logo

Хабарҳо

ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

Дирӯз бо иштироки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар  доираи татбиқи лоиҳаи  «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» ба кишоварзони ноҳияҳои Деваштич ва Шаҳристон  нуҳ трактори тамғаи МТЗ ва ҳашт комбайн тақдим гардид.
Раҷаббой Аҳмадзода зимни супурдани  техникаҳои кишоварзӣ таъкид кард, ки  мувофиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, барои таъмини кишоварзон бо техникаҳои зарурӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешаванд. Техникаҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладарав ва мошинолот, ки имрӯз ба кишоварзон тақдим шуданд, ба рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳанд кард.
Боиси ёдоварист, ки созишномаи молиявӣ оид ба лоиҳаи «Дастгирии соҳаи кишоварзӣ дар заминаи ҷомеа» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ ба имзо расида, дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Деваштич, Шаҳристон, Дӯстӣ, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷайҳун амалӣ мешавад.


МУЛОҚОТИ ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛӢ БО СОКИНОНИ ДАНҒАРА
- Имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат Тоҷикистон марҳила ба марҳила тараққӣ карда, сатҳи зиндагии мардум беш аз пеш беҳтар мешавад. Аввали соли 2020 бар асари хуруҷи бемории сироятии COVID- 19 дар аксари кишварҳои ҷаҳон як қатор мушкилот ба  вуҷуд омаданд. Аммо таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои сари вақт андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон доданд, ки паҳншавии босуръати ин беморӣ пешгирӣ шуда, гирифторони он ба таври фаврӣ табобат карда шаванд.
Ин матлабро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Лутфия Абдухолиқзода дар вохӯрӣ бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара доир шуд, баён дошт.
Мавсуф, ҳамчунин, оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Сарвари давлат  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул намудааст, сарфаи неруи барқ, пардохти саривақтии маблағҳои истифодаи он, истифодаи лампаҳои каммасраф барои захираи неруи барқ, гирифтани 2 – 3 ҳосил аз қитъаи замини наздиҳавлигӣ, рушди неруи зеҳнии наврасону ҷавонон ва дигар масоили мубрам сухан гуфт.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара Нуралӣ Шоҳиён  аз дастгириҳои рӯзафзуни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ намуда, иброз дошт, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо мо бояд баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат ҷидду ҷаҳд намоем ва бо пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ ва меҳнатдӯстию худшиносии миллӣ тарбия намоем.
Хотиррасон мешавем, ки мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 1 то 9 январ мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон сурат мегирад.


ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲО МАТРАҲ ШУДАНД
Дирӯз сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо роҳбари Агентии тиҷорати хориҷии Арабистони Саудӣ Абдурраҳмон ал-Ҳарбӣ мулоқот намуд.
Зимни  вохӯрӣ масъалаҳои густариш ва  тақвияти  ҳамкориҳои  иқтисодию  тиҷоратӣ  ва  сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ  мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо аҳамияти мубодилаи сафарҳои роҳбарони ниҳодҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва баргузории форумҳои иқтисодӣ бо иштироки намояндагони бахши хусусиро таъкид карданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 740
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед