logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР КОРХОНАҲО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

 
Марҳилаи дуюми корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагин ба кор шурӯъ кард
24  декабр дар  ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ марҳилаи дуюми корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат текстайл” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки марҳилаи якуми корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини “Ваҳдат  текстайл” моҳи январи соли равон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.
Корхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ваҳдат” ва гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр”, соҳибкорон Акбар Ғуломов ва Илҳом Мирзоев дар доираи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо амалишавии марҳилаи дуюм, дар корхонаи истеҳсоли ҷуробҳо 120 дастгоҳи худкори бофандагӣ, 10 дастгоҳи дӯзандагии нӯги ҷуроб, 3 дастгоҳи дарзмол насб гардида, дар корхонаи истеҳсоли дастпӯшакҳо бошад, 2 дастгоҳи нақшофарии силикон ва 114 дастгоҳи худкори бофандагӣ гузошта шуданд. Инчунин, 120 адад дастгоҳи ҷуроббофӣ харид гардида, моҳҳои наздик ба корхона ворид мешавад. Таҷҳизотро аз ширкатҳои пешқадами Италия, Туркия, Олмон ва Федератсияи Россия харидаанд.
Бо ба истифода додани марҳилаи дуюми корхона ва воридоти таҷҳизоти насли нави корӣ, дар баробари истеҳсоли ҷуроб, ҳамчунин, имконият фароҳам гардид, ки тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ - дастпӯшҳои корӣ ба роҳ монда шавад.
Фаъолсозии марҳилаи дуюми корхона иқтидори истеҳсолии “Ваҳдат текстайл”- ро афзоиш дода, истеҳсолот аз 19 миллиону 200 ҳазор ба 34 миллион ҷуфт ҷуроб дар як сол расонда шуд, ки ин иқдом ҳам барои қонеъсозии талаботи дохилии мамлакат ва ҳам ба афзудани иқтидори содиротӣ мусоидат намуд.
Дар марҳилаи дуюми корхона 100 нафар сокини маҳаллӣ пас аз курсҳои бозомӯзӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид, дар маҷмӯъ, дар ду марҳила 400 нафар ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд.
Ба иттилои масъулон, дар марҳилаи сеюм ҳам шумораи ҷойҳои корӣ ва ҳам ҳаҷми истеҳсолот зиёд хоҳад гашт.
Бояд зикр кард, ки феълан ҷуробҳои истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур дар баробари бозори ватанӣ, ҳамчунин, дар хориҷ низ серхаридор аст. 95 фоизи маҳсулоти ҷамъият ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Россияву Қазоқистон ва Қирғизистон содирот мешавад. Айни замон корхонаи коркарди пахта ва маҳсулоти пахтагини “Ваҳдат текстайл” тамоми навъи ҷуробҳоро мувофиқ ба талаботи бозор, фасли сол ва синну сол ба роҳ мондааст ва сифати баланду дизайни зебо имконият медиҳад, ки маҳсулоти ниҳоии он дар дохилу хориҷ рақобатпазир бошад. Ҳамчунин, афзалияти дигари маҳсулоти корхона дар он аст, ки 80 фоизи таркиби ҷуробҳои он аз пахта буда, дар доираи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад.
“Ваҳдат текстайл” дар доираи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, коргоҳ истеҳсолотро пурра дар асоси пахтаи ватанӣ роҳандозӣ намудааст. Яъне, ин иқдом имконият медиҳад, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба кишвари содироткунандаи маҳсулоти босифати саноатӣ табдил ёфта, дар ин баробар, вобастагии бозорҳои мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёбад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи корхона, ки доимоамалкунанда мебошад, боздид намуданд. Дар он тамоми навъҳои маҳсулоте, ки дар корхонаи “Ваҳдат текстайл” истеҳсол мегарданд, ба намоиш гузошта шудаанд. Иброз гардид, ки технологияи муосири корӣ имкон медиҳад, ки сифати баланди маҳсулот таъмин карда шавад. Айни замон барои мардҳо, занон ва кӯдакон навъҳои гуногуни ҷуроб истеҳсол гардида, ҳамчунин, барои варзишгарон низ ҷуробҳои махсуси варзишӣ аз ҷониби корхона пешниҳод мегардад.
Зимни боздид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулот ва таҷҳизоти кории корхона баҳои баланд дода, масъулонро вазифадор намуданд, ки барои афзоиши иқтидори истеҳсолӣ ва тавлиди номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ дар оянда низ чораҳои зарурӣ андешанд.

Корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ фаъол шуд

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар  минтақаи  саноатии  шаҳри  Душанбе  корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ - ламинати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фирӯз бинокор” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи нави саноатӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Толибҷон Ҳомидов дар заминаи татбиқи ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат ва дар доираи омодагиҳо ба таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар ин корхона моҳи майи соли 2020 оғоз гардида буд ва, инак, бо мавриди истифода қарор гирифтани он 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Аснои шиносоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истеҳсолот иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу технологияҳои корхона истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин ва як қатор давлатҳои аврупоӣ мебошанд.
Корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ дар шаҳри Душанбе дар миқёси Осиёи Марказӣ феълан ягона буда, маҳсулоти он ивазкунандаи воридот ва содиротӣ мебошанд.  
Истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи нави саноатӣ дар асоси талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза ва ба саломатии инсон безарар арзёбӣ мегарданд.
Фаршҳои истеҳсолии корхона ба намӣ низ тобовар буда, дар ҷойҳои гаштугузори зиёд нисбат ба маҳсулоти ҳамсон дар бозорҳои дохилӣ 3-4 маротиба бештар харидор доранд. Дар раванди истеҳсолот то ба 70 дарсад ашёи хоми ватанӣ истифода мегардад.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 90 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти сохтмонӣ буда, дар оянда имкони то ба 130 - 140 ҳазор метри мураббаъ расондани он мавҷуд аст.
Корхонаи муосири саноатӣ дар шаҳри Душанбе бепартоб буда, аз партоби корхонаҳои истеҳсолии дару тиреза фаршҳо омода карда мешаванд.
Дар корхона 10 навъи фаршҳои замонавӣ бо андозаҳои гуногун истеҳсол мешавад ва дар асоси дархости мизоҷон масъулон  имкони роҳандозии аз ин ҳам бештари маҳсулотро доро мебошанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар асоси нақша дар оянда бо ворид ва васлу насб намудани дастгоҳҳои нав иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам меафзояд ва барои шаҳрвандони мамлакат ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбанд.
Назди корхонаи нави саноатӣ дар доираи ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахти мамлакат, кабудизор карда шуда, гулҳои рангоранг ва ниҳолҳои ороишию ҳамешасабз шинонда шудаанд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ дар самти ташкили истеҳсолоти ивазкунандаи воридот имкон додааст, ки аҳолии мамлакат аз ҳисоби истеҳсолоти ватанӣ бо молҳои гуногуни саноатӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмонӣ таъмин гарданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоии пурра бо раванди истеҳсолот дар корхонаи муосири саноатӣ дар шаҳри Душанбе ба иқдоми соҳибкори ватанӣ Толибҷон Ҳомидов барои саҳм гузоштан дар таъмини сокинон бо маҳсулоти  сохтмонии ба саломатӣ безарар баҳои баланд дода, барои боз ҳам истифода аз иқтидорҳои мавҷуда дар роҳи расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷило ифтитоҳ гардид
24  декабр  дар минтақаи саноатии  шаҳри  Душанбе  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” - ро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои корхонаи коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷилои “Асрори санг”, ки аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Шарифӣ бо тарҳи муосир бунёд ва бо дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ муҷаҳҳаз шудааст, аз се ошёна иборат мебошад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи мазкур зиёда аз 50 мутахассиси маҳаллӣ, ки аксарашонро занону духтарон ташкил медиҳанд, бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.
Таҷҳизоти коркарди сангҳои ороишӣ ва худҷило аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Олмон ворид шуда, дар корхона аз сангҳои табиии Тоҷикистон беш аз 100 намуди маҳсулот, аз ҷумла муҳра, гарданбанди ҳархела, дастмона, гӯшвор, шамъдон, гулдон, ҷиҳози рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ истеҳсол мешаванд, ки дар онҳо таърих, фарҳанг ва расму оини миллати тоҷик тасвир ёфта, хонаву маконеро дар ҳар гӯшаи дунё зебу нур мебахшанд.
 Дар маҷмӯъ, иқтидори солонаи корхона истеҳсоли 60 ҳазор адад маҳсулот буда, марҳила ба марҳила бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ин нишондод зиёд мегардад.
Аснои шиносоӣ бо имконияти фароҳамомада дар корхонаи нав, таъкид гардид, ки минтақаҳои Тоҷикистон вобаста ба иқлимашон сарватҳои бойи табиӣ доранд ва дар сурати дуруст ба роҳ мондани истеҳсолот метавон ҳам эҳтиёҷоти дохилиро қонеъ сохт ва ҳам маҳсулотро ба хориҷи мамлакат содирот кард.
Маҳсулоти корхона бо назардошти талаботу стандартҳои байналмилалӣ истеҳсол гардида, дар дохил ва хориҷи мамлакат харидорони зиёд дорад. Сангҳои ороишӣ ва армуғони корхона, асосан, ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва кишварҳои Аврупо содирот мешаванд.
Дар шаҳри Душанбе ду мағозаи фирмавии корхона ба фаъолият оғоз намудааст, ки меҳмонону сайёҳон метавонанд, аз он молҳои армуғонии аз сангҳои ороишӣ ва худҷило омодашуда, харид намоянд.
Оянда бо ворид намудани технологияи нав аз Ветнам дар ин ҷо коргоҳи дӯхти либосҳои варзишӣ низ ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ки боз 50 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад.
Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Асрори санг” марҳила ба марҳила бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани дигар коргоҳҳои истеҳсолӣ шумораи коргарон ба зиёда аз 150 нафар мерасад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони корхонаро ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва истеҳсоли маҳсулоти хушсифати ба рақобат тобовар ҷалб намуда, иқдоми соҳибкори ватаниро дар доираи эълони Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карданд.

Истеҳсоли яхмос дар ҶДММ “Ҳурия”
24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии пойтахт ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳурия” оғози расмӣ бахшиданд. Коргоҳи мазкур мавсимӣ буда, ба истеҳсоли маҳсулоти нимтайёр ва яхмос машғул аст.
Корхона аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Расул Мансуров дар масоҳати 0,34 гектар бунёд гардида, корҳои бунёдӣ ва воридоту васли таҷҳизоти истеҳсолӣ пурра ба итмом расидаанд.
Баъди ба фаъолият оғоз кардани коргоҳ дар мавсим 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегардад. 
Таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии яхмос насли навтарин буда, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва дигар кишварҳои аврупоӣ ворид шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки сифат ва тамъу лаззати маҳсулоти корхона ба ҳамаи талабот, аз ҷумла меъёрҳои санитариву гигиенӣ ҷавобгӯ бошад. Дар мавсими навбатӣ маҳсулоти босифати корхона дастраси истеъмолкунандагон хоҳад гашт.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ашёи хом, аз ҷумла шир, аз хоҷагиву фермаҳои чорводорӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дастрас мешавад ва ба хотири таъмини бехатарӣ, маҳсулоти корхона ҳар моҳ ду маротиба аз санҷиши сифат мегузарад.
Маҳсулоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ҳурия” бо бренди “Сардиҳои Тоҷикистон” истеҳсол шуда, бештар аз 30 намудро дар бар мегирад. Ба хотири дастрас кардани маҳсулоти истеҳсолии корхона ба мизоҷон, чор адад автомашинаи махсус харид гардидааст.
Тавре маълум аст, дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе коргоҳу корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоли яхмос хеле зиёданд ва дар бозори истеъмолӣ як навъ рақобатро низ ба миён овардаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон маслиҳат доданд, ки дар ин бозори пуррақобат, пеш аз ҳама, ба сифат ва тамъи маҳсулот аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Ободонию зебогардонии гирду атрофи бинои корхона аз маслиҳатҳои дигари Пешвои миллат буданд, ки ба соҳибкорон дода шуданд.

Корхонаи истеҳсоли равғани пахта
24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи истеҳсоли равғани пахтаро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи истеҳсоли равғани пахта дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе аз ҷумлаи корхонаҳои дорои аҳамияти муҳим маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳдӣ Каримов дар  муҳлати кӯтоҳ бунёд гардидааст.
Корхонаи равған бо мақсади дастрасии аҳолии пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ бунёд ёфта, соҳибкор азм гирифтааст, ки дар фаровонии маҳсулоти ивазкунандаи воридот фаъолона саҳм гузорад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли равғани пахта дар як шабонарӯз 10 тонна чигитро коркард менамояд. Корхонаи равған 30 нафарро бо шуғли доимӣ фаро гирифт.
Ашёи хом барои истеҳсоли равғани пахта дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо хочагиҳои деҳқонӣ дастрас мегардад, ки барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корхонаи мазкур дар қатори дигар корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми назаррас дорад. Маҳсулоти корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ талабот ба он зиёд аст.
Масъулони корхона азм доранд, ки бо насби хати нави технологӣ иқтидори истеҳсолиро зиёд намоянд ва коркарди чигитро дар як шабонарӯз ба бештар аз 20 тонна расонанд.
Аснои шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сифат ва рақобатпазирии маводи ғизоӣ диққати зарурӣ диҳанд.

Бунёди корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва қаннодӣ
24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодиро мавриди истифода қарор доданд.
Корхона дар доираи татбиқи амалии ҳадафҳои асосии стратегии кишвар - саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 0,32 гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Ёқуб Шарафов бунёд гардидааст. Таҷҳизоти истеҳсолӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб шудааст ва 35 нафар сокини пойтахт соҳиби ҷойи кори доимиву маоши хуб гардид.
Дар корхона 4 навъи макарон омода мешавад ва дастгоҳу таҷҳизот имкон медиҳанд, ки рӯзона то 4 тонна маҳсулот истеҳсол шавад. Иқтидори солонаи корхона 2100 тонна маҳсулоти макарониро ташкил медиҳад. Дар ҷараёни истеҳсолот, маҳсулоти табиӣ ва барои саломатии инсон безарар истифода мегардад.
Зимни шиносоӣ бо шароиту имкониятҳои корхона Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми неки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони бонангу номуси кишвар ҷиҳати дастгирии ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати саноатикунонии мамлакат баҳои баланд доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргарони корхонаро ба истеҳсоли маводи рақобатпазир ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифати истеъмолӣ ҳидоят карданд.
Таъсиси корхона, агар аз як ҷиҳат ба истеҳсоли маводи ивазкунандаи воридот мусоидат намояд, аз ҷониби дигар ба ташкили даҳҳо ҷойи корӣ боис мегардад, ки ин дар навбати худ аз ҳадафҳои неки роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар бобати беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордию қаннодӣ дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёд гардидааст ва эълони саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ - тадбири муассир дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад.
Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе аз ҷумлаи тарҳҳои дорои аҳамияти муҳим дар самти бештар намудани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба шумор меравад. Он бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовор аз таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, ҷараёни корҳои созандагӣ зери назорати пайвастаи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки санги асос барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе 20 сентябри соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ гузошта шуда буд.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани нишондодҳо дар ин самт, дар кӯчаи Зебуннисои ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бунёди як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ идома дорад. Дар ин замина, шумораи зиёди сокинони пойтахт бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, ин раванд дар беҳбудии сатҳи зиндагии онҳо таъсири мусбат хоҳад дошт.
Бояд гуфт, ки авҷи корҳои бунёдӣ ба хотири мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаҳои тавлидотӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе тадбири муассир дар самти татбиқи амалии нишондодҳои ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад.
Таъсиси чунин минтақаҳо намунаи барҷастаи ҳамкории судманди давлат бо бахши хусусӣ ва дастгирии соҳибкории хурд ва миёна мебошад.
 
Корхонаи коркарди санги хоро ва мармар қомат афрохт
24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис” - ро, ки калонтарин иншооти истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад, ифтитоҳ карданд.
Иншоот дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар заминаи иқдомоти созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёд шуда, қадами устувор дар самти татбиқи амалии стратегияи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат дар пойтахти кишвар мебошад.
Корхонаи коркарди санги хоро ва мармари “СТОУН Сервис”-ро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс” мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ сохта, ба истифода дод.
Хатҳои истеҳсолӣ, ки насли нави технология мебошанд, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Тайван ворид шудаанд. Дастгоҳу таҷҳизоти воридотӣ дар минтақа камназир буда, барои нозуку пурҷило ва мутобиқ ба дизайну мувофиқ ба талаботи мизоҷон тарошидани сангҳои мармару хоро мусоид мебошанд. Барои кор бо ин таҷҳизотҳо теъдоди муайяни кормандону мутахассисон дар хориҷи кишвар ба омӯзиш фаро гирифта шуданд. Аксари дастгоҳҳо таҷҳизоти бисёрвазифавӣ буда, дар онҳо амалҳои гуногуни вобаста ба ороишоти санг анҷом дода мешаванд.
Лозим ба зикри хос аст, ки танҳо барои аз хориҷа ворид кардани маҳсулоти аз сангҳои мармару хоро омодашуда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар як сол зиёда аз 28 миллион доллар хароҷот мешавад. Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар муҳлати то панҷ соли оянда бо мавриди коркарди васеъ қарор додани сангҳои маҳаллии Тоҷикистон, аз қабили мармар, хоро, гранит, травертӣ ва ғайраҳо, талаботи бозори дохилӣ комилан таъмин гашта, тавассути афзудани иқтидори содиротӣ эҳтиёҷоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо ин гуна маҳсулот ба пуррагӣ бароварда хоҳад шуд.  
Иқтидори солонаи корхонаи тавлидотӣ 150 ҳазор метри мураббаъ санги ороишиву сохтмониро ташкил дода, дар он зиёда аз 10 намуди маҳсулот, аз қабили тахтасангҳои ороишӣ аз мармар ва хоро, зинапояҳои сангин, сафолакҳои гуногун аз хоро, (баляска) тобаҳои ороишӣ, сутун ва шоҳсутунҳо, сангҳо бо ороиши бадеӣ ва ғайра, истеҳсол мешавад.
Ба иттилои роҳбарияти корхона баъди ба кор оғоз кардани ин иншоот 150 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.
Корхона аз ду коргоҳи алоҳидаи коркарди санги хоро ва мармар иборат буда, он вобаста ба талаботи бозори дохилӣ бунёд гаштааст. Маҳсулот, асосан, аз ашёи хоми маҳаллӣ истеҳсол мешаваду таъйиноти ивазкунандаи воридотӣ дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароитҳои мавҷудаи корхонаи нави истеҳсолӣ, ки дар муддати кӯтоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, иқдоми соҳибкорони маҳаллиро дар самти саҳмгузории бештар ҷиҳати шукуфоии Ватан муассир арзёбӣ карда, ташаббусҳои созандаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои вобаста ба саноатикунонии босуръати мамлакат муфид хонданд.
Мавриди зикр аст, ки бино ба вусъати тадбирҳои ободониву созандагӣ дар пойтахт ва қаламрави ҷумҳурӣ, талабот ба маҳсулоти сохтмонию ороишӣ, аз ҷумла сангҳои мармару хоро, хеле зиёд мебошад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс”, ки аз ширкатҳои муваффақи ватанӣ дар бахши сохтмони хонаҳои баландошёна, иншооти азими таъйиноти дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва роҳҳо маҳсуб меёбад, вобаста ба талаботи бозори сохтмонӣ иқдоми таъсиси ин корхонаро рӯйи даст гирифт. Инчунин, талабот ба сангҳои баландсифати ороишӣ, аз ҷумла мармару хорои Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат, зиёд мебошад. Аз ин хотир, тасмим аст, ки дар ояндаи наздик бо омӯхтани бозори хориҷӣ, содироти маҳсулот ба таври густурда ба роҳ монда шавад.
Дар корхона ҳамаи шароити истеҳсолӣ фароҳам буда, кор дар он тавассути технологияи муосир роҳандозӣ шудааст.
Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки сангҳои табиӣ дар шаклу андозаҳои мухталиф коркарду омода шаванд ва ҳам бо дизайни ҷолибашон зинатбахши бинову иншооти таъйиноти гуногун бошанд.
Дар ин рӯз дар дохили корхонаи коркарди сангҳои мармару хоро коргоҳи истеҳсоли лӯлаҳои ҳавогузар аз варақаҳои руҳандуд мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ин коргоҳ бо шаклу тарҳ ва андозаҳои  гуногун тавассути пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти насли нав лӯлаҳои ҳавогузар барои иншооти азим истеҳсол мешаванд. Бояд гуфт, ки то ин замон воридоти ин навъи маҳсулот аз хориҷа сурат мегирифт ва арзиши баланд низ дошт. Акнун фармоишгарон метавонанд мутобиқ ба стандарт ва ҳаҷму андоза лӯлаҳои ҳавогузарро аз ҳамин ҷо дастрас намоянд. Дар ин коргоҳ 20 нафар мутахассис бо ҷойи кор таъмин шуд. Дар умум, дар ин рӯз, танҳо аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Строй комплекс” 170 ҷойи корӣ барои шаҳрвандон муҳайё гардид. Зимнан, роҳбарияти ширкати сохтмонӣ тасмим дорад, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик корхонаи азими истеҳсоли серанитро дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо иқтидори калони истеҳсолӣ бунёд кунад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти  ширкати ватании “Строй комплекс” дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус равона карда, ҳаҷми истеҳсолотро бо назардошти талаботи бозорҳои дохиливу минтақавӣ афзоиш диҳанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.12.2020    №: 247    Мутолиа карданд: 178
03.03.2021


ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед