logo

иҷтимоиёт

"ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН". ИСЛОҲИ БАЪЗЕ КАМБУДИҲО БА МАНФИАТИ КОР ХОҲАД БУД

Холаҳмади МАҶИД, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

 

Боиси ифтихори ҳар шаҳрванди кишвар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи фарҳанг тамоми тадбирҳои заруриро меандешанд. Ташаббуси баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон– Ватани азизи ман» бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба ин гувоҳи равшан шуда метавонад. Фикр мекунам, дар ҳеҷ кишвар чунин таваҷҷуҳи махсус ва ҷудо кардани маблағи зиёд барои баргузории ин гуна озмунҳо, махсусан дар давроне, ки паҳншавии сартосарии коронавирус ҷаҳониёнро ба ташвиш овардааст, ба чашм  намерасад. Ин озмунро худи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарпарастӣ мекунанд ва шаффофияти баргузории онро махсус борҳо таъкид намудаанду менамоянду назорат мебаранд.
Ҳамин тавр, тамоми шароиту имкониятро ба хотири дар сатҳи баланд баргузор кардани озмун фароҳам овардаанду меоранд. Масъулияти иҷро бар дӯши масъулони он, яъне Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буд.
Албатта, дастовардҳо, тавре ки интизор мерафт, ба чашм расиданд. Махсусан, истеъдодҳои нави соҳаи санъат кашф гардиданд, барои рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбӣ заминаҳои бештар фароҳам оварда шуданд. Тарғиби он аз ҷониби шабакаҳои телевизиониву радиоӣ саривақтӣ ва фарогир буданд.
Ҳамчун мутахассиси соҳаи мусиқии касбӣ чанд пешниҳод менамоям ва, ҳамзамон, барои рафъи баъзе аз камбудиҳои ҷойдошта андешаҳоямро иброз медорам. Агар пазируфта ва амалӣ шаванд, дар соли равон ба сатҳу сифати озмуни мазкур бетаъсир намемонанд.
Нахуст, баъзе қисматҳои Низомномаи озмунро  равшантару фаҳмотару дурусттар намудан лозим аст, то иштирокчиёнро ба нофаҳмиҳову раҳгумзадагӣ набарад. Аз ҷумла, дар он оварда шудааст, ки ҳунармандони шинохтаи касбӣ ва ҳирфавӣ ҳуқуқи иштирок дар озмунро надоранд. Аммо пештар аз ин  акси ифодаи боло манзур мегардад. Яъне, композиторон, сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон, ки маънои касбӣ ва ҳирфавӣ буданашонро доранд, омадааст. Агар ба ҷойи онҳо ифодаҳои оҳангсозони мелодист, сарояндагону навозандагони худфаъол меомаданд, ба мақсад мувофиқтар мешуд.
Дар озмун иштирокчиён аз рӯи масали «худам шоҳу табъам вазир» баромад менамоянд, ки ин ба талабот ҷавобгӯ нест. Чӣ гуна мешавад? Ҳар чиро хоҳанд,  менавозанд ва месароянд.
Дигар паҳлуи  масъалаи мазкур он аст, ки зикр мегардад: дар озмун шахсони шинохтаи фарҳангу санъат бояд иштирок нанамоянд. Аммо акси ин ифода ба мушоҳида мерасад, яъне суруду оҳанги академӣ дар шакли нотавӣ пешниҳод карда мешавад. Ин сурудҳову оҳангҳоро киҳо эҷод мекунанд ва ба нота медароранд? Магар иҷрои ин талабот ба худфаъолон ва ҳам бигузор маълумоти олидорони касбӣ, даст дода метавонанд? Ҷавоби мусбатро пайдо кардан мумкин нест.
Дар ҳар як номинатсия бояд барнома аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва ё комиссияи озмунӣ мувофиқи синну сол, маҳорати иҷрокунандагӣ пешниҳод гардад. Масалан, барои иштирокчиёни аз 8 то 12 - сола сурудҳову оҳангҳои халқӣ ва сурудҳову оҳангҳои  эҷодкардаи оҳангсозони мелодист бояд пешниҳод гардад. Ҳамин тавр, иштирокчиёнро аз 12 - сола то 16 - сола ва аз 16 - сола то 40-сола зарур аст, ки ҷудо намоянд ва интихоби иҷрои сурудҳо мувофиқ ба он бошад. Чаро? Чунки дар даврони кӯдакӣ ва наврасӣ тағйирёбии овоз, лапиши садо ё худ мутатсия ба вуҷуд меояд.
Дар Низомнома синни иштирокчиёнро аз 8 то 40- солагӣ муқаррар кардаанд. Кӯдаки 8 - сола оё метавонад чун нафари 40-сола овоз дошта бошаду дар як сатҳ баробар бисарояд: «Ҷонона, биё!» ва ё нафари 40 - сола «Олуча гули бодом»-ро бисарояд.
Бе пешниҳоди барномаҳои махсус барои иштирокчиёни озмун ба дастоварду муваффақияти зарурӣ ноил гардидан мумкин нест. Бояд барои ин гурӯҳҳо барномаҳои махсус пешниҳод бигардад ва шартҳову талабот равшантару возеҳтар ифода бигарданд.
Масалан, барои иштирокчии аз 8 то 16 - сола 10-то суруд: 3-то халқӣ, 2-то классикӣ, боз дигар хел сурудҳои бачагона. Дар ин сурат онҳо ба ҳамдигар муқоиса гардида, дуруст баҳогузорӣ мешаванд.
Дар номинатсияи навозандагӣ. Ин тарзи талаботро дар ягон озмунҳои санъати мусиқӣ, дар ҳеҷ куҷо қабул надоранд. Ҳар сози мусиқӣ хусусиятҳои хоси худро дорад. Барномаи онҳоро дар алоҳидагӣ  бо талаботаш пешниҳод бояд кард. Масалан, аз номинатсияи рубобнавозон, ғижжакнавозон, чангнавозон, найнавозон то номинатсияҳои созҳои ғарбӣ. Яъне, созҳои мусиқӣ аз 100 - то зиёданд.
Дар ҳар озмуни мазкур интихоби 8 - 10 сози мусиқӣ барои иштирокчиён кофист. Барои комиссияи озмунӣ дар ин ҳол барнома мушаххас мегардад ва онҳо дар муқоиса дуруст баҳогузорӣ карда метавонанд. Пешакӣ худфаъолон асарҳоро тариқи аудио ва касбиён тариқи нота низ пешниҳод созанд, ба манфиати кор аст. Озмун агар барои худфаъолон аст, онҳо чӣ гуна асарро тариқи нотавӣ пешниҳод месозанд. Охир, онҳо касбӣ нестанд ва барои иҷрои талабот имкон надоранд.
Дар Низомнома ҷаҳонбиниву донишу фаҳмиши соҳавии иштирокчиён ба инобат гирифта нашудааст. Иштирокчӣ аз вазъи мусиқии кишвару ҷаҳон ва дастовардҳои он бояд бохабар бошад. Байни ҳакамону иштирокчиён агар саволу ҷавоб ва суҳбатҳои муфиду маълумотдиҳанда баргузор гарданд, озмунро ҷолибу пурманфиатбахштар месозад. Дар ин сурат, савияи фаҳмишу шинохти мусиқии тамошобину шунавандагони одӣ низ болотар меравад ва майлу рағбати онҳо ба ин соҳа бештар мешавад.
Сурудҳои бахшида ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, сулҳу субот, ваҳдат, якпорчагии Тоҷикистонро Вазорати фарҳанг ва комиссияи озмунӣ барои иштирокчиён бояд пешниҳод намоянд.
Пешниҳод гардидааст, ки композиторон 2 ё 3 асари худро ба озмун пешкаш созанд. Асарҳоеро, ки аз ягон шӯрои бадеӣ, аз ҷумла шӯроҳои бадеии Вазорати фарҳанг, филармония, шуъбаҳову раёсатҳои фарҳанги шаҳру ноҳия, гузаронда нашудааст, чӣ тавр ба озмун роҳ дода мешаванд. Ин асарҳо манзури миллионҳо тамошобини кишвар ва берун аз он мегардад. Сатҳи асар агар паст ва ё ҷавобгӯи талабот набошад, ба завқҳои онҳо, рӯҳу тавонашон таъсири манфии худро мегузоранд. Асарҳо бояд ҳатман аз ҷониби шӯроҳои бадеӣ барои иштирок дар озмун тавсия бишаванд.
Асарҳои мусиқии худфаъолон низ бояд ба ин гуна талабот ҷавобгӯ бошанд. Асарҳои суст ва каммазмун набояд ба озмун барои навохтану сароидан роҳ биёбанд.
Мусиқиҳо характери гуногун доранд. Оё метавон мусиқиҳои хатарнок, аз қабили тарғиби терроризм, одамбадбиниву зиддидавлатиро ба озмун роҳ дод? Не, албатта. На ҳар бинандаву шунаванда онҳоро шинохта метавонад. Аз ин рӯ, таъсири зарараш ҳатман ба аҳли ҷомеа мерасад. Агар қиёс шавад, шартҳо ва талаботи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бисёр фаҳмо ва ҳирфавист.
Албатта, бовар дорам, ки дар пайравӣ бо он ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар соли равон Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» шукӯҳи тоза меёбад. Дар ин маврид мо метавонем дилпурона бигӯем, ки аз иҷрои Амри Президенти кишвар дар сатҳи баланд баромада тавонистаем.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2021    №: 5    Мутолиа карданд: 267
19.01.2021


СҶТ-РО ДАСТРАСИИ НОБАРОБАРИ ДАВЛАТҲО БА ВАКСИНА САХТ НИГАРОН НАМУДААСТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ХАТЛОН. СОДИРОТИ БАРЗИЁДИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ

“САФЕДДАРА”. ЯТИМОНИ КУЛЛИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ БЕҲТАРИН МАВЗЕИ САЙЁҲӢ ДИДАН КАРДАНД

ТАҚДИМИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» БА СОКИНОНИ НОҲИЯИ ИШКОШИМ

ҲИСОР. ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ РӮ БА БЕҲБУДӢ ДОРАД

15.01.2021


ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020”

ҶАЛАСАИ СИТОДИ КОРӢ ОИД БА ТАҶЛИЛИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ШУД

МАОРИФ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

ТОҶИКИСТОН. БОЗ ЯК ШИРКАТ БА БОЗОРИ САЙЁҲӢ ВОРИД ГАРДИД

РӮЙДОДҲОИ ИЛМӢ

12.01.2021


 ҶДММ «ММК АГРО» МАЙДОНИ ГАРМХОНАИ ИННОВАТСИОНИРО МЕАФЗОЯД

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН

 ШАҲРИ ГУЛИСТОН: АВҶИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

 ТАФСИЛОТИ ЯК ҶИНОЯТ. Ё ЧАРО «ҚОЗӢ»-И АВФШУДА ПАСИ ПАНҶАРА РАФТ?

 ТАЪСИСИ КОРХОНАИ НОДИРИ ИЛМИВУ ИСТЕҲСОЛӢ

 ТАЪМИНИ МАРКАЗҲОИ ИЛМӢ ВА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ БО РЕАКТИВҲОИ КИМИЁӢ

 ПЕШНИҲОДИ БОСТОНШИНОСОН БА ЮНЕСКО

08.01.2021


ВОХӮРИИ МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА БО СОКИНОНИ НОҲИЯИ САНГВОР

ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ «МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН – 2020» ОҒОЗ ГАРДИД

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГӢ

МИЁНИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН БОЗ ЯК БУНГОҲИ НАЗОРАТӢ КУШОДА ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

БМТ АЗ ИҚДОМИ НАҶИБИ САРВАРИ ДАВЛАТ ҶОНИБДОРӢ КАРД

07.01.2021


ДАНҒАРА. ВУСЪАТИ КОРҲОИ НИҲОЛШИНОНӢ

ВАРЗИШ

САТҲИ ҶАҲОНИИ ФАҚР БОРИ АВВАЛ ДАР 22 СОЛИ ОХИР БОЛО РАФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

РУЙДОДҲОИ ИЛМӢ

06.01.2021


ТАҚДИМИ ТЕХНИКА БА КИШОВАРЗОНИ НОҲИЯҲОИ ДЕВАШТИЧ ВА ШАҲРИСТОН

СУҒД. 92 ИНШООТИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

ПУТИН ВА МЕРКЕЛ МАСЪАЛАИ ИСТЕҲСОЛИ ВАКСИНАИ ЗИДДИ COVID-19 - РО БАРРАСӢ КАРДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед