Хабарҳо
ҶАҲОН ДАР ЯК САТР
АИР «Новости». «Дар Россия беш аз 1 миллион нафар бо ваксинаи зиддикоронавирусии «Спутник V» эм карда шуд», - иттилоъ дод директори маркази Гамалей Александр Гинсбург.
ТАСС. Корхонаи «Yinyuan Pharmaceutical Technology»- ширкати BGI Genomics экспресс-тесте ихтироъ намуд, ки дар як соат штамми британии COVID-19 - ро муайян месозад.
«Интерфакс». «Дар сурати дар сенат ҷойи зиёд ба даст овардани демократҳо, ҳар шаҳрванди мамлакат чун ёрӣ дар шароити пандемияи COVID-19 ду ҳазор доллар мегирад», - изҳор дошт Президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден.
INTERFAX.RU. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев пойтахти қадимаи Қариябоғ - шаҳри Шушаро пойтахти фарҳангии кишвар эълон кард.
A Bamaco. Дар қисми марказии Мали дар натиҷаи зарбаи ҳавоии тайёраи номаълум 20 иштирокчии ҷашни арӯсӣ ҳалок гашт.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 190