logo

иҷтимоиёт

ҲАСАНОВИТ. МИНЕРАЛИ НАВИ ОЛИМИ ТОҶИК

Дар  маҷаллаи минералогии Ассотсиатсияи байналмилалии минералогии № 1– 4, 2020 (Mineralogical Magazine, 2020, 1-4, Cambridge University Press) ва бюллетени комиссия оид ба минералҳои нав номенклатура ва таснифот, моҳи августи соли 2020 маълумот оид ба тасдиқ шудани номи минералҳои нав нашр гардид.  Дар байни онҳо  минерали Ҳасановит, ки бо номи олими соҳаи геология, доктори илмҳои геология ва минералогия, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Абдураҳим Ҳасанович Ҳасанов гузошта шудааст, ҷойгир мебошад.
Аз рӯйи қоидаҳои мавҷуда, иктишофгари минерали нав бо хости худаш метавонад, минерали навро дар комиссияи минералҳои нав номенклатура ва таснифоти Ассотсиатсияи байналхалқии минералогӣ бо розигии хаттии олиме, ки минерал бо номи ӯ гузошта шудааст, номгузорӣ ва барои тасдиқ  пешниҳод намояд.
Таркиби кимиёвии минерали ҲАСАНОВИТ, Na(MoO2)(SO4)2, сохтори моноклинӣ дорад ва дар водии дарёи Фон-Яғноб, дар анбӯҳи Кӯҳи Малики  вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт гардидааст. Намунаи ин минерал  дар коллексияи Осорхонаи минералогии ба номи А.Е. Ферсмани Академияи имлҳои Россия, таҳти рақами 5568/1 ҷойгир мебошад. Маълумот оид ба минерали нав, инчунин, дар сомонаи интернетии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷой дода шудааст. Дар он зикр гардидааст, ки минерали мазкур на танҳо аҳамияти илмӣ дорад, балки ҳангоми бозёфт намудани хобишҳои калони он барои иқтисодиёти ҷумҳурӣ аҳамияти амалиро низ дорост.
Иктишофгарони ин минерал – Мирак Мираков (Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ), Леонид Паутов (Осорхонаи минералогии ба номи А.Е. Ферсмани Академияи илмҳои Россия), Олег Сийдра (Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург), Саймудасир Маҳмадшариф (Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ), Владимир Карпенко ва Павел Плечов (Осорхонаи минералогии ба номи  А.Е. Ферсмани Академияи илмҳои Россия) – меҳнатҳои бисёрсола ва хизматҳои А.Ҳ. Ҳасановро  дар омӯзиши минералогияи канданиҳои фоиданок, инчунин, дар самти тайёр намудани кадрҳои геологии кишвар ба назар гирифта, ин минералро ба номи ӯ гузоштанд.
Абдураҳим Ҳасанов, соли 1933 таваллуд шуда, соли 1949 мактаби миёнаи шаҳри Душанберо бо медали тилло хатм намуд ва ба шуъбаи геологияи факултети фанҳои табиии Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) дохил мешавад. Пас аз хатми донишгоҳ ба кафедраи минералогия ва петрография ба кор даъват  мегардад, ки бо корҳои педагогӣ ва фаъолияти истеҳсолии геологӣ машғул мешавад.
Дар тӯли ин солҳо аз курси петрография, геологияи конҳои канданиҳои фоиданок, иқтисоди ашёи минералӣ ба донишҷӯён дарс гуфтааст. Маводҳои лексионии тӯли ин солҳо ҷамъшуда, асос барои навиштани  якчанд дастури таълимӣ гаштаанд. Муаллифи зиёда аз 300 кори илмӣ, аз ҷумла монография барои масъалаҳои гуногуни геология, петрология ва металлогения (минерагения), пайдоишоти магматикӣ комплексҳои метосоматикӣ ва маъдании Тоҷикистони марказӣ (Тён-Шони ҷанубӣ) мебошад.
Ғайр аз ин,  аз тарафи профессор А.Ҳ.Ҳасанов дастури таълимӣ «Курси мухтасари канданиҳои фоиданок» дар ду ҷузъ (солҳои 1997 ва 1998), «Аҳамияти хоҷагидорӣ - халқӣ ва масъалаҳои иқтисодии ашёи минералӣ», «Сангҳои ранга ва ороишии Тоҷикистон» бо забони русӣ (с.1989) ва тоҷикӣ (с.1990), «Дастури таълимӣ барои гузарондани таҷрибаомӯзии геологӣ дар водии Зиддеҳ» (бо ҳаммуаллифӣ) инчунин, 12  китобча барои соҳаҳои гуногуни илм дар бораи замин, ки масъалаҳои заминҷунбӣ, бехатарии кӯли Сарез, пайдоиши мумиё аз  нуқтаи назари эндогенӣ, экология, тағйирёбии иқлими минтақаи АвруОсиё ва обшавии пиряхҳои Помир ва Тён-Шонро дар бар мегиранд. Соли 2020 дастури таълимиаш «Асосҳои геологияи конҳои канданиҳои фоиданок», ки ба 70-умин солгарди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, аз чоп баромад.
Хизматҳои  профессор А.Ҳ. Ҳасанов  аз тарафи роҳбарияти ҷумҳурӣ қадр гардидаанд. Соли 1991 ба дарёфти унвони Ходими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000-ум - академики илмҳои муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидааст. Имрӯз минерали нав кашфшуда ба номи ин олими бузург номгузорӣ гардидааст.

С. ГАРИБМАХМАДОВА,
мудири кафедраи геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок,
 Р. ТАЛБОНОВ,
мудири кафедраи минералогия
ва петрография,
Ф.ИСКАНДАРОВ,
дотсенти кафедраи минералогия ва петрографияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.01.2021    №: 3    Мутолиа карданд: 51
25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РАШТ. ҲАДАФИ ЧОРУМИ МИЛЛӢ ЗИНДАГИРО РАНГИ ДИГАР МЕБАХШАД

ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҲУНАРҲОИ ОРОИШӢ АЗ САНГ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БЕШ АЗ 108 000 ТОННА МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

ЭКОЛОГИЯ. НАҚШАИ НИҲОЛШИНОНӢ 30 ДАРСАД ЗИЁД ИҶРО ГАШТ

НОРАК. АВЛАВИЯТ БА КИШТИ ТАКРОРӢ

16.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҶАҲОН

Навидҳои фарҳанг

15.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед