logo

Хабарҳо

ДУШАНБЕ. ОЗМУНИ МАЪРИФАТАФЗО ҶАМЪБАСТ ШУД

Пояи давлат нагардад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ рӯй бар мактаб биёр.
Дар ҳама давру замон сарчашмаи некбахтиву саодат китоб, илму маърифат буд ва боқӣ хоҳад монд. Ҳар касе рӯй бар ин ганҷ мениҳад, пайваста меомӯзад ва донишу малакаашро такмил дода, улуми касбкардаи хешро дар хидмати мардум мегузорад номаш то абад ба некӣ ёд мешавад. Ин аст, ки  тӯли  чандин асрҳо номи шоирони ширинкалому ҳақгӯ ба монанди Рӯдакию Сино, Саъдию Ҳофиз, Бедилу Ҷалолиддини Балхӣ ва дигарон дар қалбҳо ҷой гирифта, осори пурғановаташон роҳнамои оламиён гаштаанд.
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 16 апрели соли  2020, № 265 бо ин  мақсад,  қарори худро «Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» дар шаҳри Душанбе» ба имзо расонд. Моҳи октябри соли 2020 дар даври ноҳиявии озмуни «Омӯзгори сол - 2020» аз 13 фан, аз ҷумла синфҳои ибтидоӣ, таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, технология (таълими меҳнат) дар ноҳияҳои Сино 263, Исмоили Сомонӣ 162, Шоҳмансур 253, Фирдавсӣ 175 нафар, дар маҷмӯъ, 853 омӯзгор иштирок карданд, Дар озмунҳои «Хонандаи сол-2020» аз чор ноҳияи пойтахт  90 хонанда ва «Мураббии сол - 2020» 55 мураббӣ ширкат варзиданд. Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявию амалӣ довталабони озмуни «Мураббии сол – 2020» аз ҷониби ҳакамони шаҳрӣ, мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии № 32-и ноҳияи Сино Неъматзода Шаҳло ғолиби даврии шаҳрӣ дониста шуд. Дар озмуни «Омӯзгори сол - 2020» пирӯзӣ насиби муаллими фанни химияи муассисаи таълимии давлатии литсейи № 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов гардид. Ғолиби озмуни «Хонандаи сол – 2020»  толибилми синфи 10 - и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 52,  ноҳияи Исмоили Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин бо ба даст овардани 81 имтиёз дониста шуд. Ғолибони озмунҳо барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд. 
-  Мақсади асосии баргузории чунин як озмун, қабл аз ҳама, дарёфти истеъдодҳо - омӯзгор, хонанда ва мураббияҳои навовару эҷодкор бо усули муосир дар соҳаи марбута мебошад. Инчунин, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари онҳо, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор яке аз ҳадафҳои муҳими озмун маҳсуб мегардад, - иброз дошт Фатҳуддин Солеҳов, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 660
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед