logo

номаҳо

НУҚТАҲОИ РАДИОРО БАРҚАРОР КУНЕМ

Аҳолӣ имрӯз барои шунидани хабару гузоришҳо аз шабакаҳои телевизионӣ истифода мебаранд. Барои кори он ба миқдори зиёд қувваи барқ сарф мешавад.
Аз ин рӯ, системаи радиошунавонии симини маҳаллиро барқарор кардан аз фоида холӣ нест. Он воситаи боэътимоди расондани сиёсати давлат дар ҳолатҳои фавқулода (заминларза, обхезӣ, тӯфон, ҷанг) новобаста аз таъмини барқ, хабару иттилооти фаврӣ ба гӯшаҳои дурдасти ҷумҳурӣ  мебошад.
Дар фазои иттилоотӣ як зумра шабакаҳои радиошунавонии FM фаъолият мекунанд. Барои шунидани барномаҳои шабакаҳои FM бояд дастгоҳи махсус, ки қимати гарон дорад ё аз фурнитураи телефонии мобилӣ истифода намуд, на ҳамаи мардум ба фаҳми он меравад ва имконияти харидани онро дорад.
Ҳамаи шабакаҳои FM қувваи барқро аз хатҳои барқи дохилишаҳрӣ мегиранд. Дар ҳолати тасодуфан қатъ шудани қувваи барқ шабакаҳо аз кор мемонанд.
Шабакаҳои FM дар маркази шаҳрҳо ҷойгиранд. Бинобар кӯҳсор будани ҳудуди ҷумҳурӣ мавҷҳои FM ба ҳама ҷо намерасад, хусусан, аҳолии наздисарҳадӣ радиои давлати ҳамсояро гӯш мекунанд, аз ин лиҳоз онҳо аз сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон бехабар мемонанд.
Аҳолӣ барои шунидани хабару мусиқӣ, асосан, аз телевизиор истифода мебарад. Телевизиор дар як соат на кам аз 300 Ватт қувваи барқро мегирад. Агар як телевизиор дар як шабонарӯз 8 соат кор кунад 2,4 кВт., дар 30 рӯз 72 кВт., сарфи маблағи моҳона 72 х 0,2266 16,31 сомонӣ барои як телевизиор мешавад. Дар ҳолати насб намудани нуқтаҳои радио мо то 10 дарсади истифодаи барқро дар ҷумҳурӣ сарфа мекунем, иттилооткунонии аҳолӣ хуб, ҳам ба мардум ёрии иқтисодӣ мерасонем.
Радиои давлатӣ бо забони давлатӣ барномаҳои худро омода ва пахш мекунад. Дар ҳолати мунтазам шунидани чунин барномаҳо дар гуфтугузори мардуми шаҳру ноҳияҳо гуфторҳои шевагӣ аз байн мераванд, забони худро сайқал медиҳем, онро ҳифз менамоем.

Нуъмон ҲАСАНОВ, муҳандис, шаҳри Хуҷанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 07.01.2021    №: 4    Мутолиа карданд: 2288
23.09.2021


Муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Мавритания барқарор шуданд

ЛИГАИ ОЛӢ

Машқҳои «Миссияи сулҳи СҲШ - 2021» дар вилояти Оренбург

Ҷаҳон дар як сатр

21.09.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - “Тоҷикон” ба Хуҷанд расид

Навидҳои фарҳанг

17.09.2021


Токаев аз кишварҳои СААД хост, ки дар таҳкими марзи Тоҷикистон ёрӣ расонанд

Ҷаҳон дар як сатр

СЕ МЕДАЛ - ТУҲФАИ ҶАШНӢ

16.09.2021


Ҷаласаи муштараки ШВКХ, ШВМ ва ККША СААД

ПАҲЛАВОНИ ТОҶИК - СОҲИБИ ШОҲҶОИЗА

СОЗИШНОМАИ БМТ БО БОНКИ МАРКАЗИИ РОССИЯ

ТОҶИКОБОД. НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

ҶИУ-ҶИТСУ

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО НИКОЛ ПАШИНЯН

15.09.2021


Лоиҳаи Қонун «Дар бораи фаъолияти инжинирингӣ» баррасӣ гашт

ЛИГАИ ҚАҲРАМОНҲО

Рӯйдодҳои илмӣ

ХУҶАНД. БОЗ ЧАНД ИНШООТИ НАВИ ҶАШНӢ ДАР ХИЗМАТИ СОКИНОН

14.09.2021


Нахустин вохӯрии сарварони кишварҳои узви СҲШ ва СААД оид ба вазъи Афғонистон дар Душанбе

МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КОРШИНОСОНУ МУҲАҚҚИҚОНИ ДОХИЛУ ХОРИҶРО БА ҲАМ МЕОРАД

“МАРҲАБО БА 20-СОЛАГИИ СҲШ”

I БОЗИҲОИ КИШВАРҲОИ ИДМ

ЛАХШ. ИММУНИЗАТСИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

13.09.2021


Маҷаллаи «Diplomatisches Magazin» дастовардҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуд

Дар Афғонистон ҷанг бо «Толибон» дубора авҷ гирифт

Ҷаҳон дар як сатр

ГӮШТИИ МИЛЛӢ

«ФАРҲАНГИ ДОРО»-И ДОРО

«ЧОРСӮ» ДАР КӮЛОБ МАКТАБ СОХТ

СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ САМАРАИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ДАВЛАТИАНД

ТАНТАНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ ДАР МУРҒОБ

08.09.2021


Маҷлиси намояндагон Қонуни авфро қабул кард

Задухӯрдҳои шадид дар водии Панҷшери Афғонистон идома доранд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед