logo

иқтисод

 «ПОМИР ЭНЕРҶӢ». НАМУНАЕ БАРОИ ИБРАТ


Кормандони ширкати бонуфузи «Помир энерҷӣ» баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам дар фасли зимистон ҷидду ҷаҳди зиёде мекунанд. Сокинони  ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз  аз он сипосгузоранд, ки барқчиёни ширкати  бузурги  энергетикӣ тайи солҳои охир  як қатор амалҳои шоистаро ба ҷо оварда, дар фосилаи вақти кӯтоҳтарин, бо сифати баланд ва сидқан дар ҳамаи деҳаҳо симчӯбҳои кӯҳнаро бо сутунҳои нав иваз намуданд.
Роҳбари давлат дар сафарҳои кории қаблиашон ба шаҳру навоҳии  вилоят  ба масъулони ин муассиса  се сол  қабл супориш  дода буданд, ки   хати барқи баландшиддати  Вамар - Шидз ба деҳаҳои  Деҳу Шпад ва    ба ҳашт маҳаллаи  Ҷамоати деҳоти Язгулом  кашида шавад. Барқчиён ин уҳдадориро сарбаландона иҷро намуданд.
Ҳамчунин, масъулони соҳа азнавсозии хати барқро ба  деҳаҳои баландкӯҳи Ширговад, Мудехарв, Ғуҷоваст, Сумгаду Мурғудга, Поимазору Ванвани   водии  Ванҷи Боло   дар муҳлати муайян бо ҳамкории дигар барқчиёни мамлакат ба иҷро расонданд. Акнун сокинони    деҳаҳои Деҳу Шпад ва  водии Язгулом  ва  мавзеъҳои аҳолинишини подомони пиряхҳои Федченко ва Хирсон то  деҳаҳои сароби рӯдхонаи Язгуломоб  дар 24 соат бо барқи доимӣ таъмин мебошанд. Ба ғайр аз ин   хати барқи   Курговади Дарвоз - Даштак - Рохарв навсозӣ гардида, тавоноии он  аз 10 киловатт - соат  ба 35 киловатт - соат  расонда шуд. Ҳоло  неругоҳҳои барқи обии «Ванҷ - 1», «Ванҷ - 2», «Андарбак», «Техарв» ва «Пои Мазор» низ дар ин давраи сардии зимистон бенуқсон кор карда истодаанд.
Аз ҷониби ширкати «Помир энерҷӣ» дар ноҳияи Дарвоз низ    корҳои назаррас ва  шоиста сомон ёфтаанд. Ба гуфти узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода  чор сол муқаддам сели  калони шадид  аз  ҳудуди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фаромад. Ин офати табиат  маҷрои дарёи Панҷро чанд соате  банд намуд, аз соҳил дамида 22  хонаи деҳаҳои Хостав ва Ширговади  Ҷамоати деҳоти Нулвандро ба коми дарё ғарқ кард ва даҳҳо нафарро бехонаву дар намуд. Барои зисти доимӣ дар  мавзеи  Тангно дар деҳаи  қадимаи Яхчисор барои зарардидагони офати табиат  хонаҳои ободу зебо сохтанд. Сокинони аз манзили зист маҳруммонда ба ин деҳаи хушбоду ҳаво ва дорои замину боғоти дилпазир кӯчонда шуданд, барояшон биноҳои маркази саломатӣ, мактаб, мағоза ва чойхона - ошхона  сохтанд. Коргарони ширкати «Помир энерҷӣ» дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ба зудӣ ба ҷо оварда, хати баландшиддати барқии Зиғар - Яхчисорро   дар масофаи 15 километр бунёд карданд. Ҳоло сокинони  деҳа хонаҳои гарму равшан дошта, аз чизе танқисӣ надоранд.  Аз чунин ғамхориҳо ва иқдомҳои шоиста  мардуми ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз чун саросари Бадахшон  шукронаи ғамхориҳои Роҳбари давлат ва файзу баракати  даврони  истиқлолиятро намуда, дар Рӯзи энергетикҳо ба кормандони ширкати «Помир энерҷӣ» изҳори миннатдорӣ менамоянд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»,
Сироншоҳи ДИЛОВАР,
рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 515
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед