иҷтимоиёт
АДРИА. МАҚСАД - ТАЪМИНИ РАҚОБАТИ СОЛИМ ДАР БОЗОР
АДРИА - Ассотсиатсияи касбии дилерҳои расмии тавлидкунандагони автомобилҳои хориҷию ватанӣ буда, моҳи октябри соли 2020 таъсис ёфт ва аз аввали соли 2021 ба фаъолият оғоз кард. Айни замон 7 ширкате, ки дар самти воридот, фурӯш, нигоҳдорӣ ва таъмиру хизматрасониҳои кафолатноки техникии автомобилҳо фаъолият мекунад, ба он ҳамчун аъзои комилҳуқуқ шомил гардидаанд.
Ширкатҳои ҶДММ «Авто Тоҷикистон» – дистрибютери расмии "Хундай Мотор Корпорейшн", ҶДММ «Тадж Моторс» - дилери расмии "Тойота Мотор Корпорейшн", ҶДММ «Лесинвест» - дилери расмии "Ҷенерал Моторс", (Ӯзбекистон), ҶДММ «Старлекс» - дилери расмии "Даймлер (Мерседес Бенс)", ҶДММ «Хакко Энтерпрайз» - дилери расмии «Шкода Авто», ҶДММ «Олуча Авто» - дистрибютери расмии «Авто Ваз» (Лада) ва ҶДММ «Акиа Авесто Автоматив Индастри» - истеҳсолкунанда ва дистрибютер мебошанд, ки фаъолияти худро дар тамоми ҳудуди кишвар ба роҳ монданд.
Ҳадафи асосии таъсис додани ассотсиатсия ба гуфтаи директори он Асрор Мирзоев, пеш аз ҳама, таъмини шаффофият дар хизматрасониҳо ва фаъолияти иштирокчиёни бозор, намояндагӣ аз манфиатҳо дар сатҳи давлатӣ, ҷорӣ намудани рақобати солим байни иштирокчиёни бозор, дастгирии намояндагони расмӣ ҳамчун андозсупоранда ва ба ин восита пурра таҳти назорати гумрукӣ ва андозбандӣ қарор гирифтани манбаъҳои воқеӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Ин амал бешубҳа, барои ғанӣ гардондани буҷети давлат ва беҳтар сохтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд.
Боиси зикр аст, ки ташкили низоми мутавозини муносибатҳои байни давлат ва иштирокдорони бозори автомобилӣ шароити баробари тиҷоратӣ барои ҳамаи субъектҳои дар соҳа ширкатнамуда фароҳам оварда, ба мизоҷон ҳуқуқи интихоб карданро медиҳад. Бар замми ин, ташаккули фарҳанги харид ва имконияти истифодаи автомобилҳои навро ба миён меоварад.
- Аз ин лиҳоз, Ассотсиатсияи дилерҳои расмии истеҳсолкунандагони автомобилҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташуда, ҳамаи сохтору ташкилотҳои дахлдорро барои ҳамкорӣ дар ин самт даъват менамояд, - гуфт Асрор Мирзоев.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.01.2021 №: 3 Мутолиа карданд: 57