logo

сиёсат

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ ИДМ


18 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои ИДМ тариқи видеоконференсия таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа, ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, иҷрокунандаи вазифаи Президент, Раиси Шӯрои Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, Президенти Ҷумҳурии Молдова Игор Додон, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия, Раиси Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Валентина Матвиенко ва раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот сарварони давлатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар доираи иттиҳод мубодилаи афкор намуда, Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ ва Нақшаи чорабиниҳои асосии татбиқи он, қарорҳои Шӯро дар бораи рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва дар бораи дар соли 2021 ба ҷониби Беларус гузаштани раёсат дар ИДМ-ро тасдиқ карданд.  Инчунин, оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи давлатҳои аъзои иттиҳод, аз ҷумла дар соҳаҳои низомӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, амнияти иттилоотӣ ва таҳкими амният дар марзҳои берунии иттиҳод, қарорҳои дигари муҳими Шӯрои сарварони давлатҳо қабул карда шуданд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласа Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар иттиҳод аз ҷониби Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сарфи назар аз шароити душвори кунунӣ, таъкид карданд. Инчунин, зикр гардид, ки рушди пайвастаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои иттиҳод аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Сипас, Сарвари давлати мо дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва алахусус дар минтақаи иттиҳод андеша ронданд. Дар ин зимн, ба талошҳои миёнаравии Федератсияи Россия ва амалиётҳои қатъии роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон, ки ба созиш дар бораи оташбас дар минтақаи низоъ дар Кӯҳистони Қариябоғ равона шуда буданд, баҳои баланд дода шуд. Пешвои миллат алоқамандии самимии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳифз ва таҳкими сулҳу субот ва амнияти минтақавӣ таъкид намуда, ба Ҷумҳурии Қазоқистон дар баргузории интихоботи парлумонии дарпешистода ва ба Ҷумҳурии Қирғизистон дар интихоботи президентӣ, ки моҳи январи соли 2021 баргузор мегарданд, муваффақият орзу карданд.
Пешвои миллат зимни баррасии масъалаи таҳаввулоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки дар пасманзари пандемияи COVID-19 ҷомеаи ҷаҳонӣ имсол ба он дучор омад, сухан ронда, ба таҳдиди он ба амнияти озуқаворӣ ва буҳрони башардӯстонаи бисёр кишварҳо, таваҷҷуҳи махсус доданд.  “Тибқи баҳогузории сохторҳои салоҳиятдори СММ, бинобар таназзули шадиди иқтисодӣ ва афзоиши якбораи бекорӣ шумораи гуруснагон дар ҷаҳон то ба 270 миллион нафар, яъне ду баробар афзоиш ёфт”, - таъкид доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.  Бо дарназардошти тамоюли манфии рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, Президенти Тоҷикистон даъват карданд, ки дар доираи иттиҳод ба оқибатҳои гуманитарӣ ва иҷтимоию иқтисодии пандемия якҷоя вокуниш нишон дода, тадбирҳои муассиртар қабул ва ба рушди амалии сегменти тиҷоративу иқтисодии ҳамкории дорои иқтидори азим, аҳамият дода шавад.  Дар ин зимн, робитаҳои фаъоли тиҷоратӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва энергетика, дар соҳаҳои гуногуни саноат, кишоварзӣ ва дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия ҳамчун самтҳои афзалиятнок ном бурда шуданд.  Дар интиҳои баррасии мавзӯи ҳамкориҳои иқтисодӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилоти тағйирёбии иқлим дахл карда, андешидани чораҳои саривақтию таъхирнопазирро ҷиҳати муқовимат ба оқибатҳои он таъкид намуданд.  Дар ин замина, дар баробари обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиш ёфтани манбаъҳои об, афзоиши шумораи сел, обхезӣ ва хушксолӣ, ки ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар зарари калон мерасонанд, камобии шадид дар таърихи муосир махсусан зикр карда шуд.
Дар идомаи суханронии худ Сарвари давлат вазъи ташвишовари имрӯзаи минтақа ва ҷаҳонро, ки таҳти таъсири тамоюли афзоиши таҳдидҳои ҷаҳонӣ ва таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ташаккул ёфтааст, таҳлил карданд.  Дар ин зимн, қабули саривақтии қарорҳо дар доираи иттиҳод оид ба таҳкими амнияти иттилоотӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ ва таҳкими амният дар марзҳои берунии иттиҳод таъкид карда шуд. Инчунин, ба масъалаҳои рушди вазъ дар Афғонистон ва талошҳои сиёсию дипломатӣ, ки ба истиқрори сулҳу суботи пойдор дар ин кишвар равона шудаанд, дахл карданд.
Сарвари давлати мо аҳамияти тавсеаи минбаъдаи робитаҳои фарҳангию гуманитарии байни кишварҳои узви иттиҳодро махсус зикр намуданд.  Ба як қатор чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, ки баргузории онҳо дар пойтахти Тоҷикистон соли 2021 дар доираи татбиқи минбаъдаи Барномаи шаҳри Душанбе - Пойтахти фарҳангии ИДМ ба нақша гирифта шудааст, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои сарварони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бо фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрик намуда, барои идомаи ҳамкории муштараки созанда дар доираи ИДМ ба нафъи шукуфоии минбаъдаи кишварҳо ва халқҳои давлатҳои аъзо, комёбиҳо орзу карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.12.2020    №: 242-243    Мутолиа карданд: 131
03.03.2021


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед