logo

сиёсат

 САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР РУШДИ ХУДИДОРАИ МАҲАЛЛӢ


Давлатмурод ОЛИМЗОДА,
устоди Академияи идоракунии давлатии
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 
Ҳадафҳои муҳимтарини сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мустаҳкам намудани асосҳои сохти конститутсионӣ, барпо кардани давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ки ҷавҳари онро риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ташкил медиҳанд, мебошанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро арзишҳои олӣ эътироф намуда, риоя ва ҳифзи онҳоро давлат кафолат дода, дар моддаи 6 муқаррар менамояд: “Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”. Инчунин, дар моддаи 27  омадааст: “Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд”.
Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Конститутсия ва қонунҳо ба роҳ монда шуда, давраҳои ташаккули худро замони соҳибистиқлолӣ ба даст овардааст. 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҳозира бо мақсади инкишоф додани низоми мақомоти худидоракунии маҳаллӣ барномаи «Стратегияи ислоҳоти низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Дар асоси ин барнома яке аз мақсадҳои асосии ислоҳоти низоми идоракуниро дар Тоҷикистон инкишоф додани мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ташкил медиҳад. Мақомоти худидоракунии маҳаллӣ тавозуни муайяни ҳокимияти марказӣ ба шумор рафта, ҳамчун низоми ба аҳолии маҳаллӣ наздик масъалаҳои хусусияти маҳаллидоштаро баррасӣ менамояд. Аз ин сабаб, «Стратегияи ислоҳоти низоми идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ бо фаро гирифтани рушди худидоракунии маҳаллӣ, бо мақсади баланд бардоштани захираҳои он оид ба хизматрасонии босифат ба аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Вобаста ба ин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мустаҳкам намудани низоми худидоракунии маҳаллӣ дар моддаи 78, дар симои худидоракунии маҳаллӣ ҳуқуқи шаҳрвандонро оид ба амалӣ намудани худидора мебинад, ки ин худидора дар зери масъулияти худи шаҳрвандон нисбат ба масъалаҳои хусусияти маҳаллидошта татбиқ мешавад.
Дар давлати демократӣ ташкил ва амалӣ шудани ҳокимияти давлатӣ ба усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ асос меёбад, ки он бо усули худидоракунии маҳаллӣ омӯзиш меёбад. Усули мазкур тартиби ғайримарказонидани ҳокимияти давлатиро таъмин мекунад, ки вай ин низомро барои таъмини манфиати аҳолӣ дар маҳал бо ба инобат гирифтани анъанаҳои маҳаллӣ ва таърихӣ омода менамояд. Вобаста ба ин, худидоракунии маҳаллӣ яке аз усулҳои асосӣ ва муҳими демократии ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти ҳокимияти давлатӣ дар маҳал ба шумор меравад. Мувофиқи фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ дар зери мафҳуми худидоракунии маҳаллӣ фаъолияти мустақилона ва дар зери масъулияти худ ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳаллидошта дар сатҳи поёнӣ фаҳмида мешавад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси мустаҳками ҳуқуқиро нисбат ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муқаррар намуда, дар як вақт ваколати дар қонун мустаҳкам кардани фаъолияти мақомоти худидораро медиҳад. Аз ин рӯ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ташкилёбӣ, фаъолият ва вазифаҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро мустаҳкам менамояд, ки мутобиқи он мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар асоси усули ҳудудӣ ташкил карда мешавад.
Дар давлати ҳуқуқбунёд ҳар як падидаи ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии алоҳида зербинои иҷтимоӣ дошта, барои иҷрои вазифаҳои муайян, ки барои ҷамъият фоидаоваранд, таъсис дода мешаванд. Аз ин рӯ, «Тоҷикистони муосир дар худ низоми мураккаби иҷтимоиро ифода месозад, ки дар байни унсурҳои он мавқеи муҳимро ҳокимияти оммавӣ бо падидаҳои худ ишғол менамояд. Мақомоти давлатӣ бо он мақсад даъват карда шудааст, ки вай тараққиёти эволютсионии ҷомеаро дар шароити азнавсозиҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таъмин намояд». Ин падидаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии алоҳида ифодагари иродаи давлат ва халқи он ба шумор рафта, дар ҳаёт ҳамчун ҳаракати ҷавобӣ ба талаботи иқтисодӣ-иҷтимоии сохти ҷойдошта баромад мекунад, ки он таъқибгари мақсадҳои нисбатан беҳтар ва босифаттар ба танзим даровардани муносибатҳои мушаххаси ҷамъиятӣ мебошад.
Муносибатҳои ҷамъиятӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ мудом дар инкишоф буда, ҳар як давраи инкишофёбӣ талаботи худро пешниҳод менамояд ва онро бо ҳолатҳои мушаххаси нав ба нав пурра месозад. Аз ин рӯ, қонун, дар навбати худ, бояд набзи ҳаёти ҷамъиятиро ба даст оварда, дархостҳои объективии онро ифода созад ва баҳри ин вазифаҳо хизмат кунад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 асосҳои ҳуқуқии ташкилёбӣ, фаъолият ва низоми худидораи маҳаллӣ дар моддаи 78 муқаррар карда шудааст. Мутобиқи он мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷамоат аст.
Бо мақсади мукаммал намудани қонунгузорӣ вобаста  ба  ҳокимияти  маҳаллӣ  5  августи соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» аз ҷониби  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид ва дар устувор гардидани ғояи худидоракунии маҳаллӣ такони ҷиддӣ бахшид. 
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот Ҷамоати шаҳрак ва Ҷамоати деҳот шахси ҳуқуқӣ буда, аз рӯи усули марзӣ ташкил меёбанд ва фаъолияти онҳо дар рушди шаҳраку деҳот  мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи мақомоти давлатӣ сурат мегирад. Яъне, дар давлати демократӣ ташкил ва амалӣ шудани ҳокимияти давлатӣ ба усули таҷзияи ҳокимияти давлатӣ асос меёбад, ки он бо усули худидоракунии маҳаллӣ ҳамҷоя мебошад. Дар кишвари мо низ ба мисли мамлакатҳои пешқадам иштироки аҳолӣ дар ҳаёти маҳалла на ин ки дастгирӣ меёбад, балки ҳавасманд гардонда мешавад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши мақомоти худидоракунии маҳаллӣ дар рушди деҳот хело баланд мебошад.
Сатҳи баланди кафолатнокии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд тақозои такмили санадҳои худидоракунии маҳаллиро вобаста ба рушди деҳот ба миён мегузорад. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли ин масъала ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод намуданд, ки солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шавад.
Муҳтавои асосии пешниҳод аз он иборат мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳал намудани масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии сатҳи деҳот таваҷҷуҳ ва неруи бештар равона созад. Чунки амалишавии бештари ҳуқуқ ва озодиҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии шаҳрвандон дар сатҳи маҳал бевосита ба корҳои ташкилии мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот низ  зич алоқаманд мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки иштироки фаъоли аҳолии маҳал дар ташкили фаъолияти худидоракунии маҳаллӣ дар самаранок амалишавии сиёсати ҳокимияти давлатӣ мусоидат менамояд. Аз ин бармеояд, ки мақомоти худидоракунии маҳаллӣ яке аз рукнҳои асосии низоми демократӣ буда, дар доираи салоҳияти худ баҳри пешбурди ҷомеа  саҳми арзанда мегузорад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.12.2020    №: 239    Мутолиа карданд: 371
29.11.2021


Алиев: «Россия дар ба эътидол овардани равобити Ереван ва Боку нақши муҳим дорад»

Ҷаҳон дар як сатр

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ АРАБИСТОНИ САУДӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

26.11.2021


Иштироки Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи навбатии Шурои Ассамблеяи байнипарлумонӣ

Лавров бо вазирони корҳои хориҷии Чин ва Ҳиндустон роҳҳои рушди ҳамкориҳои сеҷонибаро баррасӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

25.11.2021


Боздиди намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз НБО «Норак»

Суҳбати Путин бо раиси Шурои Аврупо

Ҷаҳон дар як сатр

МАШҒУЛИЯТИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА МАБЛАҒГУЗОРИИ ХУРД МУВОФИҚИ ПРИНСИПҲОИ МАБЛАҒГУЗОРИИ ИСЛОМӢ

24.11.2021


Масъалаи аломатгузории хати сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

Путин, Алиев ва Пашинян 26 ноябр дар Сочи мулоқот хоҳанд кард

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

ВАО. НАҚШИ МУҲИМТАРИН ВОСИТАИ ТАЪСИРРАСОНӢ ДАР ЗАМОНИ ПАНДЕМИЯ

ЛАХШ. ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

С А Н О А Т . МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ ИФТИХОРИ МАНУ МО

РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. ҲАМОИШИ ҶАШНӢ ДАР ДМТ

ФУРӮҒИ ВАТАНДОРӢ

22.11.2021


Ҷамъбасти машқҳои тактикии «Кобалт-2021»

ТИБ. БАРРАСИИ МУҲИМТАРИН САМТҲОИ СОҲА

МУҲАММАД ҒОИБ: «ДИЛ ЁФТАНУ САРҶАМЪ СОХТАНИ МИЛЛАТ ОСОН НАБУД!»

ДДЗТ: АЗ ТАЪСИСИ МАРКАЗИ TOEFL ТО ИНТИШОРИ 5 КИТОБИ МУҲИМ

ИЛМ. БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ МУҲИМ

18.11.2021


Россия аз хатари паҳншавии терроризм ба кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ҳушдор дод

ҶИУ-ҶИТСУ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҒАМХОРИ ТАБИАТ БОШЕМ!

17.11.2021


“Созандагиҳои Пешвои миллат дар тули се даҳсолаи соҳибистиқлолӣ”

12.11.2021


Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

Рӯзи Президент дар сатҳи баланд таҷлил мешавад

“КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ ВА БАХТНОМАИ МИЛЛАТИ ТОҶИК”

РАШТ. УФУҚҲОИ РУШДИ КИШОВАРЗӢ

11.11.2021


Шурои амнияти ФР: «Ҳузури доимии СММ дар Афғонистон бояд нигоҳ дошта шавад»

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед