Хабарҳо
СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи нигаҳдории тандурустии вилояти Суғд бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 459 иншооти соҳа ба нақша гирифта шудааст.
Дар ёздаҳ моҳи соли сипаришуда, сохтмон ва таъмиру азнавсозии 92 иншоот, аз ҷумла 7 беморхона, 20 бунгоҳи саломатӣ, 24 маркази саломатӣ, 4 таваллудхона, 10 нуқтаи хатнаи кӯдакон ва 27 дорухона ба итмом расида, дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Дар вилоят 936 муассисаи тандурустии давлатӣ, аз ҷумла 132 муассисаи сохтори госпиталӣ, 649 муассисаи сохтори КАТС, 155 муассисаи махсусгардондашуда ва 253 муассисаи тиббии хусусӣ фаъолият дошта, дар таъмини саломатии аҳолӣ нақши шоиста доранд.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар доданд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 230