logo

номаҳо

БАСМАНДА. ТО КАЙ МАСЪУЛОН БА ЧАШМИ МАРДУМ ХОК МЕПОШАНД?!

Деҳаи Басмандаи ҷамоати Ваҳдати ноҳияи Деваштич яке аз деҳаҳои калонтарини ноҳия буда, аҳолии он зиёда аз 11 ҳазор нафар аст. Қисме аз онҳо эҳтиёҷманд ба замини наздиҳавлигӣ барои сохтмони манзили истиқоматианд. Соли 2008 барӯйхатгирӣ шуд. Зиёда аз 700 оила бо қарори комиссияи ҷамоат ва ноҳия ҳамчун эҳтиёҷманди замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ дониста шуданд.
Аз ҳар оила ба маблағи 125 сомонӣ барои ҳуҷҷатгузорӣ маблағ ҷамъ карданд. То ҳол маълум нест, ки ин маблағ куҷо шуд. Оилаҳои эҳтиёҷманд борҳо ба роҳбарони хоҷагӣ, ҷамоат, ноҳия ва вилоят ба таври хаттӣ муроҷиат намуданд, вале ин муаммо то ҳол ҳалли худро наёфтааст.
Аз сабаби камзаминии деҳа мардуми эҳтиёҷманд розӣ шуданд, ки аз заминҳои доманакӯҳҳо ва талу теппаҳои (заминҳои ғайри кишоварзӣ - чарогоҳ) назди деҳа, ки масоҳати он 10 - 15 гектарро ташкил медиҳанд, дар ҳаҷми 0,04 гектар ҷудо карда диҳанд. Аммо гуфтанд, ки заминҳо бо сабаби селроҳа будан барои манзили истиқоматӣ номувофиқанд. Аҷаб ин аст, ки пас аз рад кардани  дархости эҳтиёҷмандон соле сипарӣ нашуда, баъзе ашхоси ба манзил эҳтиёҷнадошта соҳиби ин заминҳои доманакӯҳӣ шуданд ва дар он ҷо манзилҳои истиқоматӣ, боғ, кишти сабзавот карданд. Саволи матраҳ ин аст, ки фарқи байни мардуми одии меҳнаткаш ва он шахсони баландпоя дар чист?
Дар даврони шӯравӣ дар деҳа фермаи ширӣ-молӣ вуҷуд дошт. Масоҳати он бо заминҳои гирду атрофаш наздик ба 8 - 10 гектар буд. Соҳибони ин нуқтаҳои хизматрасонӣ дар ин ҷо манзилҳои истиқоматӣ сохтанд ва ҳар яке то 0,20 гектар замини наздиҳавлигӣ гирифтанд ва  манзили истиқоматӣ сохтанд. Онҳо бо кадом роҳ, дар асоси кадом санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ соҳиби ин заминҳои ба саҳмдорон тааллуқдошта гаштанд, касе намедонад. Роҳбари хоҷагӣ аз пурсишҳои эҳтиёҷмандони қитъаи замини наздиҳавлигӣ «ман хабар надорам» мегӯяд. Дар мақомоти иҷроияи ноҳия ҳам ҷавоб намедиҳанд. Ҳамин тавр, 22 сол боз эҳтиёҷмандони манзили зист боз ба куҷо, ба кӣ муроҷиат карданро намедонанд.

Бозорбой САНГИНОВ,
деҳаи Басмандаи ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.12.2020    №: 250 - 251    Мутолиа карданд: 2436
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед