logo

иқтисод

НОҲИЯИ АЙНӢ. РАИСИ ВИЛОЯТ БО ҶАРАЁНИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ШИНОС ШУД

Чанде қабл раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Айнӣ сафар карда, бо рафти корҳои ободониву созандагӣ шинос гардид.

Музаффар Юнусов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят, дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият», гуфт, ки зимни сафар ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар ноҳия ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду баистифодадиҳии 499 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 414 - тоаш мавриди истифода қарор гирифтааст.
Раиси вилоят аснои сафар рафти корҳои сохтмониро дар як қатор иншоот, аз ҷумла мактаб - интернати деҳоти Анзоб мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Бинои мактаб - интернат сеошёна буда, дар он барои таълиму тарбияи 220 тарбиятгиранда шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар баробари синфхонаҳои таълимӣ, дар бинои нав, ҳамзамон, коргоҳҳои дӯзандагиву дуредгарӣ ва синфхонаи компютерӣ ташкил мегарданд.
Дар деҳоти Анзоб, инчунин, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 22, ки ба таъмир ниёз дорад, навсозӣ гардида, барои хонандагон толори варзишӣ низ бунёд хоҳад шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода, бо ёдоварӣ аз таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас ба роҳбарияти ноҳия ҷиҳати бо сифати баланд бунёд намудани иншооти ҷашнӣ супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки омӯзгорон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, бояд насли худогоҳу донишмандро тарбия карда, ба ин васила, саҳми худро дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ гузоранд.
Сипас, раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар майдони Нишон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошно шуд. Майдони Нишон ва Парчами давлатӣ дар маркази ноҳия бунёд гардида, гирду атрофи он бо тарҳи хоса ороиш ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон шароити зарурӣ фароҳам меорад. Тибқи лоиҳа, Нишони давлатӣ дар пояи баландиаш 22 метр гузошта шуда, сутунпояи Парчами давлатӣ 50 метр аст.
Дар охир, раиси вилоят барои иҷрои босифати корҳо, гулзор намудани саҳну атрофи майдон ва тақвияти корҳои ободонӣ ба масъулин супориш дод.

Кароматулло АТО,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2021    №: 5    Мутолиа карданд: 535
09.08.2022


ИФТИТОҲИ КОНСУЛГАРИИ ФАХРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БАТУМИ

ВАРЗИШ

08.08.2022


“Пешвои миллат ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол”

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАРЗИШ

05.08.2022


Тоҷикистон ҷонибдори тамомияти арзии Чин мебошад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОШКЕНТ. ЯК АНҶУМАНИ МУҲИМ

04.08.2022


Ба зарурати таҳкими ҳамкориҳо таъкид шуд

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. БЕШ АЗ 10 ДАВЛАТИ ҶАҲОН ХОСТОРИ УЗВИЯТАНД

ВАРЗИШ

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ НАМОИШИ “ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ”

03.08.2022


Таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои арабии Халиҷ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН - САРЗАМИНИ ОБҲОИ ШИФОБАХШ

02.08.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ММТ. ИМКОНИЯТИ ДУБОРА БА ДОВТАЛАБОН

01.08.2022


Пули 760-метра сохта мешавад

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

«РОҒУН». ЧАРО БУЗУРГТАРИН СОХТМОНИ АСР ДАР ОСОРИ АҲЛИ ҚАЛАМ КАМ ИНЪИКОС МЕШАВАД?

МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ХОЛИҚЗОДА БО САФИРИ ҶОПОН ДАР ТОҶИКИСТОН

ВАРЗИШ

29.07.2022


НИШАСТИ МАТБУОТӢ

27.07.2022


Ҷаласаи вазирони кишоварзии СҲШ

Мулоқотҳои сатҳи ИДМ дар Нур-Султон дар шакли ҳузурӣ баргузор мегарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДА. ТАҲКИМИ ЗАРФИЯТҲО ДАР ПЕШГИРӢ ВА РАФЪИ ПАЙОМАДҲОИ ЭҲТИМОЛӢ

ОЛИМПИАДАИ ҶАҲОНӢ

НИШАСТИ МАТБУОТӢ

ВАНҶ. ОҚИБАТҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАНД

26.07.2022


146 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонда шуд

БОКС

СММ: “Ҷонибҳои созиши озуқаворӣ тарафдории худро ба ин тавофуқнома тасдиқ намуданд”

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед