logo

иқтисод

 САРГАРДОНӢ. АЗ БЕКОРШАВИИ ҚАРОРИ РАИСИ НОҲИЯ ТО ҲАЛНОМАИ БАҲСБАРАНГЕЗ


Соли 2010 бо қарори раиси ноҳияи Файзобод аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Дашти бед» (171,70 гектар қитъаи замин) ва Ассостсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии «Наврӯз» (23,30 гектар) бо ҳуқуқи соҳибии якумраи меросӣ барои ташкили хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» замин ҷудо гардид. Мо 16 марти соли 2012 сертификати ҳуқуқи истифодаи замин (№ 0330202) гирифта, бо саҳмдорон фаъолиятро шурӯъ кардем.

Ман ва дигар саҳмдорон заминҳоро самаранок ва оқилона истифода мекунем. Барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи зиёд намудани майдони боғу ток дар 4 гектар боғи лалмии себ бунёд намудем. Инчунин, аз масофаи якуним километр хати об кашидем. Дар баробари ин, дар дохили боғ ва се гектари дигар барои хӯроки чорво юнучқа мекорем. Боқимондаи заминҳои хоҷагии деҳонӣ чарогоҳ мебошад. Барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳоло дар хоҷагии мо 82 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда парвариш мешавад. Ҳамасола то қадри имкон барои таъмини бозори дохилӣ бо гӯшт ва шир кӯшиш ба харҷ медиҳем ва аз ин ҳисоб зиндагии худ-ро пеш мебарем. То ин вақт хоҷагии мо пурра ва сари вақт андози заминро супурдааст, ки онро расидҳои бонкӣ тасдиқ мекунад.
Баъд аз нуҳ соли фаъолият, яъне соли 2019 Исломуддин Шарипов, Назар Юнусов, Шамсулло Камолов, Саидҷаъфар Холов, Иброҳим Каримов ва Давлатмурод Файзалиев, сокинони деҳаи Шерамон, деҳоти Меҳрободи ноҳия, барои бекор намудани қарори раиси ноҳия ва сертификати ҳуқуқи истифодаи замини хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» бо ариза ба суди ноҳия муроҷиат намудаанд. Ин дар ҳолест, ки онҳо ягон ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои истифодаи замин надоранд.
Онҳо даъвояшонро бо он асоснок карданд, ки сокинони деҳаи Шерамон (120 хоҷагӣ) солҳои пеш чорвояшонро дар мавзеи «Ширбибӣ» (ҳудуди хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён») мечарондаанд ва солҳои охир барои чарондани чорво мушкилӣ пеш омадааст. Инчунин, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи идораи замин дар мурофиаи судӣ баромад намуда, иброз доштанд, ки гӯё заминҳои хоҷагии деҳқонии мо тибқи амри раиси ноҳия аз 15 майи соли 2009 оид ба ҷудо кардану вобаста намудани қитъаҳои замини чарогоҳҳои деҳот сарфи назар шудааст.
Дар ҳамин асос суд даъвои онҳоро қонеъ намуда, қарори раиси ноҳияро бекор ва даъвои муқобили моро рад кард.
Вале, омӯзиши ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси он суд ҳалнома баровард, нишон медиҳад, ки амри раиси ноҳия барои ҷудо намудани қитъаи замин барои чарогоҳ ба сокинони деҳаи Шерамон аз деҳоти Меҳробод 55,64  гектар ҷудо шудааст. Заминҳои ҷудогардида, ба заминҳои хоҷагии деҳқонии «Сайфиддини Шарифиён» ягон вобастагӣ надорад. Зеро заминҳои хоҷагии мо дар деҳоти Дӯстмурод Алиев буда, амри раиси ноҳия, ки дар асоси он ба истиқоматкунандагони деҳаи Шерамон замин ҷудо гардидааст, дар деҳоти Меҳробод мебошад. Инро харитаи заминсозии кумитаи идораи заминсозии ноҳияи  Файзобод  ва  замимаи амри раиси ноҳия аз 15 майи соли 2009 тасдиқ мекунад. Вале ваҷҳҳои мо дар ин хусус аз ҷониби мақомоти судӣ ба назар гирифта нашуд.
Аз ин рӯ, хостем бо истифода аз минбари рӯзномаи «Ҷумҳурият» арзамонро ба мақомот бирасонем, то ба ин баҳс баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шавад.
Хуршед НОЗИМОВ,
роҳбари хоҷагии деҳқонии
«Сайфиддини Шарифиён»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.12.2020    №: 246    Мутолиа карданд: 436
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед