logo

иқтисод

ҶАНГАЛ. ДАР ҲИФЗИ САРВАТҲОИ МИЛЛӢ БЕТАРАФ НАБОШЕМ!

Ҷангал ҳам мисли сарватҳои дигари табиӣ ба манфиати ҷомеа истифода бурда мешавад. Ҷангал дар заминҳои бедарахти фонди ҷангал ба манзури дарахтзоркунии бештари масоҳат, пешгирии фарсоиши хок ва беҳсозии вазъи экологӣ бунёд мешавад. Нақши ҷангалро барои рушди иқтисодиёт, беҳдошти муҳити зист, баланд бардоштани некуаҳволии халқ муҳим арзёбӣ метавон кард.

Ҷангалзор чун ҷойи зисти ҳайвонот ва парандагон нақши муҳим бозида, тамоми сол онҳоро бо хӯрок ва макони зист таъмин мекунанд.
Аз рӯи моҳияти хоҷагӣ бешазорро «Тиллои сабз» ва ҷангалзорро «Корхонаи оксигенҳосилкунӣ ва манбаи саломатӣ» ном мебаранд. Ҷангалзор манбаи ҳар гуна меваҳои хушк ва гиёҳҳои шифобахш буда, дар хоҷагии халқ аҳамияти калон доранд, ҷангалзор суръати ҳаракати шамолро суст карда, заминро аз эрозия муҳофизат менамоянд. Дар бобати обнигоҳдорӣ низ аҳамияти калон дошта, буттазору алафҳои он нишебии кӯҳҳоро аз шуста бурдани об муҳофизат карда, заминро хуб нигоҳ медоранд. Муҳофизати ҷангал вазифаи муҳими давлатӣ бошад ҳам, вале ёрии мардум ва мактаббачагон дар ин ҷода басо муҳим аст. Албатта, дарахтро бурида партофтан осон аст, аммо барои шинондану сабзондани як дарахт муддати хеле дуру дароз лозим меояд. Чарондани чорво дар ҷангалзор ба сарсабзию нашъунамои набототи ҷангал, аз ҷумла хушк намудани ниҳолҳои ҷавон, ҷиҳати аз нав бунёд шудани ҷангал, халал мерасонад.
Набототи ҷангалҳо табақа- табақа ҷойгир шудаанд. Табақаи якум дарахтон, табақаи дуюм аз буттаҳо ва сеюм аз алафзор иборат мебошад.
Бетартиб нест кардани дарахтону буттаҳои кӯҳҳо боиси бад шудани иқлим, бо об шорида рафтани хокҳои нишебиҳои кӯҳҳо ва кам шудани миқдори оби дарёҳо мегардад.
Роҳбарияти Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара ба мақсади эмин нигоҳ доштани набототу ҳайвонот дар фасли зимистони солҳои 2020-2021 ва тағйирёбии иқлим дар якҷоягӣ бо кормандони ҳифзи ҷангал байни мактаббачагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 32, 34, 53 вохӯриву суҳбатҳо гузаронданд. Инчунин, баргузории корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара байни мардуми дигар деҳаҳои дар ҳудуди ҷангал ҷойгиршуда ва мактаббачагон дар назар аст.
Кормандони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара тасмим гирифтанд, ки  Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо меҳнати арзанда ва бунёдкориҳо сазовор пешвоз гиранд.
Бо истифода аз ин фурсат, ба аҳолӣ муроҷиат карда, хоҳиш мекунем, ки аз ҳолатҳои худсарона буридани дарахтони ҷангал худдорӣ намуда, барои васеъ ва ғанӣ кардани ҷангал ва рушду нумӯи ин соҳаи муҳим саҳми муносиб гузоранд.

Маҳмадулло МУРОДОВ,
мутахассиси кадрии Муассисаи давлатии
хоҷагии ҷангали ноҳияи Данғара
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 346
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед