logo

иқтисод

ЯХОБМОНӢ. ҲОСИЛНОКИИ ДАРАХТОН ТО САД ДАРСАД МЕАФЗОЯД

Боғу токпарварӣ дар иҷрои ҳадафи муҳими стратегӣ - таъмини амнияти озуқавории кишвар мавқеи хосса дорад. Барои беҳтар намудани сифат, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот риояи технологияи парвариши дарахтони мевадиҳанда ҳатмӣ мебошад. Яке аз роҳҳои рушди соҳа гузарондани обмонии захиравӣ ва яхобмонии  боғот дар фасли сармост. Яхобмонӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими агротехникӣ дар фасли зимистон ба ҳисоб рафта, бояд бо назардошти таҷриба дуруст иҷро шавад. Зеро захиракунии намӣ, нест кардани ҳашароту зараррасонҳо ва ҳар гуна касалиҳо ба баланд бардоштани ҳосилхезии замин мусоидат намуда, барои ба даст овардани маҳсулоти босифат, меваҳои лазизу шаҳдбор замина мегузорад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳа, сарфи назар аз он ки ҳарорати ҳаво дар зимистон гарм ё сард аст, бояд дар заминҳои кишоварзӣ обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ гузаронда шавад. Зеро дар шароити иқлими кишвари мо аксари дарахтон, аз ҷумла бодому зардолу, аз таъсири гармӣ барвақт гул мекунанд, ки албатта, зарар дорад. Агар хоҷагидорон ин корҳоро сари вақт гузаронанд, дарахтон дар зимистон карахт шуда, дертар ба нашъунамо сар мекунанд.
Ҳикматулло Назиров, директори Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки тавре таҷрибаи зиёди гузарондаи олимон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ собит месозад, дар натиҷаи яхобмонӣ ва обмонии захиравӣ ҳосилнокии боғҳои  себ то 70 - 100, олу 50 - 60, олуболу 60 - 80 ва зардолу то  90 - 100 дарсад зиёд, ҳамчунин, муқовимату устувории дарахтон ба сардии ҳавои зимистон баланд мегардад. Аз ҷониби дигар, яхобмонӣ ҳангоми сард омадани зимистон ба маҳвшавии тухму зочаи як қатор зараррасонҳо, занбӯруғу бактерияҳо, манбаи сирояти боғу токзор мусоидат мекунад. Яхобро пас аз рехтани барги дарахтон моҳҳои декабр - феврал бо меъёри 1000 - 1300 метри мукааб об ду маротиба додан зарур аст. Меъёри  яхобмонӣ аз намнокии хоки майдон, тагпайванди дарахтон, баландии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва сохтори хок вобаста аст. Яхобмонӣ низ монанди обмонии баҳорӣ бояд муътадил бошад. Чунки аз ҳад зиёд шудани намнокӣ боиси косташавии қобилияти обу ҳавогузаронии хок мегардад. Дар заминҳои сатҳи оби зеризаминиашон баланд яхобмонӣ тавсия дода намешавад, зеро расидани оби полизӣ ба оби зеризаминӣ боиси боло баромадани намакҳои таркиби оби зеризаминӣ мегардад ва эҳтимоли хушкшавии дарахту буттаҳо зиёд мешавад. 
Аҳамияти яхобмонӣ дар мавзеъҳои камоб дучанд аст. Бо роҳи яхобмонӣ деҳқонон метавонанд дар давраи зимистон дар хок намнокии зиёд  захира кунанд. Оби захирашударо дарахтон фасли тобистон пурра истифода мебаранд.
Ба гуфтаи мутахассисону олимони соҳа, обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ на танҳо барои парвариши боғу ток, балки барои ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ки баҳор кишт мешавад, зарур ва муҳим аст.
Тӯра Яҳёев, мудири селексияи пахтаи Институти зироаткории АИКТ, иброз дошт, ки шиддати таъсири тағйирёбии иқлим дар соҳаи кишоварзии мамлакат бамаротиб зиёд шудааст, аз ин рӯ, барои баланд бардоштани ҳосилнокии пахта яхобмонии саривақтӣ тадбири зарурӣ мебошад. Дар замине, ки яхоб монда мешавад, ҷӯяк кашидан ҳатмист. Агар заҳбуру заҳкаши заминҳое, ки яхоб монда мешавад, тоза бошад, яхобмонӣ фоидаи бештар мебахшад. Бо роҳи яхобмонӣ, ҳамчунин, миқдори ҳашароти зараррасон, аз ҷумла кирми ғӯза ва касалиҳои зироати пахта, нест мешавад. Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон яхобмонӣ бештар зарур аст, чунки иқлими ин минтақа нисбатан гарм мебошад. Дар ноҳияҳои Шаҳритус, Кӯшониён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ, Қубодиён, Носири Хусрав, Панҷ, Ҷайҳун ва Дӯстӣ ду маротиба яхоб мондан манфиатбахш аст. Ҳамчунин, дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Спитамен ва Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, ки замин серсанг ва  боришот кам аст, яхобмонӣ тавсия дода мешавад.
Дар ҳолати риоя кардан ва гузарондани ин тадбири агротехникӣ кишоварзон метавонанд самаранокии заҳмати худро дучанд гардонанд. Ба гуфтаи олимон, дар мавриди обмонии захиравӣ ва яхобмонӣ аз боғот ҳосили баланд гирифтан ва маҳсулоти босифати ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ истеҳсол кардан имконпазир аст.

Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.12.2020    №: 248    Мутолиа карданд: 592
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед