logo

иҷтимоиёт

ШЕРАЛӢ КАБИР: «ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ КИШВАРИ МОРО ДАР БОЗОРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ РАҚОБАТПАЗИР МЕКУНАНД»

- Ҳукумату муассисаҳои таълимӣ ва сохтори хусусӣ дар Авруосиё оид ба имкониятҳои технологияҳои нав, минҷумла блокчейн, барои рушд ва идоракунии босамар бояд андеша намоянд, - иброз доштанд иштирокдорони мусоҳибаи виртуалӣ, ки бо ибтикори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва маркази стратегии StrategEast сурат гирифт.
«Технологияҳои нав, аз ҷумла блокчейн, ояндаи кишвари мо ҳастанд», - гуфт Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни оғози мусоҳиба ва афзуд. - Ба ин масъала Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи хосса доранд. Мо мехоҳем, ки ҷавонон на танҳо технологияҳои навро ихтироъ намоянд, балки ба дигаргун кардани сохтори иқтисодиёти Тоҷикистон таъсир расонда, барои муаррифӣ намудани кишвари мо ба ҷаҳониён шароит муҳайё созанд». Ӯ, аз ҷумла, имкониятҳо, сохтори аз ҷиҳати экологӣ тозаи энергетикии кишвар ва мавҷудияти шароити мусоид барои рушди технологияҳои блокчейнро ёдовар шуд.
Технологияи блокчейн, асосан, ҳамчун «феҳристи рақамӣ» муаррифӣ мегардад, ки дар он маълумот оид ба муомилаи байни тарафҳо дар махзанҳои кушоду шаффоф ва муштарак нигоҳ дошта мешавад, ки дар онҳо тағйир додан ё пок кардани маълумот ғайриимкон аст. Валерий Вавилов, асосгузор ва директори ширкати блокчейнии «Bitfury Group», ки дар ин соҳа дар ҷаҳон пешсаф аст, иброз намуд, ки технологияҳои блокчейн, махсусан ба соҳаҳои хариди давлатӣ, феҳристи ҳуқуқи моликияти замин, овоздиҳии электронӣ, пешниҳоди грантҳо ва феҳристи моликияти корпоративӣ, таъсири назаррас мерасонанд.
Дар рафти мусоҳиба иштирокдорон ба мавзӯъҳои муҳим, аз қабили бехатарии маҳсулоти блокчейн, муҳофизати маълумот, овоздиҳӣ ва таъсири мошинҳо ба рафтор ва муомилаи мутақобилаи одамон таваҷҷуҳ намуда, андешаҳои худро дар ин маврид баён намуданд.
Васил Задворний, директори генералии ширкати давлатии ProZorro дар Украина, зарурати баланд бурдани сатҳи боварӣ байни давлат ва шаҳрвандонро тазаккур дод. «Ҷараёни хариди давлатӣ барои шаҳрвандони давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, асосан, ба пешгирии ду амал – бюрократия ва коррупсия алоқаманд мебошад». Лоиҳаи мутлақан виртуалии хариди давлатии ProZorro имкон фароҳам овард, ки масъалаҳои мазкур дар Украина ҳалли худро ёбанд ва, ҳамчунин, давлат 2,8 миллиард долларро дар 3,2 миллион тендер сарфа намуд.
Дар посух ба савол оид ба муносибати ҳукуматҳо ба технологияҳои блокчейн Валерий Вавилов зикр намуд, ки онҳо бояд марказҳои байналмилалиро барои коркарди стандартҳо дар соҳаи блокчейн ташкил намоянд. Лекин ин маънои идоракунии блокчейнро надорад, зеро блокчейн худ идоракунӣ мебошад.
«Блокчейн – ин танҳо ибтидо аст», - гуфт Миша Ханин, директори генералӣ ва яке аз муассисони Deep Dive Technology. Ӯ ёдовар шуд, ки мо наметавонем блокчейнро танзим, лекин маҳсулоти он, масалан, дар соҳаи молия ва коркардро бояд танзим намоем.
Энтони Клайкован, директори техникии Serba Dinamik Holdings Berhad иброз намуд, ки блокчейн ин технологияи боэътимод барои таъмини махфияти маълумот мебошад ва ҳамчун намуна сабтҳои тиббӣ ва дигар маълумоти шахсиро пеш овард. «Бо технологияи блокчейн шаҳрванд метавонад худаш оид ба касе додан ё надодани дастрасӣ ба маълумоти мазкур қарор қабул намояд. Гарчанде шаҳрванд метавонад маълумотро ба давлат бифиристад, аммо калид ҳамеша дар дасти худаш қарор хоҳад дошт».
Профессор, доктор С. Сохаил, Х. Нақвӣ, ректори Дониш-гоҳи Осиёи Марказӣ ва Анатолий Моткин, президенти Маркази иқтисодиёти нав StrategEast аҳамияти маълумоти муосир ва ҷавобгар ба давраи нави рақамиро таъкид намуданд. Ба гуфтаи онҳо, донишҷӯёни имрӯзаи донишгоҳҳоро лозим меояд, ки рақамикунонии Авруосиёро дар оянда амалӣ намоянд.
Рисолати пажӯҳишгоҳи стратегии иқтисодиёти нав StrategEast – қувват додани арзишҳо вобаста ба волоияти ҳуқуқ ва ҳифзи моликияти хусусӣ дар кишварҳои Авруосиё ва Балтика тариқи гузариш аз иқтисодиёти истифодаи захираҳои табиӣ ба иқтисоди илмасос мебошад. Самти асосии фаъолияти марказ ба 14 давлати пасошӯравӣ: Арманистон, Беларус, Эстония, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Литва, Молдова, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина ва Ӯзбекистон равона гардидааст. StrategEast дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сабт гардида, ҳамчунин, дар Украина ва Гурҷистон дафтарҳои минтақавӣ дорад. Дар ин бора Сайфиддин Сафармамадов, мудири шуъбаи робита бо ҷомеаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ дод.

Раҳмони ГУЛЗОР,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2021    №: 4    Мутолиа карданд: 251
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед