logo

иқтисод

 МАСТЧОҲ. ДЕҲҚОНОН ЗИНДАГИРО РАНГИ ТОЗА МЕБАХШАНД


Деҳқонони чашмикордони ноҳияи Мастчоҳ нақшаи дурнамои истеҳсоли ашёи пурқимати саноатӣ - пахтаро нахустин шуда дар вилояти Суғд ба иҷро расонданд. Онҳо то охири мавсими ҷамъоварии ҳосил қариб 30 ҳазор тонна пахта ба даст оварданд. Нишондиҳандаи мазкур дар қиёс ба соли гузашта беш аз 6 ҳазор тонна зиёд буда, ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 23 сентнериро ташкил дод. Дар бунёди хирмани баланди пахта саҳми хоҷагиҳои деҳқонии “Устоён”, “Лангар”, “Амакҷон”, “Наврӯз”, “Оббурдон”, “Сорбон “, “Палдорак” ва ғайраҳо, ки ҳосилнокии пахтаро ҳатто то 60 - сентнерӣ расонданд, назаррас аст.
Тибқи иттилои Нарзулло Боймирзоев, сардори раёсати идораи кишоварзии ноҳия, ҷиҳати татбиқи дастурҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти ин зироати техникӣ аз 11 ҳазори соли қаблӣ ба зиёда аз 12 ҳазор гектар расида, 3 ҳазору 900 хоҷагии деқонӣ дар ноҳия маҳз ба парвариши ин зироати муҳим машғул шуд.
Ҳамкорӣ бо мутахассисону олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, интихоби тухмиҳои хушсифат, аз қабили “ Ориён”, “Неъмат”  “Синҷон-39”, “Дӯстихиён”, “Флеш”, “Флора”, риояи технологии парвариш, пошидани нуриҳои минералии фосфору азот, обёрии саривақтӣ, шароит фароҳам овард, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ аз 35 то 45 - 50 - сентнерӣ ҳосил ғун доранд.
- Сарфи назар аз он ки солҳои охир оид ба суду зарари зироати пахта сару садоҳо гуногунанд, бовар дорам,  ки пахта дар рушди воқеии иқтисодии кишвар нақши муассир мебозад, - гуфт Ҳасан Мирзоев, собиқадори меҳнат, ходими давлатӣ ва хоҷагии ноҳия, мушовири раёсати кишоварзии ноҳия.
Ба гуфтаи ӯ, фақат соли гузашта аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақша ба буҷаи ноҳия зиёда аз 35 миллион сомонӣ маблағ ворид шуду дар ҳаллу фасли бисёр масоили иҷтимоӣ мусоидат кард. Бо болоравии нархи бозори ҷаҳонии нахи пахта имсол ба ноҳия на кам аз 50 - 55 миллион сомонӣ аз ҳисоби истеҳсоли зиёди пахта ворид хоҳад шуд. Ин фақат аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақша буд. Дар маҷмӯъ, манфиат аз истеҳсоли пахта хеле зиёд буда, барои таъмини  зиндагии осоиштаи мардуми ноҳия аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Имрӯзҳо хоҷагидорон ба хубӣ дарк карда тавонистаанд, ки парвариши кадом зироат  рӯзгорашонро пеш мебарад. Ноҳияи Мастчоҳ бо он имконияту захираҳое, ки барои рушди соҳаи пахтакорӣ дорад, солҳои на чандон дур метавонад ба яке аз минтақаҳои рушдёфтаи  саноатию кишоварзӣ табдил ёбад. Ҳамагон медонем, ки рушди пахтакорӣ, дар навбати худ мусоидат ба соҳаи саноати сабук ҳамзамон, рушди чорводорӣ, коркарди маҳсулоти гӯшту ширист. Чаро дар шароити низоми бозоргонӣ, ки мақсад ҳарчи зиёдтар ба даст овардани манфиати иқтисодист, ба ин соҳа рӯ наорему онро рушд набахшем. Ҳоло дар ноҳия дар иртибот ба ривоҷу равнақи соҳаи пахтакорӣ 10 корхонаи коркарди пахта, 3 коргоҳи равғани рустанӣ, истеҳсоли “Ангубин” бо муосиртарин хатҳои технологии истеҳсоли ресмон бо дурнамои маҳсулоти тайёр, коргоҳҳои хурду бузурги ресандагиву дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти шириву гӯштӣ фаъолият доранд. Садҳо нафар сокинони ноҳия бо ҷои корӣ таъмин гаштанд.
- Дар мавсими имсола бо 500 хоҷагии деҳқонӣ дар робита ба истеҳсоли  пахта шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда, то имрӯз коркарди қариб 4 ҳазор тонна  пахтаро анҷом додаем. Аз равнақ ёфтани коркарди пахта метавон хулоса кард, ки имсол кори деҳқонони ноҳия омад карду ҳосили фаровон ба даст овардаанд. Ҳоло дар як шабонарӯз кормандони корхонаи мо то 100 тонна ва аз ин ҳам зиёд коркарди пахтаро ба роҳ мемонанд.  Феълан, нишондиҳандаи сифати пахтаю чигит низ дар қиёс ба соли гузашта баланд буда, таносубан нахи пахта 36 дарсад ва чигит 59 дарсадро ташкил медиҳад, ки ин  баландтарин дар солҳои охир мебошад, - гуфт Мирзосалим Раҳимов, директори ҶДММ “Музаффар и  К” дар ноҳияи Мастчоҳ. 
Деҳқонони ноҳия тасмим гирифтанд, ки ҳосили соли ояндаро то ба 40  ҳазор тонна расонанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 577
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед