logo

Хабарҳо

 РАШТ: МУЛОҚОТИ  РАИСИ  МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН  БО  ИНТИХОБКУНАНДАГОН


Имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии мамлакат вохӯрии вакилон бо интихобкунандагон идома дорад. Дар ин радиф дар ноҳияҳои водии Рашт мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон  доир гардид.
Маҳмадтоир Зокирзода перомуни дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар машварати корӣ аз 15 декабри соли 2020 баён доштанд, ба таври муфассал ҳарф зада, арзи сипоси Сарвари давлатро ба мардуми кишвар ҷиҳати иштироки фаъолона дар маъракаҳои интихобот расонд. Муҳтавои қонуну қарорҳои қабулгардида, Муроҷиатномаи Сарвари давлат оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, риояи қоидаҳои зиддисӯхтор, худдорӣ аз истифодаи дастгоҳу таҷҳизоти барқии худсохт шарҳу тавзеҳ дода шуд. Инчунин, ӯ аз мулоқот бо намояндагони парлумонҳои кишварҳои ҳамсоя, бахусус Ӯзбекистону Афғонистон ёдовар гардид.
Зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон роҷеъ ба вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоот, таъмири манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон бо мақсади омодагиҳо ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Сокинони ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҳамовозии худро аз сиёсати созандаи  Ҳукумати ҷумҳурӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат изҳор намуданд. Ба вакил доир ба ҷудо намудани грантҳо барои бонувон, бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва сохтани муассисаҳои таълимӣ бинобар сол ба сол зиёд шудани шумораи хонандагон ва ҳалли як қатор мушкилоти навоҳии водии Рашт дархостҳо пешниҳод гардиданд. 
Маҳмадтоир Зокирзода ваъда дод, ки барои иҷрои дархостҳои мазкур  дар якҷоягӣ бо вазорату кумита ва ташкилотҳои марбута мусоидат менамояд.
Дилшод АМИРОВ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 615
30.07.2021


Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Баҳрайн машварат доир шуд

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

28.07.2021


Санаи сафари давлатии Пешвои миллат ба Туркманистон дақиқ шуд

ФУТЗАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Тамринҳои низомӣ дар марз бо Афғонистон бо иштироки 1,5 ҳазор нафар аз се кишвар

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ҚАЛЪАИ ЯМЧУН БАРҚАРОР МЕГАРДАД

27.07.2021


Бознашри мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон дар ВАО-и Ӯзбекистон

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ТОҶИКИСТОН. БЕШ АЗ 80 ДАРСАДИ РОҲБАРОНИ ШИРКАТҲОИ САЙЁҲӢ ҶАВОНОНАНД

Якчанд фармондеҳи "Толибон" дар Афғонистон боздошт шуданд

Варзиш

26.07.2021


МАРКАЗИ МАТБУОТИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ ХАБАР МЕДИҲАД

ХАТЛОН. ТАЪСИСИ 48 КОРХОНАВУ КОРГОҲ ДАР ШАШ МОҲ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ММТ. Натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ эълон гардид

Варзиш

AFP: “ИМА амалиётҳои ҳавоиро дар Афғонистон дар сурати ҳамлаҳои нави “Толибон” идома медиҳанд”

Ҷаҳон дар як сатр

ВМКБ. МАҶМӮИ МАҲСУЛОТИ МИНТАҚАВӢ БА 454,2 МИЛЛИОН СОМОНӢ РАСИД

23.07.2021


Ҳушдор аз эҳтимоли омадани селҳои пиряхӣ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

РАШТ. ҶАВОНМАРДОН БАРОИ ҲИФЗИ САРҲАД ОМОДААНД

ХАТЛОН. МАШҚҲОИ ОМОДАГИИ ҲАРБӢ БО МАҚСАДИ ДИФОЪ АЗ ВАТАН

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ ҲОЛИ ЗАРАРДИДАГОНИ ОФАТИ ТАБИӢ ДИДАН КАРД

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

21.07.2021


Туҳфаи Пешвои миллат - «Тоҷикон» ба сокинони ноҳияи Ашт

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

Сарвари СҶТ роҳи боздоштани пандемияи коронавирусро ошкор кард

Пирӯзии «Истиқлол» бар «Металлург»

Аз нишастҳои матбуотӣ

Нокомии музокироти Ҳукумати Афғонистон ва ҳаракати «Толибон»

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2021


Рушди сайёҳӣ дар шароити пандемияи COVID- 19 баррасӣ шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед