logo

иқтисод

ШАҲРИ ВАҲДАТ. СОҲИБКОРОН ДАР ОМОДА НАМУДАНИ МУТАХАССИСОН САҲМ МЕГУЗОРАНД

Имрӯзҳо дар пайравӣ ба иқдомҳои созандаи роҳбарияти олии мамлакат  соҳибкорон низ дар бунёди мактабу дигар иншооти соҳаи маориф ҳиссаи арзанда мегузоранд. Бо ин амал хиште дар бунёди  кохи маърифати миллат гузоштаву чароғи маърифат меафрӯзанд. Яке аз чунин нафарон соҳибкор Зулайхо Зокирова аст, ки саҳм гирифтан дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишварро ифтихор медонад. 

Бо ибтикори ӯ моҳи октябри соли равон дар деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат литсейи касбии сайёҳӣ ва хидмат мавриди истифода қарор гирифт, ки бо тамоми технологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад.
Литсейи мазкур дар ду баст 920 хонандаро қабул менамояд ва дар он туроператор-турагент, роҳбалад, мутахассиси системаи компютерӣ ва интернет-технология, ҳисобдор бо донистани компютер, ошпаз, ошпаз-қаннод ва дӯзанда омода мегарданд.
Муассиса дорои 23 синфхона, 4 озмоишгоҳи таълимӣ, майдони варзиш, китобхона, маҷлисгоҳу толор барои гузарондани конфронс буда, бо тахтаҳои электронӣ таъмин аст. Китобхонаи он 1500 китоб (500-то бадеӣ ва 1000-то тахассусӣ) дорад. Бояд гуфт, ки китобҳои тахассусиро литсей аз Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дастрас менамояд.
Ҳамчунин, дар муассиса аз рӯи ихтисосҳои ошпаз– қаннод, мутахассиси системаи компютерӣ ва интернет-технология, забономӯзӣ (русӣ, англисӣ ва олмонӣ) курсҳои кӯтоҳмуддат ба роҳ монда шудаанд. То ин замон ин курсҳоро наздики 150 нафар, аз ҷумла 112 бонуи хонашин, хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардид.
Мавриди зикр аст, ки аксари толибилмон аз шаҳрҳои Ваҳдату Душанбеанд. Айни замон 90 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки 20 нафараш духтар мебошад.
Тавре Музаффар Неъмонов, иҷрокунандаи вазифаи директори литсей, мегӯяд, мақсади бунёди муассиса дар ин минтақа он аст, ки дараи Ромит бо мавзеъҳои диданӣ, обҳои мусаффову ширин, набототу ҳайвоноти нодир ва иқлими муътадил барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои васеъ дорад. Тибқи арзёбии мутахассисон, дар дараи Ромит намудҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла экологӣ, муолиҷавӣ, рекреатсионӣ, кӯҳӣ, сайругаштӣ ва варзишӣ, дар ҳоли рушданд.
Музаффар Неъмонов  таъкид намуд, ки литсей ҷиҳати омода кардани мутахассисон барои маконҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат, аз ҷумла истироҳатгоҳҳои оммавӣ, лагерҳои мактабӣ, резервати биосферии “Ромит” ва осоишгоҳу меҳмонхонаҳо, нақши бориз хоҳад дошт.  Инчунин, рӯзҳои наздик сохтмони хобгоҳ барои донишҷӯён оғоз мегардад.
- Дӯст доштани Ватан гӯшае аз имондорист. Ба ҳамин хотир, мо – оилаи Зокировҳо тасмим гирифтем, саҳми худро дар пешрафти як гӯшаи диёрамон гузорем. Ҳоли ҳозир омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои мубрам аст, зеро рушди соҳа аз малакаи касбии онҳо вобастагии калон дорад, - иброз  медорад Зулайхо Зокирова.

З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.12.2020    №: 249    Мутолиа карданд: 331
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед