Хабарҳо
ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...
Дар пайравӣ ба ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар арафаи соли нави милодӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба тарбиятгирандагони муассисаи давлатии таълимии мактаб - интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим хони идона ороста, раиси вилоят
Қурбон Ҳакимзода ба ҳар хонанда либоси гарм ва ширинӣ супурд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар арафаи ҷашну идҳо барои дастгирию ёрии саривақтии табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимону маъюбон ва ашхоси ба онҳо монанд, тадбирҳо андешида, дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид мекунанд, ки парастору пуштупаноҳи ҳар як ятим давлат аст ва ҳеҷ гоҳ онҳо дар нимароҳ нахоҳанд монд, - изҳор дошт раиси вилоят. Тибқи иттилои мақомот айни замон дар муассиса 221 хонанда аз 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 58 нафари онҳо духтар аст. Аз шумораи хонандагон 9 ятими кулл, 130 нимятим ва 82 бепарастор (падару модар дар маҳбас ё модари танҳо ва ё гирифтори бемории рӯҳӣ ва дигар бемориҳо) мебошанд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 206