logo

иҷтимоиёт

БОХТАР. ФАРДО АЗ ИМРӮЗ ШУКУФОНТАР МЕШАВАД

Дар шаҳри Бохтар дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба таври дилхоҳ таъмин гардид.
Чуноне раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода зикр кард, то 2 декабри соли 2020 маҷмӯи истеҳсоли маҳсулот 285,9 миллион сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 21,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳаи саноат ҳамчун соҳаи воқеии иқтисодиёт дар мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Зеро дар шароити имрӯза бе мавҷудияти саноати пешрафта таъмини сатҳи баланди зиндагии мардум, ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ аз имкон берун мебошад.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3,3 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба маблағи 10,4 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсол 5,4 фоизро дар бар мегирад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафи чорум, яъне саноатикунонии босуръати кишвар бо ташрифи Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар минтақаи саноатии шаҳр ду корхонаи саноатӣ: истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, дучарха ва нассоҷӣ ба истифода дода шуд, ба ин васила 135 ҷойи корӣ таъсис ёфт.
Зикр кардан бамаврид аст, ки маъмурияти ширкатҳои «Трансформатор», «Ресанда», “Кота Глобал”, “Форсиён”, «Эҳтиром» ва «Имрон Бохтар» дар натиҷаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.
Дар давраи сипаригашта ташкилотҳои сохтмонӣ дар беҳсозии симои меъмории шаҳр ҳиссаи сазовор гузошта, як зумра корҳоро ба анҷом расонданд.
Ҷамъи маблағгузориҳои асосӣ дар миқёси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои сармоягузорон 130,1 миллион сомониро ташкил намуда, дар баробари он ба маблағи 102,5 миллион сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд, ки он ҳам мутаносибан ба маблағи 10 миллион  сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ корҳои сохтмонӣ дар кохи фарҳанг ба маблағи 6,6 миллион сомонӣ, азнавсозии майдони “70 - солагии водии Вахш” ва майдони Нишони давлатӣ ба маблағи 1,6 миллион сомонӣ пурра анҷом пазируфтанд.
Айни ҳол сохтмони биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ, хизматрасонӣ, таълимӣ ва варзишӣ дар ҳудуди шаҳр, ки беш аз 98 ададро ташкил медиҳад, дар асоси нақшаи генералии шаҳри Бохтар идома дорад.
Бо мақсади иҷрои нақша - чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 307 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. 96 адади он дар соли 2020 иҷро гашт, боқӣ то ҷашн пурра иҷро мегардад.
Соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду маротиба бо сафари корӣ ба шаҳри Бохтар ташриф оварда, бинои панҷошёнаи маркази саломатии “Дурахшон”, бинои иловагии таълимии коллеҷи тиббии хусусӣ, кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳр, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар иншооти муҳимро ба истифода доданд.
Инчунин, дар ин давра боғи дарахтони нодир бо гармхонаи замонавӣ дар масоҳати 600 метри мураббаъ бунёд ёфт, таъмири МТМУ № 7, биноҳои истиқоматии 6-ошёна бо ташкили маркази савдо, хоҷагии манзилию коммуналӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 12 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, 5 гулгашт, 2 майдончаи варзиш, 2 бунгоҳи тиббӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуда, 11 километр роҳ сангфарш, 6,6 километр лӯлаи об иваз ва 1,1 километр лӯлаи паспартов хобонда шуд, чароғонкунӣ ва насби чароғакҳои ороишӣ дар кӯчаву хиёбонҳо ва биноҳои маъмурии ташкилоту идораҳои шаҳрию вилоятӣ ба анҷом расид.
Ободонӣ, кабудизоркунии кӯчаю хиёбонҳои шаҳр ба зиммаи кормандони КДФ “Ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунӣ” вогузор шудааст.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ муассиса бо мақсади ободу зебо ва гулу гулзор намудани майдону хиёбонҳои шаҳр зиёда аз 600 бех ниҳоли ороишии ҳамешасабз ва 1,5 миллион дона гулҳои мавсимӣ шинонд, аз ҷумла зиёда аз 500 ҳазор гули лола. Дар ҳудуди корхона дар масоҳати 1600 метри мураббаъ гармхона сохта, ба истифода дода шуд, ки айни ҳол дар он беш аз 300 ҳазор бех гулҳои мавсимӣ парвариш меёбанд.

Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2021    №: 3    Мутолиа карданд: 150
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед