logo

иқтисод

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ДАР ҒАНИШАВИИ БУҶЕТИ ВИЛОЯТ САҲМИ БЕШТАР МЕГУЗОРАНД

Ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон шудани саноатикунонии мамлакат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии миллӣ, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар шаҳри Бохтар форуми соҳибкорон доир шуд.

Қурбон Ҳакимзода, нахуст, дар саҳни кохи бошукӯҳи фарҳанг ва иттилоот аз намоишгоҳи молу колои тавлиди корхонаҳои вилоят дидан карда, саҳми соҳибкоронро дар тақвияти иқтидори истеҳсолии мамлакат, таъмини бозорҳои дохилӣ ба маҳсулоти воридотивазкунанда, фароҳамсозии ҷойҳои нави кор, бунёди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва фарҳангӣ бориз арзёбӣ намуд.
Баъдан, раиси вилоят дар толори кохи тозабунёд бо соҳибкорони ватанӣ, мудирони ширкатҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои саноатӣ, сармоягузорони хориҷӣ, роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот орост.
- Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ мефармоянд, ки бойигарии асосии Тоҷикистон на сарватҳои табиӣ, балки фарзандони бонангу номусаш, аз ҷумла, шумо – соҳибкорон ҳастед,- гуфт раиси вилоят ҳангоми суханронӣ. – Соли равон дар вилоят сарфи назар аз таъсири бади ҳамагирии коронавирус баҳри иҷрои барнома ва нақшаҳои иқтисодӣ корҳои муайян анҷом ёфта, бо натиҷаҳои хуб ҷамъбаст гаштанд. Тибқи таҳлилҳо, зиёда аз 75 дарсади даромади буҷети вилоят аз ҳисоби бахши хусусӣ мебошад. Соли ҷорӣ аз 60,3 ҳазор ҷойҳои нави кори таъсисшуда, 39,3 ҳазори он ба бахши хусусӣ рост меояд.
Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ мегардад, ки маблағи азхудшуда 448,9 миллион доллари ИМА - ро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, то 1 - уми январи соли 2020 ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда ба 1,6 миллиард доллар расид, ки 1,4 миллиард доллари он сармояи мустақим аст.
Имсол чор лоиҳаи пеш-ниҳоднамудаи соҳибкорони Хатлон аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва собиқ Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 21,3 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт. Ҳамагӣ фонд аз оғози фаъолияти худ ба 77 субъекти соҳибкории вилоят дар ҳаҷми 116,9 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок додааст.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ тайи 11 моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 88 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 891 ҷойи кори доимӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни ҳол шумораи корхонаҳои саноатии вилоят 623 - торо ташкил медиҳад. Боиси тазаккур аст, ки  танҳо аз тарафи корхона ва коргоҳҳои соли равон баистифодадодашуда ба маблағи 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки аз ин ҳисоб ба Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагӣ ворид шуданд.
Дар ин росто, бо ба кор андохтани навбати дуюми Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Синсилу Данғара» барои коркарди саноатии қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат заминаи устувор гузошта шуд.
Ҳамзамон, корхонаҳои “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Моҳир семент” - и ноҳияи Ёвон иловатан 753 нафарро ба шуғл фаро гирифтанд. Корхонаҳои мазкур имсол ба маблағи 886,8 миллион сомонӣ 2,5 миллион тонна семент истеҳсол карда, дар маҷмӯъ ба буҷетҳои дахлдор 171 миллион сомонӣ ворид намуда, дар саноатикунонии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.
Гуфта шуд, ки солҳои 2018 – 2020 аз тарафи соҳибкорони вилоят шаш фермаи парандапарварӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки имкони парвариши 780 ҳазор сар паранда ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо гӯшти хушсифат ва тухмро доранд. Дар натиҷа, тибқи омори гумрукӣ, ба вилояти Хатлон воридоти гӯшти мурғ 30 дарсад кам гардида, тухми паранда умуман ворид нашудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки соҳаи парандапарварӣ рушд менамояд.
Ҳамчунон, таъкид гардид, ки соли равон соҳибкорони вилоят ба маблағи 506,2 миллион сомонӣ 2008 иншоот ва корхонаю коргоҳҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолиро ба истифода доданд. Инчунин, бо саҳми онҳо бо харҷи 153,8 миллион сомонӣ 3 ҳазору 653 километр роҳ таъмир гашт.
Зимни мулоқот як зумра соҳибкорони маҳаллӣ доир ба роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ, омодагии иштирок дар корҳои ободонию хуррамгардонӣ, бунёди корхонаю коргоҳҳо, бартараф сохтани баъзе монеаҳо дар роҳи рушди соҳибкорӣ сухан гуфтанд.
Бино ба хабари шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар интиҳои вохӯрӣ Қурбон Ҳакимзода беш аз 40 соҳибкори фаъоли вилоятро барои саҳмгузорӣ дар ҷодаи пиёдасозии ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр кард.

М. ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 475
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед