logo

Хабарҳо

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБИ СОЛ – 2020». ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД

Боиси хушнудӣ ва ифтихормандист, ки китоби корманди рӯзномаи мо - шоири ҷавону сабзқалам Бузургмеҳри Баҳодур «Баҳор овардан осон нест…» дар бахши назми Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол - 2020» сазовори ҷойи дуюм гардид.

Озмун бо ташаббуси Вазорати фарҳанги кишвар аз рӯи 6 бахш - назм, наср, асарҳои публитсистӣ ва назму насри бачагона гузашт. Тавре аз маркази матбуоти вазорати мазкур ба мо иттилоъ доданд, ба озмун 39 китоби тозанашр пешниҳод шуда буд.
Ҳайати ҳакамон дар бахши назм ҷойи аввалро  ба китоби «Таронаборон» - и Сафар Аюбзодаи Маҳзун сазовор донистанд. Китоби «Таронаҳои ватандорӣ» - и Шаҳрияи Аҳтамзод сазовори ҷойи сеюм шуд. 
Дар бахши наср китоби «Подош» - и Сироҷиддин Икромӣ  мақоми аввал ва китоби  Неъматулло Худойбахш - «Ман хабаркаш нестам» ҷойи дуюмро гирифт. Китоби  «Бе ситора нестам» - и Зулфия Атоӣ ба ҷойи сеюм сазовор дониста шуд.
Ҳайати ҳакамон дар бахши асарҳои публитсистӣ ҷойи аввалро  ба китоби Ҳасан Асоев  «НБО “Роғун” - кафолати  рушди устувори минтақа» ва ҷойи дуюмро ба китоби Сабрин «Гули худрӯи Бартанг» сазовор донистанд. Китоби «Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов» - и Абдуғаффор Абдуҷаббор дар ҷойи сеюм қарор гирифт.
Дар бахши асарҳои назми бачагона китоби шоири зиндаёд Гулназар Келдӣ “Бо ҳам мо Тоҷикистон”  ва “Чашмасор”- и Муродалӣ Собир китоби сол эълон шуданд.
Дар бахши асарҳои насри бачагона “Шоҳпарак ва рангинкамон”- и Маҷид Салим, “Яке буд яке набуд”- и  Гулчеҳра Муҳаммадиева ва “Шодии талх” - и Сайидо Шарифӣ аз беҳтаринҳо буданд.
Ғолибон бо диплом ва мукофоти пулӣ қадр гардиданд.
Озмун бо мақсади дарёфти беҳтарин асарҳои бадеӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ки мавзӯъҳои худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот, садоқат ба Ватанро фаро гирифтаанд, роҳандозӣ мегардад.
Зимнан, Бузургмеҳри Баҳодур муаллифи китобҳои “Ҳамболи турнаҳо” ва “Соғари садо” низ мебошад. Соли 2017 барои нашри китоби “Ҳамболи турнаҳо” ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 660
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед