logo

номаҳо

 АРЗИ МОРО БИРАСОНЕД


Ман - адиби куҳансол чил сол инҷониб дар кӯчаи ба номи Ф. Муҳаммадиев, ҳавлии рақами 34, хонаи 31 умр ба сар мебарам ва то моҳи феврали соли равон аз телефони хонагӣ мунтазам истифода мекардам.
Нохост алоқаи телефонӣ қатъ гардид. Овоза карданд, ки кадом корманди шуъбаи алоқа, дар пиндораш ҳамагон соҳиби телефони мобилианд, ба телефони хонагӣ зарурат нест, кабели алоқаи минтақаи моро рабудааст. Чӣ кор кунем, ки мо, куҳансолон, ба асрори телефони дастӣ сарфаҳм намеравем ва имконияти харидан ва ҳар моҳ пардохти хидмати онро низ надорем? Бидуни алоқаи телефони хонагӣ куҳансолони ин минтақа ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода, гӯё аз дунё канда шудаанд. Дар ин айёми хараҷу мараҷи эпидемияи коронавирус на касе моро ёд мекунад ва на мо ёру дӯстонро. Ақаллан ҳангоми беморӣ ба духтур занг зада наметавонем. Ба шуъбаҳои алоқаи ноҳия ва шаҳр муроҷиат карда, мадад хостем, аммо суде набахшид. Гуфтанд, ки «бачаҳо кор карда истодаанд». Аз байн қариб ду моҳ мегузарад, аммо «кори бачаҳо» ҳеҷ ба сомон намерасад ва алоқаи телефонӣ барқарор намегардад. Ягона умед аз идораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» дорем, ки дар ин масъала ба имдоди мо хоҳад расид. Яъне, арзи мо ба василаи ин навишта ба мақомоти дахлдор мерасад ва мушкиламонро осон мегардонанд.
Сафияи НОСИР,
шаҳри Душанбе, сокини маҳаллаи 102


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.12.2020    №: 241    Мутолиа карданд: 2451
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед