logo

сафарҳо

Сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Бруней-Доруссалом

Субҳи рӯзи 3 – юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри анҷом додани сафари давлатӣ аз Сингапур ба Шоҳигарии Бруней -Доруссалом рафт.

Худи ҳамон рӯз барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо маросими бошукӯҳи истиқбол аз ҷониби Султони Бруней-Доруссалом  Ҳассанал Болкиаҳ ва мулоқоти дуҷонибаи сатҳи олӣ оғоз ёфт.
Маросими истиқболи давлатӣ бо шукӯҳи хоси шоҳона - бо саф кашидани горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.
Дар мулоқоти сарони ду давлат, ки нахуст дар ҳайати хоса ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифт, масоили ба роҳ мондани ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобилан судманд баррасӣ гардиданд. Бунёди корхонаҳои муштараки саноати сабук, аз ҷумла доир ба коркарди меваю сабзавот, иштироки сармоягузорони Бруней Доруссалом дар истихроҷ ва коркарди захираҳои фаровони Тоҷикистон, аз ҷумла металҳо ва сангҳои қиматбаҳо ва дигар маъданҳо матлуб дониста шуд.
Султони Бруней-Доруссалом  Ҳассанал Болкиаҳ ҳузури ҳайати калони соҳибкорони Тоҷикистонро дар ин сафар фоли нек аз оғози ҳамкории густурда арзёбӣ намуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ   Раҳмон Султони Бруней-Доруссалом  Ҳассанал Болкиаҳро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.
Аз рӯйи натиҷаҳои музокироти расмӣ 4 санади заминагузории ҳамкории гуногунҷанба ба имзо расид: 
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней - Доруссалом дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирии напардохтани андоз аз фоида ва сармоя;
Тафоҳумномаи умумии ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, техника, маориф, фарҳанг, масъалаҳои ҷавонон ва варзиш;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Султони Бруней - Доруссалом дар бораи сафарҳои бераводид бо шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
Протокол миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар дар бораи машваратҳои дуҷониба.
Зери ҳамаи санадҳои ҳамкорӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамроҳхон Зарифӣ ва вазири корҳои хориҷии Бруней - Доруссалом шоҳзода Муҳаммад Болкиаҳ имзо гузоштанд.
Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон директори Агентии сармоягузории Бруней Амин Абдуллоҳ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи рушди иқтисоди Бруней ҷаноби Датопадука Тимотий Онгро ба ҳузур пазируфт ва дар ду маросим оид ба муаррифии рушди иқтисодӣ ва сармоягузории ин давлат иштирок намуд.
Чунонки иттилоъ дода шуд, сарчашмаи асосии рушди иқтисодӣ ва воридоти  сармоя ба Бруней - Доруссалом аз фурӯши нафту газ ва сармоягузорӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ аст.
Зимни пурсишу посухҳо ва тамошои китоб-албомҳою наворҳо аз манзараҳои биҳиштосо ва сарватҳои бебаҳои Тоҷикистон аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва соҳибкории Бруней - Доруссалом ба иштирок дар истихроҷ, коркард ва содироти захираҳои фаровони табиати Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир гардид.
Қарор карда шуд, ки барои омӯзиши бештару наздиктари имкону захираҳои ҳамкории дуҷониба робитаҳо дар сатҳи вазорату идораҳо ва ниҳодҳои соҳибкорӣ густариш дода шаванд. Ин нукта ҳамчунин борҳо дар форуми муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Бруней  - Доруссалом, ки хеле пурмаҳсул анҷом ёфт,зикр гардид.
Шоми 3 – юми апрел Султони Шоҳигарии Бруней - Доруссалом Ҳассанал Болкиаҳ ба ифтихори ташрифи нахустини Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин кишвар зиёфати давлатии шоҳона орост.
4 – уми апрел Сарвари давлати Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон аз як деҳаи обии Шоҳигарии Бруней - Доруссалом дидан карда, бо шароити зиндагии ғайриоддӣ ва камназири мардуми ин маҳалла аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум шуд, хонаҳои мардуми ин деҳот дар болои оби ду соҳили дарё, ки чуқуриаш 10-15 метр аст, сохта шудаанд.
Дар посух ба суол доир ба он, ки чаро дар рӯйи замин, дар хушкӣ хона намесозанд, ҳам намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҳам худи сокинони маҳаллӣ посух доданд, ки онҳо зиндагӣ дар болои обро афзал медонанд. Иттилоъ дода шуд, ки умуман давлату давлатдории Бруней - Доруссалом аз ҳамин гуна маҳаллаҳои обӣ оғоз ёфта будааст ва аз ин хотир роҳбарият ва мардуми ин давлат ба ин тарзи зиндагӣ  чун мероси фарҳангӣ ва таърихии худ арҷгузорӣ мекунанд.
Аз сӯҳбат бо аҳолии деҳот ҳамчунин маълум шуд, ки онҳо, сарфи назар аз сарватмандии зиёди давлат, маоши худро, асосан бо ҳунармандӣ, истеҳсоли ашёи рӯзгор, маҳсулоти дастӣ, моҳигирӣ ва дигар корҳои нисбатан вазнин таъмин менамоянд.
Дар як гӯшаи ҳамин деҳа дар намоишгоҳе, ки ҳамчунин дар болои об бунёд ёфтааст, намоиши имконоти мавҷуда ва ояндаи сайёҳӣ ва меҳмоннавозӣ чун яке аз роҳҳои зиёд кардани даромад ба буҷети давлатӣ, муҳайёсозии ҷойҳои корӣ ҷараён гирифт.
Дар боздид аз деҳаи обӣ ва муаррифии имконоти рушди соҳаи сайёҳӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири саноат ва туризми Шоҳигарии Бруней Доруссалом ҳамроҳӣ намуд.
Нимаи дуюми рӯзи 4 – уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи исломии Султони Шоҳигарии Бруней - Доруссалом Ҳассанал Болкиаҳ ва намоишгоҳи аксҳои Султон дидан кард.
Дар намоишгоҳи исломии Султон таваҷҷӯҳи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бештар хазинаи ғании китобҳои он ҷалб намуд. Чунонки маълум шуд, дар ин ҷо як нусхаи асли китоби Эҳёи улуми динии Имом Ғаззолӣ маҳфуз аст.
Зимни сӯҳбатҳои созанда таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Шоҳигарии Бруней - Доруссалом метавонанд ҳамчунин ҳамкории густурдаи фарҳангӣ дошта бошанд.
Бо ҳамин барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Бруней - Доруссалом ба поён расид ва бегоҳии ҳамон рӯз аз пойтахти ин давлат - шаҳри  Бандар Сари Бегаван ба Ватан омад.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 699

14.12.2018


Масъалаи густариши ҳамкориҳо матраҳ гашт

Баргузории ҷаласаи Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ

Машварати сиёсии Тоҷикистону Олмон

Лукашенко: «Бозори Россия барои Беларус якумрӣ кифоят мекунад»

Вазири олмонӣ таҳримоти нави зиддирусиро нахост

Дар Сурия беш аз 30 ҳазор манзилро барқарор намуданд

Таҷлили 90-солагии нависандаи зиндаёд Чингиз Айтматов дар Қирғизистон

Ҷаҳон дар як сатр

Як вохӯрии муҳим

13.12.2018


Иштироки Азим Иброҳим дар Форуми ҳамкории Чин ва Осиёи Марказӣ

Шаҳри Душанбе бо музофоти Хайнан бародаршаҳр гардид

Вохӯрии Заробиддин Қосимӣ бо Абдулазиз ибни Абдулкарим ал-Исӣ

Мадуро вохӯриашро бо Путин таърихӣ унвон кард

Қазоқистон 50 номгӯи маҳсулотро ба содирот баровард

Дабири кулли СММ: «Лағви шартномаи Париж «худкушист»

Голикова: «Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамагӣ 1,4 миллион нафар мондаанд»

Дар Қирғизистон домоди қотил 20 сол зиндонӣ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

12.12.2018


Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ бо Лю Бин

Таҳкими ҳамкориҳо бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

Таъсиси шӯрои рушди маориф

Қазоқистон калонтарин дар ИДМ неругоҳи барқи офтобиро ба кор даровард

Дар Қирғизистон ба волидони кӯдакони маъюб маош таъйин мекунанд

Чин ваъдаи кам кардани боҷ ба автомобилҳои амрикоиро баҷо меорад

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТӢ. Тоҷикистон 6 медали тилло ба даст овард

РОҲ БА СӮИ ТОКИО. Ҷаласаи машваратӣ бо федератсияҳои варзишӣ

ХУҶАНД. Бунёди 5 иншооти нав

МУЪМИНОБОД. "Якарча" ба кор даромад

СММ: “Аз коррупсия иқтисоди ҷаҳонӣ соле 2,6 триллион доллар талаф медиҳад”

Дар Стокголм ҷоизаҳои Нобел барои соли 2018 супурда шуданд

Катрунгалос: «Муносиботи мо бо Россия самимитар гашт»

Дар Қазоқистон нархи яклухти барқ ва газро паст мекунанд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед