logo

номаҳо

ГУФТАНД: «ХУБ ШУДААСТ», АММО...

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 августи соли 2019 ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ташриф оварда буданд. Зимни сафари муборак ва қудуми хуҷастаашон Ҷаноби Олӣ аз рафти ободкориҳои маркази маъмурии ноҳия -  шаҳраки Меҳрон дидан намуда, бо аҳли зиё ва фаъолон мулоқоти судманд анҷом доданд.
Дар ҷараёни суҳбат, бо иноят ва лутфи Худованди меҳрубон ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушарраф гаштам. Аз ин хеле шукргузорам. Дар зиндагӣ хотираҳои рангин бисёр дорам, вале мулоқот бо Пешвои шоистаи миллат бароям рӯйдоди муҳими таърихӣ гардид. Ҷаноби Олӣ маро ба назди худ даъват намуданд, мо бо ҳам даст фишурдем, байнамон суҳбати озод ва гарму ҷӯшон сурат гирифт. Баъд аз огаҳӣ пайдо кардан аз маош ва таҷрибаи кориам, муҳтарам Пешвои миллат аз ман пурсиданд: «Оиладор ҳастӣ?!» «Не, муҳтарам Ҷаноби Олӣ», - гуфтам. 
Пешвои миллат ба гулдухтарони зебо муроҷиат карданд: «Ана ҳамин ҷавони қадрас, мактаби олиро бо дипломи аъло хатм намудааст, муҷаррад! Ҳатто бисёр сухандон. Агар ягон хоҳишманд бошад, барои бунёди оилаи солим, марҳамат». Дар он ҳангом вуҷуди маро чӣ гуна эҳсоси шодмонӣ фаро гирифта буд, Худо медонаду худам. Шукру сипоси бепоён!...
Дар рафти мулоқот Сарвари давлат барои дастгирии ман ҳамчун омӯзгори ҷавон ба раиси ноҳия Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  гуфтанд:
Оиладор кардани омӯзгори ҷавон Ниёзӣ Кишваршоҳ;
Ба тариқи ҳашар пӯшондани хонаи истиқоматии ӯ;
Таъмин намудан бо даҳ қуттӣ занбӯри асал ва як гов бо гӯсолааш вазифаи шумо.
Аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ қариб 2 сол сипарӣ шуд, вале ҳанӯз ҳам ин супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ноҳия ва вилоят иҷро нагардидааст. Муҳаммадҷобир Раҷабзода ва Раҷаббой Аҳмадзода даст бар қафаси сина гузошта: «Хуб шудааст, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, хуб шудааст, ба ҷону дил иҷро мекунем», - гуфта буданд, вале сад афсӯс…
Муҳаммадҷобир Раҷабзода аз вазифа рафт. Мо 6 маротиб ба раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода хаттӣ муроҷиат кардем. Билохир, соҳиби гову гӯсола, қитъаи замини наздиҳавлигӣ, шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодабарии он шудам.  8 мошин хок, 196 метр арматура ва  40 халта семент дастрас карданд, шукр, вале бо ин миқдор маҳсулоти сохтмонӣ чӣ хел хона созам?

Кишваршоҳ НИЁЗӢ,
сокини деҳаи Эсизи Поён, хонаи рақами 50,
деҳоти «Иван-тоҷик», ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 2338
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед