logo

сиёсат

АЗ РӮЗИ АВВАЛ БА Ӯ БОВАР ДОШТАМ...

Аз рӯзҳои аввали фаъолият ба ҳайси Президенти кишвар  пиндор, гуфтор ва рафтори Сарвари давлат маро ба ваҷду шодӣ меоваранд.  Ростӣ,  аз рӯзҳои аввал мушоҳида кардаам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якрӯву якқавланд. Тамоми ваъда ва гуфторҳояшонро дар амал пиёда месозанд.
«Ман ба шумо сулҳ меоварам»,- гуфтанд ва оварданд. Туфайли аз худ гузаштанҳои Сарвари давлат дар Тоҷикистон сулҳ пойдор гардид. «Агар лозим шавад бо нохун нақби Анзобро месозем» - гуфтанд ва сохтанд.  Солҳост, ки нақби «Истиқлол» дар хизмати мардум аст ва баъдтар нақбҳои Шаҳристону Шар – шар, Ҷормағзак низ сохта шуданд.
«Тоҷикистон ба пеш!». Бо ин нидо роҳи  автомобилгарди Душанбе – Чанок, Панҷакент - Айнӣ, Душанбе – Турсунзода, Кӯлоб – Кулма ва садҳо пулу роҳҳову пайроҳаҳои дигарро сохтем. Оре, Тоҷикистон пешрафт дорад.
Бузургтарин хислати Ҷаноби Олӣ ин муҳаббат ба пирону маъюбон ва хосса ятимон аст. Ҳатто дар замони шӯравӣ ягон нафар курсинишин ба ятимхонаю парваришгоҳҳо намерафт. Зинда бошед,  Сарвари ятимпарвар.
Бадахшон, Суғд, Хатлон ва Рашт обод мешаванд. Касе дар хаёл надошт, ки  дар Рашт, Панҷакенти бостону Данғара донишгоҳҳо оғӯши меҳр ба пешвози ҷавонон мекушоянд. Ин хобу хаёле буд. Имрӯз ин ҷо  садҳо донишҷӯён илму адаб меомӯзанд.
Баъди ғарибиҳо ба Хуҷанд овардани хоки мазори Камоли Хуҷандӣ шоистатарин иқдоми Пешвои миллат буд,  инчунин, обод кардани хокҷойи Мирзо Бедил дар Ҳиндустон. Халқ дуое дорад: рӯҳи пиру пешвоҳо мададгор шавад. Имрӯз рӯҳи  Айниву Турсунзода ва Бобоҷон Ғафуров дастгиру мададгори Президенти кишвар аст.
Садҳо китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар байни мардум  ройгон тақсим карда  мешавад. Метавон бо итминон гуфт, ки номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дилҳои мардум маъво гирифт ва оянда бо хатҳои заррин дар саҳифаҳои таърихи тоҷикони ҷаҳон сабт мегардад.

Холмурод САФАРЗОДА,
узви Иттифоқи журналистони
Тоҷикистон, шаҳри Панҷакент


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.01.2021    №: 2    Мутолиа карданд: 226
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед