logo

иқтисод

ХАТЛОН. 88 КОРХОНАИ НАВ БО 891 ҶОЙИ КОР БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ КАРД

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёди 380 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 2 ҳазору 600 ҷойи кор ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, соли равон ба истифода додани 112 корхонаву коргоҳи саноатӣ дар назар аст ва тайи ёздаҳ моҳи соли равон 88 корхонаву коргоҳи нав бо таъсиси 891 ҷойи кори доимӣ ба фаъолият шурӯъ кард.

Дар ин бора Носирҷон Маъмурзода, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят ба хабарнигори «Ҷумҳурият», иттилоъ дод, ки аз 380 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ, аллакай, 256 иншоот бо 2 ҳазору 759 ҷойи кор мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Фаъолияти ин корхонаву коргоҳҳо, асосан, ба истеҳсоли маҳсулоти семент, нахи пахта, барқ, орд, коркарди меваю сабзавот, шир, қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маводҳои бастубанди тиббӣ, дӯзандагӣ ва дигар иншоот равона гардидааст.
- Ҳоло дар вилоят 623 корхонаи саноатӣ буда, аз тарафи корхона ва коргоҳҳои дар соли ҷорӣ баистифодадодашуда ба маблағи умумии 36,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет маблағҳои иловагӣ ворид шуданд, - илова кард Н. Маъмурзода.
Дар вилоят бо ба кор андохтани навбати дуюми маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Ҷунтай Синсилу Данғара» барои коркарди қариб 15 ҳазор тонна нахи пахта ва бо иқтидори солонаи 12 ҳазор тонна ришта, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат заминаи устувор гузошта шуд.
Инчунин, корхонаҳои «Хуаксин Ғаюр семент» ва «Моҳир семент» - и ноҳияи Ёвон, ки ба истеҳсоли семент машғул мебошанд, 753 нафарро ба шуғл фаро гирифтаанд. Корхонаҳои мазкур соли ҷорӣ ба маблағи 886,8 миллион сомонӣ 2,5 миллион тонна семент истеҳсол карда, дар маҷмӯъ ба буҷетҳои дахлдор 171 миллион сомонӣ маблағ пардохт кардаанд.
Айни замон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, маблағи умумии азхудшуда 448,9 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, то 1 январи соли равон ҳаҷми сармояи хориҷии ба вилоят воридшуда 1,6 миллиард доллари амрикоӣ мебошад, ки 1,4 миллиард доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад.
Соли ҷорӣ 4 лоиҳаи пешниҳоднамудаи соҳибкорони хатлонӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маблағи 21,3 миллион сомонӣ дастгирӣ ёфт. Дар маҷмӯъ, собиқ фонди дастгирии соҳибкорӣ аз оғози фаъолияти худлоиҳаҳои сармоягузории 77 субъекти соҳибкории вилоятро барои гирифтани қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 116,9 миллион сомонӣ дастгирӣ кардааст.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ёздаҳ моҳ ба 7 миллиарду 927,8 миллион сомонӣ расид, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 237,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳоло дар вилоят 90 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.
Дар ин давра ҳиссаи саноати коркард дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 49 дарсад, истеҳсол ва таъмини неруи барқ  46,7 дарсад, саноати истихроҷ 3,8 дарсад, таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 0,5 дарсадро такшил дод. Инчунин, дар соҳаи хӯрокворӣ ба маблағи 844,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуд.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2021    №: 3    Мутолиа карданд: 822
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед