logo

Хабарҳо

МАЪМУРИЯТИ БАЙДЕН НИЯТИ БО РОССИЯ ДОИР БА ССҲ БА МУВОФИҚА РАСИДАН ДОРАД

CNN. «Маъмурияти нави ИМА нақша дорад, ки бо Россия дар бораи тамдиди Аҳдномаи коҳишдиҳӣ ва маҳдудсозии силоҳи стратегии ҳуҷум гуфтушунид кунад», - гуфт мушовири президенти тозаинтихоб Ҷейк Салливан.
"Ман итминон дорам, ки имрӯз ИМА ва Россия метавонанд дар доираи манфиатҳои миллии худ амал кунанд ва дар самти назорати силоҳ ва суботи стратегӣ пеш раванд ва таҳдиди силоҳи ҳастаиро ба тамоми ҷаҳон ҳаллу фасл кунанд ,"- гуфт Салливан.
Ӯ зикр кард, ки маъмурияти нав нақша дорад, фавран масъалаи тамдиди паймонро дар бораи чораҳои минбаъд кам ва маҳдуд кардани яроқи стратегии ҳуҷум ҳал кунад.


БРИТАНИЯ БАРОИ МАРДУМИ КИШВАРАШ 100 МИЛЛИОН ВОЯИ ВАКСИНАИ ASTRAZENECA МЕХАРАД
АИР "Новости". Ҳукуматдорон бо ин миқдор дору аҳолии кишварро аз сирояту бемории коронавирус ҳифз кардан мехоҳанд.
100 миллион воя барои эмкунии тамоми шаҳрвандонамон кофист, - изҳор дошт вазири тандурустии шоҳигарӣ Мэтт Хэнкок.
Ба гуфтаи вазир, ҳамин ҳафта барои эмкунӣ 5,3 ҳазор воя дастрас хоҳад шуд, аз моҳи феврал бошад, он ба чандин миллион адад мерасад.


ПОЛИТСИЯИ ЧИН БА МАБЛАҒИ $23 МИЛЛИАРД ҶИНОЯТИ АНДОЗРО ОШКОР СОХТ
REGNUM. Соли 2020 политсияи кишвар беш аз 12,9 ҳазор ҷинояти андозро тафтиш намуд, ки қариб 150 миллион юан (тақрибан $23 миллиард)-ро ташкил медод, - хабар медиҳад Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин.
Чин маъракаи миллии мубориза бо ҷинояти андозро дар бештар аз 100 шаҳри калонтарин роҳандозӣ намуд. Дар натиҷа политсияи 19 минтақаи кишвар 50 синдикатро ошкор сохт, ки дар манзари пандемияи коронавирус даст ба чунин ҷиноят задааст. Соли гузашта бо ин ҷурм 790 гумонбар ҳабс шуд.


ОЛИМОН АСБОБЕ СОХТАНД, КИ ДАР 10 СОНИЯ SARS-COV-2-РО МУАЙЯН МЕСОЗАД
REGNUM. Ин комёбӣ ба олимони Донишгоҳи Билкенти Анқара даст дод.
Асбоб, ки Diagnovir номида шуд, коронавирусро аз луоби даҳон ошкор сохта метавонад. Барои ин амал ба он ҳамагӣ даҳ сония кофист. Ба гуфтаи олимон, муфидии асбоб то ба 99 дарсад мерасад. Технологияе, ки дар асбоби нав истифода мешавад, дар муддати ҳафт моҳ аз ҷониби мутахассисони турк ихтироъ шудааст. Он на танҳо SARS-CoV-2, балки дигар ангезаҳои сироятиро низ муайян карда метавонад.


ДАР ӮЗБЕКИСТОН БАРОИ МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ПОРАГИРӢ МУКОФОТПУЛӢ ТАЪСИС ДОДАНД
Sputnik. Ҳукумати Ӯзбекистон муқарраротро дар бораи тартиби ҳавасмандгардонии шахсоне, ки дар бораи ҷиноятҳои коррупсионӣ хабар додаанд ё дар мубориза бо коррупсия ба тарзи дигар саҳм гузоштаанд, тасдиқ кард
"Ин афрод бо мукофоти яквақтаи пулӣ дар ҳаҷми аз 3 то 25 арзиши ҳисобшудаи асосӣ (аз 64 то 530 доллар) мукофотонда мешаванд", - омадааст дар хабари Вазорати адлия.
Агар миқдори ришва ё зарари расонда аз нишондиҳандаи музди меҳнати ҳадди ақал аз 100 маротиба зиёдтар бошад (аз 2,5 ҳазор доллар), пас мукофот дар ҳаҷми 10 - 15 дарсад аз арзиши ришва ё амволи тасарруфшуда пардохт карда мешавад, - шарҳ додааст ниҳод.
Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, дар ду соли охир дар кишвар 986 мансабдор барои ҷиноятҳои коррупсионӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуд, зарари ин ҷиноятҳо 2 триллион сӯм (тақрибан 200 миллион доллар) - ро ташкил медиҳад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 760
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед