logo

иқтисод

 ҶАҲОНИШАВӢ. ТАЪМИНИ РУШДИ УСТУВОР - АСОСИ РАҚОБАТПАЗИРИИ ИҚТИСОДИЁТ


Дар шаҳри Хуҷанд таҳти чунин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд.
Дар кори он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, директори  Институти  иқтисодиёт  ва демографияи  Академияи  миллии  илмҳои  Тоҷикистон, профессор Шариф Раҳимзода тариқи онлайн ва муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, коршиносон, олимону мутахассисони соҳавӣ, соҳибкорон, роҳбарону намояндагони муассисаҳои илмию таълимӣ ва ширкатҳои  ватанӣ иштирок ва баромад карданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода форуми ҷумҳуриявиро ифтитоҳ намуда, таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияҳои пешрафта, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила таъмини зиндагии шоистаи аҳолиро аз масъалаҳои асосии давлату Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуд. Таъкид гардид, ки баргузории форуми иқтисодии ҷумҳуриявӣ бо ҷалби олимону мутахассисони соҳавӣ дар таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ омили муҳим хоҳад буд.
Сипас, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Муҳаммадюсуф Имомзода тариқи онлайн ҳарф зада, таъкид дошт,  ки  дар доираи кори форум мубодилаи афкор перомуни дарёфт ва пешниҳоди роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кишвар дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид ҷиҳати ҳамбастагии илму истеҳсолот сурат мегирад ва  хулосаю пешниҳодоти олимону мутахассисон дар амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат заминаи мусоид  хоҳад гузошт. 
Дар идома олимону мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои ҳолати муосир, муаммоҳо ва рушди устувори макроиқтисодии Ҷумҳурии   Тоҷикистон, рушди устувории иҷтимоии иқтисодӣ дар шароити таҳдидҳои нав ва оқибатҳои COVID – 19, ҷабҳаҳои назариявӣ ва амалии таъмини рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон, иқтисодиёти рақамӣ дар низоми баланд бардоштани рақобатпазирии хоҷагидории миллӣ ва рушди устувор, ташаккули муҳити мусоиди сармоягузорӣ,  рушди инноватсионӣ ва модернизатсияи иқтисодӣ, ниҳодҳои молиявӣ ва қарзии рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, саноатикунонии босуръат – кафили гузариши иқтисодиёти миллӣ ба иқтисодиёти саноатӣ-инноватсионӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа намуданд.
Хулоса шуд, ки бо татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар гардида, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ ва миқдори маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда  меафзояд. Ин омилҳо  ба рушди босуботи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири мусбат хоҳад расонд.
Дар доираи кори Форуми иқтисодии ҷумҳуриявии «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» бо иштироки соҳибкорони ватанӣ, докторантон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар ҳамкорони мо – намояндагону роҳбарони бонкҳои “Амонатбонк”, “Ориёнбонк”, “Эсхата”, “Имон”, “Ҳумо”, МОИ “Суғд”, ширкатҳои истеҳсолии “Фаровон-1”, “33”, “NEKSIGOL”, «Дӯстӣ-Алишер», «Азизӣ», «Файзи Расул», «Арча», «Стар-Пласт», «Manzil», ширкати мобилии  TCELL, меҳмонхонаи KHUJAND-STAP, ширкати туристии Зарафшон иштироки фаъолона доштанд.
Мутахассисон бо маърӯзаҳои хеш перомуни иқтидори иқтисодии вилояти Суғд, нақши ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дар саноатикунонии кишвар, саҳми ҶДММ «Агро Ашт» дар рушди соҳаи кишоварзӣ, омилҳои баланд  бардоштани  дониши  иқтисодии соҳибкорон дар шароити муосир (ҷаҳонишавӣ), аҳамияти малакаҳои касбии мутахассисон дар таъмини рушди устувор,  нақши ташкилоту корхонаҳои фаъолиятдоштаро дар рушди иқтисодиёти миллӣ баён доштанд.
Сипас, байни  сардори  шуъбаи хизматрасонӣ  ба  андозсупорандагони  раёсати  андоз  дар  вилояти Суғд, роҳбарони ширкатҳои “Азизӣ», «Рахшона», «Равзана», «Арча», «Дӯстӣ-Амирхон», «Нексигол-Навовар», «Роҳи абрешим», директорони  генералии «Яхмоси 33», “Гулистони Душанбе”, «Элегант», ФҚХ “Имон”, “Матин”,  “Арванд”, «Тавҳидбонк», “Ҳумо”, роҳбарони Ассотсиатсияи соҳибкорони «Ҳадид», «Сафеда», ЧП «Сангинов» ва иштирокчиёни мизи мудаввар мубодилаи афкор ба миён омад.
Дар ҳамоиши иқтисодии ҷумҳуриявии «Таъмини рушди устувор ва рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» аз мақолаю гузоришоти илмии дар бахши пленарӣ, мизи мудаввар ва бахшҳо баррасишуда ва мубодилаи афкор олимону мутахассисон  дар   шароити   иқтисоди бозорӣ  ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо давлатҳои хориҷӣ, омода намудани мутахассисони лаёқатманди ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, татбиқи илм дар истеҳсолот, баланд бардоштани сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолӣ, афзоиш додани содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза ва воридотивазкунанда, истифодаи воситаҳои танзими иқтисоди хориҷии ба муносибатҳои бозорӣ хос, фароҳам овардани фазои боз ҳам мусоиди соҳибкорӣ, дастгирии соҳаҳои гуногуни соҳибкории миллӣ, истифoдаи самаранoки иқтидoрҳoи иқтисoдии кишвар дар истеҳсoлoти мoлҳoи сoдирoтӣ, ҷалби сармoягузoрoни хoриҷӣ ва дoхилӣ ба истеҳсoлoт, дарёфти самтҳои муосири рушди соҳаи сайёҳии байналмилалӣ, рушди муносибатҳои танзимкунанда дар доираи иқтисодиёти рақамӣ,  истифодаи технологияи рақамӣ дар андозбандӣ, таҳияи замимаҳои мобилӣ, ташкили ҳарчи бештари корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти саноати хӯрокворӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, истеҳсоли маҳсулот мутобиқ ба  стандартҳои байналмилалӣ, таъмини бехатарии маҳсулоти саноати хӯрокворӣ, коркарди босифати маҳсулоти кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳаи саноати хӯрокворӣ тавассути ҷорӣ намудани сертификатсиякунонии байналмилалӣ, тақвияти раванди воридшавии субъектҳои миллӣ ба фазои байналмилалии иқтисодиёти ҷаҳонӣ, густариши ҳамкориҳо бо ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва минтақавӣ, истифодаи оқилонаи неруи гидроэнергетикӣ, маданияти  баланди хизматрасонии тиҷоратӣ, минимизатсиякунӣ, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии танзими андозии нархгузории трансфертӣ ва татбиқи он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ, таъсиси минтақаҳои махсуси иқтисодӣ, рушди хизматрасонии иттилоотӣ, тaъмини шaффофияти фaъолияти истеҳсолию хоҷaгидории корхонaҳои бaхши ҷaмъиятӣ, танзими нархгузории трансфертиро  омили муҳим дар таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии кишвар дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва фароҳам овардани заминаи мусоид дар ҳамбастагии илму истеҳсолот натиҷагирӣ карданд.
Башорат ҲАКИМОВА,                                               
мудири шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.12.2020    №: 244    Мутолиа карданд: 605
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед