иҷтимоиёт
ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ РАВАНДИ ҶУДОНАШАВАНДА
Соҳаи маориф яке аз соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Асоси ҷомеаи имрӯза ва оянда аз пешравии соҳаи маориф вобастагии хос дорад. Аз ин сабаб, Ҳукумати кишвар диққати асосиро ба муассисаҳои таълимӣ равона месозад. Намояндагони мақомоти давлатӣ ба муассисаҳо омада, сарулибос ва донишу давомоти хонандагонро ба қайд гирифта, ба роҳбари муассиса ва роҳбарони синф вохӯриҳо менамоянд. Хонандагони сустхону бадахлоқро номнавис карда, ба онҳо суҳбатҳо мегузаронанд. Падару модаронро огоҳ намуда, онҳоро ба роҳи дуруст ва хониши хуб ҳидоят менамоянд.
Дуюми августи соли 2011 “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ба тасвиб расид. Асоси ин қонунро диққати ҷиддии волидон нисбат ба фарзандони худ дар таълиму тарбия ташкил медиҳад. Яке аз вазифаҳои асосии волидон таъмин намудан бо воситаҳи таълимӣ ва шароити муносиб фароҳам овардан ба фарзанди худ мебошад. Тарбия ин парвариш, таълим додан ва омӯхтани адаб ба хонанда аст.
Мақсади асосии муассиса ин додани дониши хуб ба хонандагон ва баланд бардоштани малакаю маҳорати онҳо мебошад. Пайвастагии таълиму тарбия аз се ниҳод иборат аст. Оила, мактаб ва ҷомеа. Омӯзгор фаъолияти фикрию ҷисмонии кӯдакро инкишоф медиҳад. Асоси ин соҳаро омӯзгор ва зиёиён ташкил медиҳанд. Ҳар як омӯзгор, сарфи назар аз он ки аз кадом фанни таълимӣ дарс мегӯяд, бояд мураббии шогирдони худ бошад, зеро ҳамбастагии таълиму тарбия хеле мураккаб ва душвор аст.
Илми педагогика собит менамояд, ки тарбия аз рӯи мақсаду вазифа ва мазмун нисбат ба таълим бузургтару васеътар аст.
Бо фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикиситон Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 марти соли 2006, № 96 тасдиқ гардид. Дар ин консепсия 4 марҳилаи тарбия оварда шудааст. Оила, муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ - техникӣ асоси онро ташкил медиҳанд. 18 намуди тарбия дар ин ҳуҷҷати давлатӣ оварда шудааст: тарбияи ахлоқӣ, маънавӣ, ҷисмонӣ, экологӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, миллӣ. Тарбия ба се чиз ниёз дорад: лаёқат, илм ва таҷриба. Таълим - фаъолияти омӯзгор ва хонанда дар ҳамкорӣ бо падару модар, ки дар натиҷаи он дониш, маҳорат, малака, тарбия, ҷаҳонбинӣ ҳосил мегардад.
Муассиса муҳимтарин макони иҷтимоии ҷомеа ба ҳисоб меравад. Фарқияти он аз дигар муассисаҳо дар он аст, ки имрӯз мактаб дар кадом сатҳ ба насли наврас таълиму тарбия медиҳад. Таълимгоҳ қодир аст, ки имрӯз ҷомеаро аз қафои худ ба сӯи қуллаҳои мурод бибарад.
Манзура НАЗАРОВА, омӯзгори МТМУ № 54, ноҳияи Сино
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.01.2021 №: 3 Мутолиа карданд: 103