logo

иқтисод

ЧОРВОДОРӢ. БАЙТОРОНИ МАҲАЛЛӢ УСУЛҲОИ МУОСИРИ ТАБОБАТРО ОМӮХТАНД

Дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ, дар шаҳри  Душанбе  оид ба роҳҳои пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвоноту парандаҳо, махсусан эмгузаронии парандаҳои хонагӣ  ва коркарди шир, барои 30 нафар занони байтор аз гӯшаю канори  кишвар давоми се рӯз семинари омӯзишӣ гузаронда шуд.

Ин ташаббуси созмон дар Тоҷикистон  аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, барои амалӣ гардондани сиёсати ислоҳотпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  равона  шудааст. Ба  давраи омӯзишии мазкур  занони фаъоли байтор  аз шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Ваҳдат, Норак, Хоруғ, Хуҷанд, Мастчоҳ ва Ҷайҳун ҷалб гардиданд. Дар раванди омӯзиш  онҳо аз навигариҳои соҳаи байторӣ, тарзи истифодаи технологияи табобатӣ, маҳсулоти дорувории ҳайвоноту парандагон, ҳамзамон,  таҷрибаю  малакаи ҳамдигар бархӯрдор шуданд.  Барномаи таълимӣ  барои занон  ва ҷавонон  мавзӯъҳо оид ба чорабиниҳои пешгирикунанда, аз ҷумла эмкунӣ, дезинфексияи маҳали нигоҳдории чорвою  парандаҳо, ваксинагузаронии парандаҳои хонагӣ, усулҳои муайянсозии сифати шир ва таркиби кимиёию  физикии онро,  дар бар гирифт. Бахши назариявии машғулиятҳои омӯзишӣ  аз ҷониби олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, институтҳои байторию чорводорӣ, масоили амнияти биологии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва қисми амалӣ дар хоҷагиҳои чорводору  корхонаҳои коркарди шири шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав гузаронда шуд.
- Фаъолмандии занони байтор дар Тоҷикистон  ҷиҳати омӯзиши амиқтару васеътари усулҳои муосири нигоҳдорӣ ва табобати чорвою парандаҳои хонагӣ боиси ҳавасмандии мо намояндагони Иттиҳоди Аврупо ба ҳамкории бештар бо Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин самт гардид.  Дар натиҷаи машғулиятҳои омӯзишӣ маълум  шуд, ки малакаҳои бадастомада барои рушди  босамару  сифатии чорводорӣ дар Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд, - гуфт  роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Мерилин Йосефсон.
 Бо назардошти  натиҷаҳои назарраси ин давраи омӯзишӣ  доир ба   муносибати оқилонаи одамон бо ҳайвоноту муҳити зист,  самаранок  гардондани чорводорӣ  ва  диққати ҷиддӣ додан ба  солимии ҳайвонот таклифу пешниҳодҳои муфид сурат гирифтанд.
Олег Гучгелдиев, намояндаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ  дар Тоҷикистон,  аз  талошу кӯшиши занони байтори кишвар изҳори хушнудӣ намуда, зикр кард, ки онҳо барои беҳтар намудани вазъи  чорводории хонаводаҳо дар деҳоти ҷумҳурӣ  нақши калидӣ дошта метавонанд.
- Бо иштирок дар ин кори омӯзишӣ  онҳо донишу малакаи худро тақвият доданд, ки  сифати хидматрасониро дар ин соҳа боз беҳтар хоҳанд кард. Ман итминони комил дорам, ки чунин ташаббусҳо тавассути кам намудани талафоти чорво, таъмини бехатарии маҳсулоти он   барои истеъмоли дохилӣ ва савдо сатҳи камбизоатиро низ дар деҳот коҳиш медиҳанд”,  -  гуфт О. Гучгелдиев.

Бунафша АЗИМОВА, мутахассиси иртибототи СОКТ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.01.2021    №: 1    Мутолиа карданд: 587
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед