logo

иҷтимоиёт

СУҒД. ОЗМОИШГОҲҲОИ МУОСИР ЭЪТИМОДИ МАРДУМРО МЕАФЗОЯНД

Имрӯз кишвари азизи мо дар ҳамаи самтҳои иқтисодӣ аз лиҳози рушд марҳила ба марҳила пеш рафта, бо мутобиқшавӣ ба шароиту талаботи низоми бозоргонӣ, ки ченаки асосии он  бо сифати маҳсулоту хизматрасонӣ чен карда мешавад, рӯз ба рӯз  қадамҳои устувор мегузорад. Мусаллам аст, кишваре аз лиҳози иқтисодӣ  пешрафтаву муваффақ хоҳад буд, агар дар он истеҳсол аз истеъмол афзоиш дошта бошад.  
Ин ҳадаф, ҳамзамон, дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 низ муайян шудааст ва дар ин ҷода истеҳсолкунандагони ватанӣ дар талошанд, ки ҷиҳати расидани комил ба  тавлидоти маҳсулоти рақобатпазиру бозоргир тадбирҳои мушаххасу муосирро роҳандозӣ намоянд.
Бо назардошти талаботи замони муосир ва татбиқи марҳилаи аввали ислоҳоти Стратегияи инфрасохтори сифат ва низоми танзими техникӣ аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди озмоишгоҳҳо қабул ва амалӣ гардид, ки мақсади асосии он мутобиқ намудани озмоишгоҳҳои “Тоҷикстандарт” ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ, таҷҳизондани озмоишгоҳҳо бо технологияи навтарин буда, дар ин замина, такмил додани тартибу корбурди ташхиси маҳсулот ва харҷи ками вақт барои он яке аз дастовардҳо дар ин самт мебошад.
Дар давоми 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд бо кумаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд озмоишгоҳҳои нав, аз ҷумла озмоишгоҳҳои маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ, нуриҳои минераливу бактериологӣ, ташхиси ГМО, санҷиши воситаҳои ченаки барқ, газ, об, лампаҳои барқии каммасраф, ташхиси пойафзол, маҳсулоти нафтӣ ташкил карда шуда, онҳо бо таҷҳизотҳои наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуданд.
Барои фаъолияти густурда, санҷиши саҳеҳу дақиқ ҳамаи озмоишгоҳҳои агентии мазкур ва зерсохторҳои он аз ҷониби ташкилотҳои байналхалқӣ ва Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайд гузашта дар фаъолияти аксарияти онҳо стандарти байналмилалии ИСО/МЭК 17025-2009 ҷорӣ гардидааст. Илова ба ин, дар озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хӯрокворӣ, кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва бактериологии маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд стандарти байналхалқии ИСО/МЭК 17025-2009 роҳандозӣ гардида, дар системаи аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ба мутобиқатии стандарти номбурда номнавис ва аз тарафи Маркази миллии аккредитатсияи Ҷумҳурии Қазоқистон ҳамчун озмоишгоҳи ваколатдор эътироф шудааст. Дар озмоишгоҳи мазкур 10 нафар ва дар озмоишгоҳҳои маҳсулоти хӯрока ва кишоварзии марказҳои ташхиси минтақавии шаҳрҳои Панҷакент 4, Истаравшан 2, Исфара 5 ва Конибодом 2 нафар мутахассиси дорои ихтисоси химия, биология ва муҳандис - технологи маҳсулоти хӯрока фаъолият мебарад.
Дар фаъолияти озмоишгоҳҳо,  қабл аз ҳама, таваҷҷуҳ ба дараҷаи касбияти мутахассисон равона шуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили ихтисос мутахассисон ба семинарҳо ва курсҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд. Давоми соли охир мутахассисони озмоишгоҳҳо дар семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Сифат ва бехатарии асали табиӣ ва зардолу», «Талаботи умумӣ ба озмоишгоҳҳои санҷишӣ ва калибровкакунонӣ» ва курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ иштирок намуда, соҳиби сертификат гардиданд.   
Бо дастгирии роҳбарияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми чанд соли охир озмоишгоҳи маркази “Тоҷикстандарт” дар вилояти Суғд бо таҷҳизотҳои наву муосир, ба монанди анализатори волтамперометрӣ «ТА-2», барои муайян намудани металлҳои заҳрнок, спектрофотометр «Spekol 1300», тинтометр «WSL 2» барои ташхиси рангнокии равғани пахта, спектрометрии атомӣ-абсорбсионӣ «ICE 3000», барои муайян намудани маҳсулоти фортификатсияшуда, амплификатор «DTlite 5», барои муайян намудани маҳсулоти ОГТ (ГМО) дошта, печҳои муфеливу хушккунӣ, анализатори волтамперометрӣ «ТА Лаб» барои муайян намудани элементҳои заҳрнок ва анализатори «Пан As» барои муайян намудани арсен (марги муш) дар таркиби маҳсулоти хӯрока ва дигар таҷҳизотҳо ҷиҳозонда шудаанд.
Фаъолияти асосии озмоишгоҳҳо ин ташхиси дақиқу саҳеҳи маҳсулот мебошад ва айни замон ташхиси ҳама намуди маҳсулоти хӯрока ва кишоварзӣ аз рӯи санадҳои меъёрӣ - техникии амалкунанда ва регламентҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд. Ғайр аз ин, дар озмоишгоҳ нуриҳои минералӣ, ба монанди селитраи аммиакӣ, карбамид, суперфосфат, аммофос, нуриҳои комплексӣ, хлориди калий ва нитроаммофоска, содаи хӯрока, бозичаҳои бачагона ва сарпӯшҳои металлӣ барои зарфҳои шишагин ташхис мегарданд.
Натиҷаи дақиқкорӣ ва масъулиятшиносии мутахассисони озмоишгоҳҳо буд, ки солҳои охир даҳҳо тонна маҳсулоти ғизоӣ ғайристандартӣ дониста шуда, бо ин амал воридшавии маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаро ба бозори дохилӣ пешгирӣ намуданд.

Маҳмадӣ ДАВЛАТОВ,
директори маркази “Тоҷикстандарт”
дар вилояти Суғд,
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 08.01.2021    №: 5    Мутолиа карданд: 145
01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД

22.02.2021


ҶОМИ ФФТ – 2021. "ИСТИҚЛОЛ" МАРОТИБАИ ШАШУМ СОҲИБИ ҶОМИ ФФТ ШУД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

МИЗИ МУДАВВАР. БАРРАСИИ МАВЗӮИ КОРКАРДИ НАХИ ПАХТА ТО МАҲСУЛОТИ НИҲОӢ

ХАТЛОН. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ ОЯНДАСОЗ

19.02.2021


АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТИИ «ҲИЗБ УТ-ТАҲРИР» БА ДАСТ АФТОДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ДУШАНБЕ. ИҚДОМОТИ БЕСОБИҚАИ ШАҲРДОРӢ ДАР ТАҲКИМИ ҲАВАСМАНДИИ ҶАВОНОН БА АРТИШ

«САНЪАТШИНОСӢ» ПАДИДАИ НАВ ДАР ҲУНАРШИНОСИИ ТОҶИК

ИММУНИЗАТСИЯ. БЕМОРИИ ФАЛАҶРО ПЕШГИРӢ МЕКУНЕМ!

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.02.2021


АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед