logo

Хабарҳо

ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

Ҷиҳати иҷрои барномаи давлатӣ - баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғара то 1 январи соли 2021 корҳои муайянеро ба сомон расонданд. Бино ба иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия Хуршед Нурализода, роҷеъ ба сарсабзу хуррамгардонӣ ва сабзазоркунӣ дар мавсими тирамоҳу зимистон дар гулгаштҳои шаҳраку деҳот, назди ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо то имрӯз зиёда аз 13 ҳазор бех ниҳоли сояафкан, ороишӣ ва ҳамешасабз, шинонда шуд.

Баҳри зебогардонии кӯчаҳои шаҳрак 40 ҳазору 991 гулу гулбуттаҳои гуногун, 19 ҳазор гули лола ва 5 ҳазор гули садбарг шинонданд. Тавре масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, соли гузашта аз хориҷи кишвар зиёда аз 290 бех дарахти зебои чинор оварда, дар маҳалу кӯчаҳои шаҳрак шинонданд, ки ба ҳусни кӯчаҳо зебоии тоза зам намуд. Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки то таҷлили Ҷашни Наврӯз бо иштироки васеи кормандони муассиса ва ташкилоту корхонаҳо зиёда аз 17 ҳазор бех дарахт, аз ҷумла 8 ҳазор сояафкан, 4 ҳазор ороишӣ, 6 ҳазор ҳамешасабз, ҳамзамон, 402 ҳазор гулу гулбуттаҳо ва гулҳои садбаргу лола шинонанд. Инчунин, бо мақсади беҳдошти муҳити  зист, афзун намудани захираҳои табиат, баланд бардоштани маърифати экологӣ кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист бо иштироки идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳия каналҳо ва ҳудуди шаҳраку маҳалҳоро аз партовҳо тоза намуданд.

Холназар КАСИРОВ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 716
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед