logo

иқтисод

ХОВАЛИНГ ДАР МАСИРИ РУШД

Дар партави сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар Ховалинг низ симои зоҳирии хешро ба куллӣ тағйир дода, ба як гӯшаи ободу зебо табдил ёфтааст. Дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корҳои ободонию созандагӣ дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон рӯз ба рӯз вусъати тоза касб мекунанд.
Раиси ноҳияи Ховалинг Маҷиди Муҳтадӣ Хайрулло дар ин хусус ба хабарнигори «Ҷумҳурият» чунин иттилоъ дод:
- Тибқи нақша – чорабиниҳо бунёду таъмири 330 иншооти таъйиноташон гуногун дар назар аст. То имрӯз бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат тавассути корҳои ободонию созандагӣ садҳо иншооти наву замонавӣ, аз қабили боғи фарҳангӣ -фароғатӣ, бунёди майдони Парчам ва Нишони давлатӣ, толорҳои варзиш, марказҳои савдову хизматрасонӣ, маишӣ, гулгашти ҷавонон, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, меҳмонхонаҳои замонавӣ барои сайёҳони дохилию хориҷӣ, коргоҳҳои дӯзандагию саноатӣ, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ, осорхона, терминали мусофиркашонӣ, пулҳои мошингузар, таъмиру мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки ба ҳусни шаҳраку деҳоти ноҳия симои наву тоза бахшиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон, 25 сентябри соли 2020 ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварда, пули нави байни деҳаи Панҷариёни деҳоти Ғаффор Мирзо ва деҳаи Синҷии деҳоти Чилдухтарони ноҳияи Муъминободро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин пул дар болои дарёи Ёхсӯ сохта шуда, 80 метр дарозӣ ва 6 метр паҳноӣ дорад. Иқтидори борбардориаш 40 тоннаро ташкил медиҳад. Иншооти нав дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст Фатҳулло Қаҳҳоров ва Ҷумъахон Қосимов бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд гардид. Қобили зикр аст, ки роҳбарияти олии мамлакат аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, масъалаи таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишварро ҳадафи муҳимтарини фаъолияти худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи он пайваста тадбирҳои муҳимро амалӣ месозад. Мавриди истифода қарор гирифтани пули нав аз иқдомҳои муҳим буда, мушкили сокинони ин деҳаҳои ноҳияҳои Ховалингу Муъминободро дар самти рафтуомад рафъ намуда, барои интиқоли молу маҳсулот ва пешрафти соҳаи сайёҳӣ заминаи устуворро фароҳам овард. Тавре масъулон иброз доштанд, тавассути ин пул сокинону сайёҳон ва меҳмонон метавонанд ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Чилдухтарон дар кӯтоҳтарин муҳлат расанд. Ҳамчунин, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг, Пешвои миллат роҳи мошингарди 5 - километраи   Панҷариён – Шугнов ва Шугнов – Ховалингро, ки 15 километр мебошад, ба истифода доданд. Таҷдиду навсозии ин роҳҳо низ дар идомаи татбиқи ҳадафҳои созанда барои истиқболи сазовори Ҷашни 30 – солагии  Истиқлолияти давлатӣ ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иқдоми соҳибкорони ватанӣ ба маблағи зиёда аз 3 миллион сомонӣ амалӣ шуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби Сарвари давлат дар Ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳия бинои меҳмонхонаи «Манзара» мавриди истифода қарор гирифт. Инчунин, дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг, Пешвои миллат бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 – ро барои 1500 хонанда дар ду баст, корхонаи хурди истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва бандубасти гиёҳҳои шифобахши ҶДММ «Оби Ховалинг», маҷмааи варзиш, бинои қисми  мустақили 55 – уми ҳарбикунондашудаи хадамоти давлатии оташнишониро мавриди истифода қарор доданд. Умуман, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 44 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ барои 7700 ҷойи нишаст, сохта ба истифода дода шудаанд. Танҳо дар 3 соли охир 6 муассисаи нави таълимӣ бо 2300 ҷои нишаст роҳандозӣ гардид ва  ҳоло бунёди боз 5 муассисаи таълимии муосир идома дорад.

Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2021    №: 4    Мутолиа карданд: 551
17.08.2022


Як ҷаласаи муҳим дар Бадахшон

АМОНАТБОНК БО «ШИРКАТИ СОДИРОТИЮ СУҒУРТАВИИ «KAZAKHEXPORT» ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСОНД

ВАРЗИШ

16.08.2022


Конфронси вазирони нақлиёт дар Туркманистон

ВАРЗИШ

12.08.2022


ИҚДОМИ НАВБАТИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

11.08.2022


СОҲИБКОРОНИ КРАСНОЯРСК: "МЕВАҲОИ ТОҶИКИСТОН ЛАЗИЗТАРАНД!"

Вазирони мудофиаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қарордод имзо карданд

ШАҲРИНАВ. ТАТБИҚИ ДАСТУРҲОИ САРВАРИ ДАВЛАТ РУШДИ НОҲИЯРО ТАҚВИЯТ МЕБАХШАД

10.08.2022


Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Гурҷистон доир мегардад

09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед