logo

номаҳо

 АСРИ ИТТИЛООТ. АЗ ЧӢ ЭҲТИЁТ БОЯД ШУД?


Дар ҷаҳони муосир, замоне, ки душманони миллатамон дастовардҳои кишварро нодида мегиранд ва пайваста хабарҳои дурӯғу иғвоангез паҳн мекунанд, моро зарур аст ваҳдату ягонагии худро боз ҳам мустаҳкам намоем. Хусусан, воситаҳои ахбори омма бояд бештар ба матолибе таваҷҷуҳ кунанд, ки дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати  миллӣ мусоидат намоянд. Ин нукта дар суҳбати мизи гирд, ки дар Академияи воситаҳои ахбори омма доир шуд, зикр гардид.
Ҳамоишро Зинатуллоҳ Исмоилзода, директори Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон, ифтитоҳ намуд. Ӯ гуфт, ки ҳадафи суҳбати мизи гирди имрӯза баррасии масъалаи “Нақши ВАО дар таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ” мебошад.
Таъкид шуд, ки асри XXI асри иттилоот аст ва ҳамарӯза мардум ба хабарҳои зиёд рӯ ба рӯ мешаванд. Ташвишовар аст, ки баъзе аз ин хабарҳо саҳеҳ набуда, танҳо ба хотири  ноором намудани ҷомеа паҳн мешаванд. Ба гуфтаи коршиносон дар чунин шароит ягона арзише, ки моро аз ҳама гуна хавфу хатар эмин медорад, ин ваҳдату якдилӣ ва истиқлолияти комил аст, ки воситаҳои ахбори омма дар таҳкими он нақши созгор доранд. Маҳз намояндагони ВАО дар ҷавоб ба чунин ахбори дурӯғу фитнаангез метавонанд матолиби ҷолиб омодаву пахш намоянд, то ҳақиқат ба мардум ошкор гардад.
Рӯзноманигор Сафаралӣ Низомов, яке аз муаллифони барномаи радиоии “Хоки Ватан” дар тақвияти ин андешаҳо, аз ҷумла гуфт, ки тавре  таҷриба собит менамояд, ВАО барои ба ҳам овардан ва пойдории амнияти мардум нақши муассир дорад. Барномаи “Хоки Ватан”, ки замони нооромии кишвар ба ҳамин хотир ва барои баргардондани гурезаҳо ба Ватан, ободию созандагӣ роҳандозӣ шуда буд ва ин рисолатро  назди таърих адо кард, далели равшани ҳамин гуфтаҳост.
Дар мизи гирд, ҳамчунин, Рудобаи Мукаррам, раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Қаноатулло Сайфуллоев, муовини директори Агентии миллии иттилоотии “Ховар”, Обидҷон Саидзода, директори “Радиои Тоҷикистон”, ширкат ва суханронӣ намуданд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 2574
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед