logo

Хабарҳо

САНГВОР. БА ИСТИФОДА ДОДАНИ 68 ИНШООТИ ҶАШНӢ

Ҳоло дар тамоми гӯшаю канори кишвар ба хотири сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд. Дар ин росто вазифаи  муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номус дар ин  кори нек саҳм гузоштан аст. Дар ноҳияи Сангвор бо ин мақсад таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва, аллакай, сохтмони 107 иншооти ҷашнӣ оғоз гардида,  то имрӯз 68 – тои он ба истифода дода шудааст.
-  Тавре Муҳаммадулло Исмонов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, зимни суҳбат  ба мо гуфт аз 107 иншооти банақшагирифта 42 – тои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявию маҳаллӣ, 24 иншоот аз ҳисоби шарикони рушд ва 41-тои дигар бо ҷалби соҳибкорон бунёд гардида истодаанд. Дар 39 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ идома дошта, аз ин миқдор   21-тоаш ба соҳаи маориф, 9-то ба соҳаи тандурустӣ ва 7 иншоот ба соҳаи роҳдорӣ тааллуқ дорад.  Иншооти дигар бошад, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ марбут аст.
Воқеан, корҳои созандагиву бунёд-корӣ дар доираи эълон шудани солҳои 2019 - 2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шудаанд. Аз ин иқдом хурсандии сокинони деҳотро ҳадду канор нест ва онҳо аз ин ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукрона намуда, ҷонибдори сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд. Соҳибкорони маҳаллӣ дар дурдасттарин деҳоти ноҳия мекӯшанд  иншооте бунёд намоянд, ки барои насли ҷавон муфид бошад. Бунёди иншооти таъйиноти гуногун, пеш аз ҳама, ба хотири некуаҳволии мардум, ҷиҳати бо ҷойи кор таъмин намудани онҳост. Аз ҷумла, аз иншооти баистифодадодашуда майдончаҳои варзишӣ дар деҳаи Ёзғанди Ҷамоати деҳоти Тавилдара, дар деҳаи Лоҷурки деҳоти Ваҳдат, ҳаммоми замонавӣ, мағоза ва меҳмонхона дар маркази Ҷамоати деҳоти Сангвор, марказҳои савдо  ва сехи чӯбкорӣ дар деҳаҳои Тавилдара, Шаҳринав, Ёзғанд, меҳмонхона ва чойхона дар маркази ноҳия, маркази савдо ва сехи дӯзандагӣ дар маркази Ҷамоати деҳоти  Чилдара, ҳаммоми замонавӣ ва маркази савдо дар Ҷамоати деҳоти Вахиё, хатҳои оби нӯшокӣ, ҳуҷраи хатна дар марказҳои саломатӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар  назди муассисаҳои таълимии панҷ ҷамоати деҳот гувоҳи пешрафти корҳои сохтмонӣ ва ободкорию бунёдкориҳост. Сохтмони дигар иншооти ҷашнӣ дар қаламрави ноҳия идома дошта, то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода хоҳанд шуд.

Гулнисои САЪДОНШО, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 340
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед