёни тағйирёбанда ва батареяҳои литтий ҷиҳозонда шудаанд.
Дастакҳо ё худ шохаҳои ин навъи троллейбусҳо тариқи худкор аз ҷойи нишасти ронанда ба воситаи пахши тугмачаи махсус боло ва поён мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик боз 31 адад троллейбуси навъи муосир аз Ҷумҳурии Беларус дастрас мегардад ва 14 автобуси шаҳрии тамғаи «AKIA ULTRA LE8» омодаи кор мешавад.
Зимни муаррифии троллейбусҳои нав зикр шуд, ки то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди истеҳсоли ин навъи воситаҳои нақлиёти мусофиркаш дар заминаи корхонаи «Акиа Авесто» дар шаҳри Душанбе пурра ба роҳ монда мешавад. Троллейбусҳои истеҳсоли ватанӣ бо  ғунҷоиши 100 ҷой барои мусофирон пешбинӣ гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо шароити муосири хизматрасониву мусофиркашонӣ тавассути воситаҳои нақлиёти нав бо истифода аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда дар ин самт ва роҳандозии содироти автобусҳои истеҳсолшаванда дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акиа Авесто Автоматив Индастри” ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.12.2020    №: 237    Мутолиа карданд: 218
12.04.2021


КИТОБИ «ТОҶИКОН» ДАСТРАСИ СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР ГАРДИД

НУРОБОД ДАР СӢ СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

СУҒД. ФЕСТИВАЛИ ВИЛОЯТИИ «ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД» БАРГУЗОР МЕГАРДАД

СУҒД. 420 000 СОМОНӢ ГРАНТ БАРОИ ЗАНОНИ ҲУНАРМАНДУ ЭҶОДКОР

МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. ҲАМОИШИ МУҲИМИ КОРШИНОСОН

«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН» МУАРРИФИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУН

ЛИГАИ ОЛӢ

09.04.2021


ТОҶИКИСТОН ВА АМА. ГУСТАРИШУ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ТАЪКИД ШУД

ОЛМОН БО РОССИЯ ОИД БА ДАРЁФТИ «СПУТНИК V» МУЗОКИРОТ МЕГУЗАРОНАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

08.04.2021


ТОҶИКИСТОН – МАҶОРИСТОН. САҲИФАИ НАВИ ҲАМКОРӢ БОЗ ШУД

САРВАРИ ВКХ ПОКИСТОН РОССИЯРО ОМИЛИ УСТУВОРӢ ДАР МИНТАҚА ВА ҶАҲОН НОМИД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАСВИРИ ОБ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОНӢ

«ХУҶАСТА БОД ИСТИҚЛОЛ!»

Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Армида Салсия Алишаҳбана

МАГНОЛИЯ. НИҲОЛИ НОДИР ДАР ХУҶАНДИ БОСТОН

07.04.2021


МИСГАРӢ — БОЗГӮИ РАМЗҲО ВА АНЪАНАҲОИ МАРДУМӢ

«ТЕРРОРИЗМ РЕЛИГИОЗНЫХ ЭКСТРЕМИСТОВ...»

Лавров: «СММ низоъҳоро дар дунё муваффақона ба низом меоварад»

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ

06.04.2021


ВМКБ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ ИҶРО ШУД

ИШКОШИМ. ҒОЛИБОН БА НОҲИЯ БАРГАШТАНД

Лавров барқарорсозии кори «формати Москва»-ро зарур шумурд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЛИГАИ ОЛӢ

ТАШКИЛИ ЯРМАРКА - ФУРӮШИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ ДАР ХУҶАНД

МИНТАҚАИ РАШТ. ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР ЯК РӮЗ

УНВОНУ ДАРАҶАҲОИ ИЛМИИ РОССИЯВУ ТОҶИКИСТОН БАРОБАРАРЗИШ МЕШАВАНД

02.04.2021


ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. ВМКБ ВА 5 НОҲИЯИ ХАТЛОН НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД

МУЛОҚОТИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО ПАК БЁН СОК

ҶОНИБДОРИИ ВАНХЁРК АЗ МУКОЛАМАИ ВАШИНГТОН БО МОСКВА

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.04.2021


ЛИГАИ ОЛӢ. Бори аввал легионерҳои нидерландӣ ва ҷопонӣ ҳунарнамоӣ мекунанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед