logo

иқтисод

ВОДИИ РАШТ. ДАСТГИРИИ ТЕХНИКИИ КИШОВАРЗОН САМАРОВАР ХОҲАД БУД

Дар  арафаи Соли нави милодӣ  кишоварзони навоҳии Рашту Тоҷикобод дар партави «Лоиҳаи дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» бо  маблағгузории  Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ тавассути  Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» соҳиби трактору таҷҳизотҳои муосири техникӣ гардиданд. Ҳадафи лоиҳа мусоидат ба рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани дастрасии ҷомеа ба инфрасохтори истеҳсолии хизматрасонӣ барои истеҳсоли устувори маҳсулоти кишоварзӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии ниёзманди деҳот мебошад. Дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», марказҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ таъсис ёфтанд, ки барои ҳалли мушкилоти деҳаҳо  мусоидат  менамоянд.
Дар доираи лоиҳа, 16 трактори МТЗ-82.1, 36 сихмола, 15 испор, 2 ядак, алафтойбандӣ, картошкашинонак, ғаллакӯбак, алафдаравак, дорупошаки роторӣ дастраси кишоварзони ноҳияи Рашт шуданд. Дар асоси дархости марказҳои худфаъолияти ҷамъиятӣ оид ба парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишварзӣ як қатор лоиҳаҳо амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Рашт 9 марказ бо дафтари кории мобилӣ ва бастаи таҷҳизоти корӣ: компютер, принтер, ҷевони китобмонӣ ва мизу курсиҳо таъмин шуд. Инчунин, 16 инкубатори чӯҷабарорӣ, 260 оилаи занбӯри асал бо таҷҳизоташ ва 640 сар мурғи марҷон бо 23 ҳазор кило хӯрока  ба 8 гурӯҳи занон тақсим шуданд.
 Ба ноҳияи Тоҷикобод 7 трактори МТЗ 82.1, 1 комбайни  ғалладарав, 7 испор,  4 сихмола, алафтойбандӣ, култиватор, картошкашинонак, картошкаканак, алафдараваки роторӣ дастрас гаштанд. Дар асоси лоиҳа,  ба 7 мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дафтарҳои кории мобилӣ ва бастаи таҷҳизоти корӣ: компютер, принтер, мизу курсӣ ва ҷевонҳои китобмонӣ тақдим гардида, 120 оилаи занбӯри асал бо тамоми таҷҳизот ба гурӯҳи муштараки манфиатбар, ба 5 гурӯҳи ташаккули даромадовар барои занон (ГТДЗ) 400 сар мурғи марҷон ва 14 ҳазору 400 кило хӯрока тақдим шуданд.
Дар маросими  дастрас гардондани трактору мошинолоти кишоварзӣ ба механизаторон, ки дар  Рашту Тоҷикобод доир гардид, вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода, директори Муассисаи давлатии маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода, роҳбарони навоҳӣ,  масъулони  лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» иштирок ва суханронӣ намуданд. 
Татбиқи  лоиҳаҳои мазкур дар самти афзун намудани маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дошта, аъзои хоҷагиҳои дастгириёфта истеҳсоли маҳсулоти босифатро афзун намуда, сатҳи зиндагии худро беҳтар мегардонанд.

Дилшод АМИРОВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 655
12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед